Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруд ба чанд боғи фароғатии Душанберо пулакӣ кардаанд


Боғи ба номи Садриддин Айнӣ бабаҳори соли 2018 баъд

Чанде аз сокинони Душанбе шикоят карданд, ки вуруд ба баъзе аз боғҳои фароғатӣ ва маҳалли бозии кӯдакон пулакӣ шудааст.

Барои мисол, ҳар нафар барои ворид шудан ба боғи ба номи Садриддин Айнӣ бояд ду сомонӣ бидиҳад. Нархи ҷойи бозии кӯдакон дар ин боғ ба маротиб бештар аст. Мақомот мегӯянд, нархномро Хадамоти зиддиинҳисорӣ тасдиқ кардааст ва пули ҷамъшуда барои таъмири боғ сарф мешавад.

Акмал Акбарзода, сокини шаҳри Душанберо шоми 16-уми август дар боғи ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрдем. Вай гуфт: «Ҳар як падару модар мекӯшанд, фарзанди худро ба чунин ҷой биёранд, аммо баъзеҳо шароит надоранд. Аз ин сабаб ба ин ҷо одамон кам меоянд.»

Саодат, сокини дигари Душанбе гуфт, ҳамроҳи се фарзандаш барои истифода аз «аттраксион»-ҳои “Дунёи Афсона” (дар дохили боғи ба номи Садриддин Айнӣ) 30 сомонӣ дод, ки «пули кам нест».

Мудири боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Амруллоҳ Боқиев ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз таъмир ва азнавсозии боғ, “Дунёи Афсона” аз сӯи соҳибкоре ташкил шуда, барои як мӯҳлати муайян ҳудуди боғро ба иҷора гирифтаанд. Масъулони “Дунёи Афсона” нахостанд, дар бораи хадамот ва нархномаҳо сӯҳбат кунанд. Дар ин боғ, нисфирӯзии 15-уми август одам кам буд. Раҳбарияти боғ гуфтанд, чун ҳаво гарм аст, мардум одатан бегоҳӣ сокинон меоянд.

Бе пардохти маблағи воридшавӣ ба боғ, истифода аз «аттраксион»-ҳо имкон надорад. Нархи истифода аз «аттраксион»-ҳо вобаста ба вақт ва навъи хидматрасонӣ пешбинӣ шудааст. Масалан, дар боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои як бор давр задан бо “картинг” 15 сомонӣ барои як одам нархгузорӣ шудааст.

Дар ин боғ барои истифода аз «аттраксион»-ҳои дигар, ба монанди «чанголаки энергетикӣ» - 8 сомонӣ, “чархофалаки занҷирӣ” – 5 сомонӣ, “қатори барқӣ” – 3 сомонӣ сари ҳар нафаре пешбинӣ шуда, мӯҳлати ҳаракаташон аз 2,5 то 3-5 дақиқа гуфта мешавад.

Чунин навъи хидматрасониҳо дар маҷмааи “Симурғ”, дар ҳудуди боғи Фирдавсӣ ҷойгир буда, хоҳишмандон қабл аз ворид шудан ба он, дар назди даромадгоҳ ба маблағи 6 сомонӣ корт мегиранд. Бархе аз муштариёни “Симурғ” мегӯянд, 40-50 cомонӣ дар корти дастраснамудаашон мегузаронанд, лекин баъди як муддати кӯтоҳи фароғати кӯдаконашон дар аттраксионҳо, маблағ тамом мешавад.

Як корманди “Симурғ” гуфт, ҳар муштарӣ вобаста ба маблағи пардохтааш аз таҷҳизот ва дастгоҳҳои истироҳатии онҳо истифода мебаранд. “Шаш сомоние, ки барои дастрас намудани корт мепардозанд, он гаравпулӣ аст. Агар истифода накарданд, вақти баромадан кортро месупоранд ва шаш сомониро мегиранд», - шарҳ дод ӯ.

Вазирбек Назиров, ки худро нозири маҷмааи “Симурғ” муаррифӣ намуд, гуфт, ин макони истироҳатӣ дар ҳудуди 1,5 гектар замин бо сармояи соҳибкор Адибшоҳ Асоев ва ширкати “Талко” сохта шудааст. Ӯ гуфт, ин маконро ба мӯҳлати 10 сол ба иҷора гирифта, ҳар моҳ 15 ҳазор сомонӣ ба маъмурияти боғи Фирдавсӣ пули иҷора медиҳанд.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ҶДММ “Нур”, ки раҳбараш Адибшоҳ Асоев аст, дар масъалаи сармоягузорӣ барои сохтмони ин макон бо “Талко” шартнома дорад. “Дунёи Афсона”-и боғи Айнӣ низ ба ҳамин соҳибкор тааллуқ доштааст. Назиров нагуфт, ки ҳаҷми сармоягузорӣ чӣ қадар аст.

Дар баробари боғҳои Айнию Фирдавсӣ, даромадан ба боғи Умари Хайём ва Боғи ботаникии пойтахт низ пулакӣ шудааст. Нархномаи даромадани ин чаҳор боғ барои сокинону сайёҳон 2 сомонӣ буда, барои кӯдакони то 7-сола ва маъюбон ройгон аст. Дар боғи Хайём мисли боғҳои Айниву Фирдавсӣ истифода аз «аттраксион»-ҳо пулакӣ аст. Дар боғи ботаникӣ чунин аттраксионҳо нест, вале тавре раҳбарияташ иттилоъ дод, ҳангоми тӯю маъракаҳо навхонадорон, ки барои аксу наворгирӣ ба ин макон меоянд, қабл аз даромадан 100 сомонӣ мепардозанд.

Дар Душанбе феълан 17 боғ фаъол аст. Шералӣ Раҳмонов, мудири шӯъбаи ободонии шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, «боғҳо низ бояд манфиат биёранд. Вақте фоида оварданд, аз ҳисоби худ нигаҳдорӣ мешаванд ва ин ба буҷет ёрӣ мешавад.»

Ин ки дигар боғҳо низ оянда пулакӣ мешаванд ё на, ҳамсӯҳбатамон гуфт, «феълан чизе гуфта наметавонанд».

Бо ин ҳол, баъзе аз сокинони Душанбе ва атрофи он гуфтанд, тарафдори тамоман бепул шудани хадмот нестанд, вале мехоҳанд, нархи вуруд ба боғ ва истифода аз маҳалли бозии кӯдакон ба кисаи мардум мувофиқ бошад. Дар гузашта вуруд ба ҳама боғҳои фароғатии пойтахт бепул буд.

Шарҳҳоро бинед (30)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG