Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пол Раян: Куштори инсон дар хоки давлати дигар ғайри қобили таҳаммул аст. ВИДЕО


Пол Раян ба саволи хабарнигори Радиои Озодӣ посух медиҳад
Пол Раян ба саволи хабарнигори Радиои Озодӣ посух медиҳад

Як мақоми баландпояи амрикоӣ аз тасмими ихроҷи дипломатҳои рус аз қаламрави ИМА ва кишварҳои аврупоӣ ҳимоят кард ва гуфт, ки куштори инсонҳо дар қаламрави давлатҳои дигар ва бо истифода аз маводи заҳролудкунанда “ғайри қобили таҳаммул аст”.

Пол Раян, раиси Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА ин суханҳоро дар сӯҳбати ихтисосии видеоӣ бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага изҳор кард.

Хабарнигор Карл Шрек аз Пол Раян дар бораи дурустии тасмии ихроҷи дипломатҳои рус суол кард:

Пол Райан: "Куштори инсон дар хоки кишвари дигар ғайри қобили таҳаммул аст!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:22 0:00

Карл Шрек: Бо назардошти ин ки ҳанӯз таҳқиқи Бритониё дар заминаи заҳролудшавӣ анҷом нашудааст, фикр намекунед, ки шурӯи ихроҷи дипломатҳои русӣ як тасмими осемасарона аст?”

Пол Раян: На, ман чунин фикр намекунам. Ин иқдоми дуруст буд. Ин тасмим дар ҳамраъӣ бо муттафиқони мо дар Бритониё гирифта шудааст. Хеле хуб шуд, ки кишварҳои дигари аврупоӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Чех, ки мо ҳоло ин ҷо қарор дорем, чунин тасмим гирифтанд ва ин қарор комилан дуруст буд.

Карл Шрек: Солҳои 1990-ум дар Русия як куштор рух дод ва баъдан як донишманд эътироф кард, ки як маводи заҳролудкунандаро ба "бозори сиёҳ" ба фурӯш задааст. Ва ин мавод баъдан барои куштори як соҳибкор истифода шуд.

Пол Раян: Дар ҳодисаи мазкур далелҳо рӯшану возеҳ ҳастанд ва Бритониё инро хеле дуруст ба намоиш гузошт. Русия дар гузашта ҳам чунин кардааст. Мо бовар дорем, ки Русия ин дафъа ҳам ин корро кард. Чунин амалҳо қобили таҳаммул нестанд. Кишварҳои мутамаддин ингуна амал намекунанд. Посух комилан дуруст аст ва мо ҳам ба ин кор ба хотири намоиши ҳамраъйи бо шариконамон дар Бритониё даст задем. Ман шодам, ки дигар кишварҳои аврупоӣ ҳам ба ин кор ҳамроҳ шуданд.

Карл Шрек: Вале ин ба маънои тавсеаи ихтилофҳо аст ва Кремл гуфтааст, ки тадбирҳои ҷавобӣ рӯи даст мегирад.

Пол Раян: Тавсеаи ихтилофҳо аз ҷониби кӣ?

Карл Шрек: Тавсеаи ихтилофҳои дипломатӣ.

Пол Раян: Дуруст аст, ин тавсеаи ихтилофҳои дипломатӣ аст ва ба ҳамин хотир ҳам инро набояд таҳаммул кард. Кишварҳои маданӣ ҳеҷ гоҳ дар хоки як давлати дигар инсонҳоро бо маводи мадҳушу фалаҷкунанда намекушанд, тавре мо шоҳидаш шудем. Кишварҳо набояд чунин амал кунанд. Ба ҳамин хотир ҳам инро намешавад ҳамин тавр гузошт.

Бар асоси тасмими рӯзи 26 марти ИМА, дар рӯзҳои наздик қарор аст хоки ин кишварро 60 шаҳрванди Русия, ки аз онҳо “афсарони сохторҳои иктишофӣ” ном бурда мешавад, ихроҷ хоҳанд шуд. Илова ба ин, консулгарии Русия дар шаҳри Сиэттл баста мешавад. Аз ин пеш Бритониё эълон карда буд, ки 23 дипломати русро аз қаламраваш берун мекунад. Рӯзи 26 март инчунин Канада гуфт, ки чор дипломати русро берун карда аризаи сабтиноми се дипломати дигарро рад карадаст. 13 дипломат аз Украина, чордипломатӣ аз Олмон, Полша, Фаронса, седипломатлӣ аз Ҷумҳурии Чеху Литва, дудипломатӣ аз Испания, Ҳолланд, Дания, Итолиё, Албания, Австралия ва якдипломатӣ аз кишварҳои дигари аврупоӣ берун шуданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG