Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чароғи сабзи парлумони Туркия барои амалиёт дар Сурияву Ироқ


Парлумони Туркия ба нерӯҳои ҳарбии кишвараш иҷоза дод, дар хоки Сурия амалиёти низомӣ анҷом диҳанд. Ин дар ҳолест, ки шӯришиёни ДОИШ ба шаҳри Кубонӣ, дар марзи Сурия бо Туркия, наздик омадаанд.

Парлумони Туркия рӯзи панҷшанбе бо тасвиби тарҳе ба нерӯҳои ҳарбии ин кишвар иҷоза дод, дар хоки Сурия ва Ироқ амалиёти низомӣ анҷом диҳанд. Чароғи сабзи парлумон ба давлати Туркия ин ихтиёри қонуниро ҳам медиҳад, ки ба нерӯҳои хориҷӣ иҷоза диҳад, то аз хоку пойгоҳҳои ин кишвар барои амалиёти эҳтимолӣ алайҳи нерӯҳои гурӯҳи “Далвати Исломӣ” истифода кунанд. Ин тарҳ бо 298 раъйи мусбат ва 98 раъйи манфӣ тасвиб гардид.

Хабаргузории “Ассошиайтед Пресс” мегӯяд, тасвиби ин тарҳ дар ҳолест, ки шӯришиёни ифротии гурӯҳи “Далвати Исломӣ” ё ДОИШ-и собиқ ҳамлаҳои худ ба шаҳри курднишини Кубонӣ дар марзи Сурия бо Туркияро афзоиш додаанд. Ба қавли манбаъ, дар пайи ин ҳамлаҳо то кунун 160 ҳазор нафар аз сокинони Кубонӣ ба сӯи Туркия фирор кардаанд.

Туркия, ки артиши бузургу муосир дорад, узви НАТО аст, аммо ҳанӯз тасмим нагирифтааст, чӣ нақше дар эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико дар муқобила бо нерӯҳои “Давлати исломӣ”-ро бар уҳда хоҳад дошт. Парлумони Туркия қаблан муҷаввизи анҷоми амалиёти низомӣ дар Сурия ва Ироқ барои ҳамла ба ҷудоиталабони курд ва ҳар хатаре, ки аз тарафи давлати Башор Асад меояд, содир карда буд. Аммо тасвиби тарҳи нав ихтиёроти давлатро ба муқобила бо хатарҳое, ки аз тарафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” меоянд, афзоиш медиҳад.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар оғози соли равон аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии Ал-Қоида ҷудо шуда, дар байни ҳамагӣ чанд моҳ ба таври ногаҳонӣ қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ишғол кард.

Ин гурӯҳ, ки ибтидо “Давлати исломии Ироқу Шом” ном дошт, баъди пешрафтҳояш дар ин ду кишвар аз азмаш барои сохтани хилофати воҳиди исломӣ хабар дод ва раҳбараш Абӯбакри Бағдодиро ҳатто “халифа” эълон кард. Бино ба як харитае, ки расонаҳои ғарбӣ нашр кардаанд, “хилофат”-и “Давлати исломӣ” бояд то 5 соли оянда ба тамоми қаламрави давлатҳои мусалмоннишин – аз Испанияву Саҳрои Кабир то Қафқозу Осиёи Марказӣ ва Ҳинд – доман паҳн кунад. Дар ин харита тамоми Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Эрону Покистону Ҳинд дар як вилоят бо номи “Хуросон” тасвир шудаанд.

Бино ба ҳисобҳо, дар сафи нерӯҳои “Давлати исломӣ” то 15 000 ҷангии хориҷӣ меҷанганд. Рӯзи 24 сентябр Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо иттифоқи оро қатъномаеро тасвиб кард, ки аз ҳамаи кишварҳо ташдиди мубориза алайҳи “Давлати исломӣ”, аз ҷумла гирифтани пеши роҳи ҷалби шаҳрвандонашон ба танзимҳои “ҷиҳодӣ”-ро тақозо мекунад.

Дар Тоҷикистон дар моҳи майи соли равон бо иловаи як банд ба Кодекси ҷиноӣ муҷозот барои ҷалби афрод ба ҷангҳои бегона ва ширкат дар чунин ҷангҳоро шадид карданд. Аз ин ба баъд барои чунин аъмол дар Тоҷикистон метавонанд муттаҳамонро ба мӯҳлати аз 12 то 20 сол маҳкум ба зиндон кунанд.

Рӯзи ҷумъаи 25 сентяӣбри соли ҷорӣ масъалаи "Давлати исломӣ" дар Маскав дар нишасти дабирони Шӯроҳои амнияти кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил низ баррасӣ шудааст. Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия ва мизбони ин нишаст "Давлати исломӣ"-ро, ки аз 30 то 50 000 ҷангиро гирд овардааст, "як нерӯи ҷиддӣ" унвон кард, ки "дар ғайри сурати муқобилаи лозим метавонад низоми амният ва муносиботи байналмилалии ҷаҳони имрӯзро хароб кунад." Патрушев афзуд, ҷангиён аз кишварҳои паосшӯравӣ, ки дар сафи нирӯҳои ин гурӯҳ меҷанганд, дар сурати бозгашт ба зодгоҳҳо худ ба як хатари ҷиддӣ табдил меёбанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ду ҳафта пештар дар ҷаласаи солонаи ҳизби ҳокими халқӣ-демократиаш гуфт, дар Сурия ва ғолибан дар сафи нирӯҳои “Давлати исломӣ” то 190 шаҳрванди тоҷик низ меҷанганд ва то имрӯз 30 ҷангии тоҷик дар Сурия кушта шудаанд.

Дар моҳи декабри соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон 5 донишҷӯи собиқи Донишгоҳи байналмилалии Димишқро бо ҷурми ширкат дар ошӯбҳои зидди режими Башор Асад дусолӣ ҳукми зиндон дод. Рӯзи 19 сентябр додгоҳи вилояти Хатлон се тан аз ҳамроҳони зиндонии Давлат Чоловро барои ҷалби маҳбусон аз дохили зиндон ба ҷанги Сурия айбдор карда, ба ҳукми қаблиашон дусолии дигар изофа намуд. Қаблан Абдураҳмон Қодиров, Савриддин Ҷӯраев ва Азаматҷон Хоҷамқулов, мутаносибан ба 17, 19 ва 26 соли зиндон маҳкум шудаанд. Аммо эълони ҳукми мӯҳраи асосӣ дар ин шабакаи - Давлат Чолов, бародари фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ дар минтақаи Кӯлоб Қурбонов Чолов, ва як шарики дигараш бо номи Абдураҳим Шукуров ба далели аз Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон шарҳ хостани додрас ба таъхир афтодааст.

Мақомоти умури дохилаи Исфара дар миёнаҳои моҳи сентябр як зани сокини ин ноҳияро бо 3 кӯдаки хурдсолаш аз роҳи сафар ба Сурия баргардондаанд. Гуфта мешавад, ки Насиба Фаттоева, сокини деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Шаҳраки ноҳияи Исфара мехост ба назди шавҳараш - Абдуфаттоҳ Фаттоев, ки дар Сурия меҷангидааст, биравад., вале ӯро ҳангоми хориҷ шудан аз қаламрави Тоҷикистон, дар як гузаргоҳи марзии байни Исфараву Бодканд пас гардондаанд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, танҳо аз рустои Исфара дар Сурия 17 нафар қарор доштаанд ва бархе аз ин ҷо ҳатто бо зану фарзандонашон ба он кишвар ба “ҷиҳод” рафтаанд.

XS
SM
MD
LG