Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пашинян баъди пирӯзӣ: "Инқилоби иқтисодӣ дар пеш аст". ВИДЕО


Никол Пашинян
Никол Пашинян

Эътилофи зери раҳбарии иҷрокунандаи вазифаи нахуствазири Арманистон Никол Пашинян дар интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ дар он кишвар пирӯзии комил ба даст овард. Бар асоси натиҷаҳои ниҳоӣ, эътилофи “Иқдоми ман” дар интихоботи 9-уми декабр беш аз ҳафтод дар сади овозро соҳиб шудааст.

  • Комиссияи марказии интихобот рӯзи 10-уми декабр эълон кард, ки эътилофи “Иқдоми ман” бо касби 70,4 дарсади овоз барандаи интихобот шуд.
Барои баробарҳуқуқӣ ва зидди коррупсия овоз додем. Ин ду аз ҳар чизи дигар муҳимтар аст. Агар ин мушкилот рафъ шавад, ман қонеъ мешавам. Дигар чизҳо муҳим нест, на маош ва на чизи дигар.

“Ба як ҳадафи калидӣ даст ёфтем”

Худи Пашинян рӯзи 9-уми декабр гуфт: “Мо аллакай ба як ҳадафи калидии худ даст ёфтем ва ин ҳам интихоботи воқеан озод, шаффоф ва демократӣ аст. Ҳадафи мо – демократия аст ва мо аллакай ба ин ҳадаф даст ёфтем. Вале бузургтарин мақсади мо дар оянда ин тақвияти сохтории демократия дар Арманистон аст”.

Ҳоло Пашинян бо касби аксари раъйи тарафдорон барномаи мубориза бо фасод ва ислоҳот дар иқтисодро пеш мебарад. Интихобот нӯҳ моҳ баъди он баргузор шуд, ки садҳо ҳазор сокини Арманистон ба хиёбонҳо баромада, ба тағйири сулҳомези ҳукумат ва ислоҳоти демократӣ дар кишвар даъват карданд.

Кӣ соҳиби курсии порлумон шуд, кӣ бебаҳра монд?

Гагик Тсарукян
Гагик Тсарукян

Собиқ Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ дар интихоботи ахир 4,7 дарсади раъйҳоро ба даст овард ва аз ҳаққи ворид шудан ба порлумони иборат аз 101 курсӣ маҳрум шуд. Барои узвият дар маҷлис бурдани 5 дарсади раъйҳо зарур мебошад. Рақиби наздиктарини эътилофи “Иқдоми ман” - Ҳизби шукуфоии Арманистон аст, ки аз ҷониби соҳибкор Гагик Тсарукян раҳбарӣ мешавад ва он 8,3 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудааст. Баъди ин ҳизб бо 6,4 дарсади раъйҳо ҳизби муттафиқи Пашинян – “Арманистони рӯшан” қарор гирифт ва ҳизби собиқадори “Дашнаксутюн” танҳо 3,9 дар сади овозҳоро соҳиб шуд.

Пирӯзии Никол Пашинян дар интихоботи Арманистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Пашинян рӯзи 10-уми декабр овоздиҳии рӯзи гузаштаро ҳамчун “интихоботи шаффофу тоза” ситоиш кард ва дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, “шаҳрвандони кишвари мо барои аксарияти инқилобӣ овоз доданд ва ин корро онҳо дар як муҳити осоишта анҷом доданд”.

Комиссияи интихоботӣ гуфт, бар асоси натиҷаҳои муқаддамотӣ, дар интихобот 48,6 дарсад, яъне 12 дарсад камтар назар ба интихоботи апрели соли 2017 иштирок карданд.

“Мардумро бо автобус ба овоздиҳӣ меоварданд”

Дар як суханрониаш тавассути Фейсбук Пашинян сабаби ширкати шумори камтари овоздиҳандагонро ба он рабт дод, ки дар гузашта “мардумро бо автобусҳо барои овоздиҳӣ меоварданд” ва “аз механизме истифода мекарданд, ки барои ҳама маълум аст”. Пашинян гуфт, “чунин шева дигар ҳеҷ гоҳ ба кор намеравад”.

Интихоботе, ки дар он 2,6 миллион шаҳрванди қобили раъй ҳаққи иштирокро дошт, аз ҷониби нозирони САҲА назорат шуд. Урсула Гачек, як узви ҳайати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо гуфт, “мо дар бораи муҳити бисёр хоси интихоботӣ огоҳ ҳастем, вале бояд комилан бетараф ва мустақил бошем. Мо наметавонем нисбат ба кадом ҷонибе муҳаббат нишон диҳем. Мо дар ин ҷо ба хотири он омадем, ки мувофиқати интихоботро бо меъёрҳои байналмилалӣ ва ҳам қонунҳои интихоботии Арманистон назорат кунем. Шарҳу арзёбиҳои сиёсиро бигузор дигарон кунанд”.

“Ба тарафдорӣ аз тағйироти мусбат овоз додам”

Серж Саркисян
Серж Саркисян

Никол Пашинян баъди иштирок дар овоздиҳӣ аз номи худ ва тарафдоронаш гуфт, баъди интихобот “аз пайи рушди демократии Арманистон мешавем ва инқилоби иқтисодӣ дар пеш аст”.

Пашинян, ки ҳамчун журналист дар бораи фасод зиёд гузоришҳо навиштааст, оғози имсол бо даъвати мардум ба хиёбонҳо президент Серж Саркисянро аз қудрат барканор кард. Баъди ин худи Пашинян ба мақоми нахуствазир интихоб шуд. Моҳи октябр Пашинян гуфт, аз мақом канор меравад, то порлумон пароканда ва интихоботи зудрас даъват шавад.

Дар интихобот дар баробари эътилофи зери раҳбарии Пашинян даҳ ҳизби дигари сиёсӣ иштирок карданд.

Натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи Арманистон бо натиҷаҳои пурсиши афкори умум мувофиқат кард, ки дар таърихи 1 то 4-уми декабр дар миёни 1100 нафар аз ҷониби маркази Gallup анҷом шуд. Дар ин назархоҳӣ 69,4 дарсади пурсидашудаҳо гуфтанд, ки барои эътилофи “Иқдоми ман” овоз медиҳанд.

“Ба шарофати инқилоб мо билофосила як интихоботи озод барпо кардем”, - гуфт сокини 72-солаи Арманистон Парзик Аветисян ба хабаргузории Франс-Пресс. “Ман барои тағйироти мусбате, ки Пашинян ваъда кардааст, овоз додам”, - гуфт ӯ.

“Пашинян онҳоеро бад мебинад, ки бо андешаҳои ӯ розӣ нестанд”

Рузанна, як сокини Ереван гуфт, “мо барои баробарҳуқуқӣ ва зидди коррупсия овоз додем. Ин ду чиз аз ҳар чизи дигар муҳимтар аст. Агар ин мушкилот рафъ шавад, ман қонеъ мешавам. Дигар чизҳо муҳим нест, на маошу на чизи дигар. Фақат ҳамин ду чиз – коррупсия ва баробарҳуқуқӣ”.

Айни замон, бархе сокинони Арманистон андешаҳои эҳтиёткорона ҳам баён мекунанд. Саак Мхитаряни 37-сола гуфт, аз он нигарон аст, ки даъватҳои мубориза бо фасоде, ки аз забони Пашинян садо медиҳад, “бо эҷоди душман дар дохили кишвар” тамом нашавад. Ба гуфтааш, “Пашинян онҳоеро бад мебинад, ки бо андешаҳои ӯ розӣ нестанд”.

Пашинян, ки мегӯяд, дар андешаи эҷоди як ҳукумати озод аз фасод асту дар фикри пешрафти иқтисодии кишвар мебошад, гуфтааст, эҷоди равобити наздик бо Русия вам ҳам Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо аз ҳадафҳои ӯ дар мақоми раҳбари кишвар мебошад.

XS
SM
MD
LG