Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болтон: "Намехоҳем аз таҳримҳо алайҳи Русия ва Эрон дӯстонамон осеб бинанд"


Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико зимни мулоқот бо нахуствазири Арманистон Никола Пшинян.

Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Амрико пас аз боздидаш аз Маскав ва мулоқотҳояш бо мақомоти баландпояи Русия, ба Арманистон рафт. Ӯ дар Ереван бо нахуствазири Арманистон ва дигар мақомоти дигари ин кишвар мулоқоту гуфтугӯ намуд.

Ҷон Болтон дар сӯҳбати ихтисосӣ ба хабарнигори бахши армании Радиои Озодӣ дар Ереван, ба пурсишҳо оид ба масоили мухталиф посух дод. Оқои Болтон дар ин мусоҳиба гуфт, ки дар мулоқоташ бо Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон дар бораи мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла қазияи Қарабоғ ва масъалаҳои вобаста ба Русия, Эрон, Туркия ва Гурҷистон гуфтугӯ кардааст.

Ҷон Болтон ба масъалаи фурӯши силоҳҳо низ ишора кард ва гуфт, ҳукумати Амрико бинобар муноқиша байни Озарбойҷон ва Арманистон бо маҳдудиятҳое аз суи Конгресс дар бораи фурӯши аслиҳа рӯбарӯ ҳаст.

Вай дар ин мусоҳиба аз ҷумла гуфт, ки Вашингтон ба ҳалли сулҳомези қазияи Қарабоғ таъкид дорад ва дар ин раванд ба Озарбойҷон ва Арманистон кӯмак мекунад. Вай афзуд, ки дар мулоқот бо нахуствазир Пашинян ба таври ошкоро дар мавриди қазияи Қарабоғ ва мушкилиҳои иқтисодии ношӣ аз ин қазия барои Арманистон ва роҳҳои халосӣ аз он, сӯҳбат кардааст.

Мушовири амнияти миллии Амрико аз ҷумла гуфт, бо бозтар шудани фазои сиёсии Арманистон, сармоягузории амрикоӣ низ дар ин кишвар афзоиш хоҳад ёфт ва таъкид кард, ки ояндаи сармоягузории Амрико ба хусус аз сӯи бахши хусусӣ дар Арманистонро мусбат мебинад.

Мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Амрико дар қисмате аз ин мусоҳиба таъкид кард, ки барои ҳалли қазияи Қарабоғ беҳтар аст дар худи Арманистон таваҷҷуҳ шавад. Вай афзуд, "зеро вақте ин масъала ҳал шавад, марзи байни Арманистон ва Озарбойҷон боз мешавад. Марзи Туркия ҳам тақрибан мутмаинам, ки боз мешавад ва ба назарам марз бо Гурҷистон аз сабаби фишоре, ки русҳо ба он меоваранд, нигаронии камтаре эҷод хоҳад кард."

Ҷон Болтон зимни мусоҳиба бо бахши армании Радиои Озодӣ.
Ҷон Болтон зимни мусоҳиба бо бахши армании Радиои Озодӣ.

Дар ин мусоҳиба Ҳари Тамзариян, раиси бахши армании Радиои Озодӣ аз оқои Болтон пурсид, ки бинобар муноқишаи Қарабоғи Кӯҳӣ, ки боиси баста мондани марзҳои Озарбойҷон ва Туркия бо Арманистон шудааст ва таҳримҳои Амрико алайҳи Русия ва инки "Эрон, ки бузургтарин ҳамсояи мост, мавриди таҳримҳои Амрико қарор гирифтааст", чӣ интихобҳои барои Арманистон боқӣ мемонад?

Ҷон Болтон дар посух гуфт, "марзи Эрон як масъалаи муҳим хоҳад буд, чун ҳамон тавре, ки ба нахуствазири Арманистон ҳам гуфтам, мо мехоҳем фишорҳои иқтисодии бештар бар Эрон ворид кунем. Чун даст аз талош барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ накашидааст".

Вай дар идома гуфтааст, "ошкор аст, ки мо дар ин раванд намехоҳем ба дӯстонамон осеб бизанем. Дар натиҷа фикр мекунам, гуфтугӯҳо байни ҳукумати Амрико ва Арманистон дар ин бора ниҳоят муҳим хоҳад буд. Аммо ҳамон тавр, ки дар гуфтугӯ бо нахуствазир ҳам таъкид кардам, таҳримҳоро бо шиддати тамом иҷро хоҳем кард".

Болтон дар фурудгоҳи Ереван.
Болтон дар фурудгоҳи Ереван.

Серж Саркисян, раиси ҷумҳури пешини Арманистон, ки як сиёсатмадори наздик ба Русия буд, баҳори соли ҷорӣ дар пайи тазоҳуроти густурда дар Арманистон, истеъфо дод ва Никола Пашинян -- раҳбари мухолифон аз сӯи порлумони ин кишвар нахуствазири ҷадид интихоб шуд.

Пашинян пас аз интихобот ба унвони нахуствазир эълон кард, ки робита бо Русия ба вижа ҳамкории низомӣ бо ин кишвар, ҳамчунон барои Арманистон дар авлавият қарор дорад. Аммо айни замон ваъда дод, ки Арманистонро аз низоми олигархӣ раҳо намуда ва онро ба ҳолати оддӣ бармегардонад.

Ҷон Болтон дар мусоҳибаи рӯзи панҷшабеи худ бо Радиои Озодӣ ба масъалаи фурӯши силоҳҳо низ ишора кард ва гуфт, ҳукумати Амрико бинобар муноқиша байни Озарбойҷон ва Арманистон бо маҳдудиятҳое аз суи Конгресс дар бораи фурӯши аслиҳа рӯбарӯ ҳаст.

Аммо ба гуфтаи оқои Болтон, истисноҳо вуҷуд дорад ва ӯ ба нахуствазири Арманистон гуфтааст, ки агар масъала дар бораи хариди силоҳ аз Русия бошад ё аз Амрико, тарҷеҳ медиҳанд, ки аз Амрико бошад. "Ба ҳар ҳол, ба ин бовар ҳастем, ки силоҳи мо беҳтар аз Русия аст",-гуфтааст ҷаноби Болтон.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG