Раҳбарони Хадамоти иҷро, ниҳоди амалӣ кардани амру дастурҳои додгоҳ, рӯзи 5-уми август дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтанд, айни замон барои пайдо кардани бештар аз 400 нафар ба Вазорати корҳои дохилӣ мадад хостанд.
Ин афрод, ба гуфтаи мақомот, алименти фарзандонашро сари вақт намепардозанд ва ё маълум нест, куҷо ҳастанд.
Теъдоди ин гуна шахсон солҳои охир зиёд шудааст, чун талоқҳо ҳам афзудааст.
Танҳо дар соли 2023 бештар аз 10 ҳазор оила аз ҳам пошида, ҳудуди 11 ҳазор кӯдак нимаятим монданд.
Дар шаш моҳи соли 2024, бино ба омори расмӣ, бештар аз 410 ҷуфт аз ҳам ҷудо шудаанд.
Дар Тоҷикистон барои саркашӣ аз пардохти алимент ҷарима ё то се сол зиндон таъйин шудааст.