Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ чизи донистанӣ дар бораи ҷанг ва сулҳи тоҷикон

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аз имзои созишномае, ки ба ҷанги хунин ва панҷсолаи дохилӣ дар Тоҷикистон поён дод, 27 сол гузашт. Он чӣ гуна ба даст омад?

  • Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони тоҷик рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар Маскав созишномаи сулҳро имзо карданд. Ин созиш ба ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ хотима гузошт.
  • Курсиҳои ҳокимият бо таносуби 70 бар 30 тақсим шуданд. Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони тоҷик аз Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократ ва созмони “Лаъли Бадахшон” иборат буд. Русия, Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Покистон, Қирғизистон ва Туркманистон кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон буданд.
  • Иҷрои шартҳои сулҳ аз соли 1997 то 2000 идома кард. Ҳанӯз то поёни он аз саҳми 30-дарсадии мухолифон дар ҳукумат мақоме намонд. ҲНИ дар соли 2015 ҳизби мамнуъ ва террористӣ эълон шуд. Беш аз 200 узви ҳизб зиндонӣ ва қисме аз кишвар фирор карданд.
  • Расонаҳои давлатӣ президент Эмомалӣ Раҳмонро поягузори сулҳ меноманд. Мухолифон мегӯянд, як ҷониб ба танҳоӣ наметавонист сулҳ кунад. Дар Тоҷикистон 27-уми июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад ва рӯзи истироҳат аст. Мухолифон мегӯянд, баъд ах манъи фаъолияти ҲНИ ин ид моҳияти худро аз даст дод.
  • Дар 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, бино бар омори расмӣ, 150 ҳазор кас кушта, 1 миллион нафар гуреза, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор зан бесаробон монданд. Бино ба ҳисобҳои расмӣ, ҷанг ба иқтисоди кишвар беш аз 10 миллиард доллар зиён расонд ва рушди мамлакатро як даҳсола ба ақиб андохт.

Навор аз бойгонии Радиои Озодӣ:

Аксҳоро дар инҷо бинед:

Ҷанг ва сулҳи Тоҷикистон ба ривояти аксҳо. АКС

Соле пеш аз пошхӯрии Шӯравӣ дар Душанбе мардум барои талаби ҳаққи худ эътироз карданд. Эътирозгаронро саркуб карданд ва ин ҳодиса бо номи "Баҳманмоҳи хунин" ёд мешавад.
1/30 Соле пеш аз пошхӯрии Шӯравӣ дар Душанбе мардум барои талаби ҳаққи худ эътироз карданд. Эътирозгаронро саркуб карданд ва ин ҳодиса бо номи "Баҳманмоҳи хунин" ёд мешавад.
Бештар Камтар...
Гирдиҳамоӣ дар Душанбе дар соли 1990 қабл аз фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР)
2/30 Гирдиҳамоӣ дар Душанбе дар соли 1990 қабл аз фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР)
Бештар Камтар...
Соли 1991 бо вуҷуди талошҳои ҳифзи СССР он пош хурд. Тоҷикистон узви ин иттиҳод буд, ки давлати мустақил эълон шуд.
3/30 Соли 1991 бо вуҷуди талошҳои ҳифзи СССР он пош хурд. Тоҷикистон узви ин иттиҳод буд, ки давлати мустақил эълон шуд.
Бештар Камтар...
Эътирози сокинон дар моҳи июли соли 1991, ду моҳ пеш аз эълони истиқлоли Тоҷикистон
4/30 Эътирози сокинон дар моҳи июли соли 1991, ду моҳ пеш аз эълони истиқлоли Тоҷикистон
Бештар Камтар...
Пайкараи бузурги Ленинро дар Душанбе хароб карданд
5/30 Пайкараи бузурги Ленинро дар Душанбе хароб карданд
Бештар Камтар...
Дар Душанбе ду майдони муқобили ҳам ташкил ёфт. Гирдиҳамоӣ дар ду майдон соли 1992 ба ҷанги мусаллаҳона табдил шуд
6/30 Дар Душанбе ду майдони муқобили ҳам ташкил ёфт. Гирдиҳамоӣ дар ду майдон соли 1992 ба ҷанги мусаллаҳона табдил шуд
Бештар Камтар...
Афроди мусаллаҳ дар вилояти Хатлон
7/30 Афроди мусаллаҳ дар вилояти Хатлон
Бештар Камтар...
Ҷанги шаҳрвандӣ бештар дар вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт миёни ду гурӯҳ сурат гирифт
8/30 Ҷанги шаҳрвандӣ бештар дар вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт миёни ду гурӯҳ сурат гирифт
Бештар Камтар...
Аксе аз замони ҷанги шаҳрвандӣ , ки даҳшатҳои он ҳамонро бозгӯ мекунад (солҳои  1992-1997)
9/30 Аксе аз замони ҷанги шаҳрвандӣ , ки даҳшатҳои он ҳамонро бозгӯ мекунад (солҳои  1992-1997)
Бештар Камтар...
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1992, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат овард
10/30 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1992, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат овард
Бештар Камтар...
Сарбози захмии Горди президентӣ. Қӯрғонтеппа, 11 августи соли 1997
11/30 Сарбози захмии Горди президентӣ. Қӯрғонтеппа, 11 августи соли 1997
Бештар Камтар...
Роҳҳо баста буданд ва сокинон аз гуруснагӣ ва дастрасӣ ба маводи ғизоӣ ранҷ мекашиданд.
12/30 Роҳҳо баста буданд ва сокинон аз гуруснагӣ ва дастрасӣ ба маводи ғизоӣ ранҷ мекашиданд.
Бештар Камтар...
Созмонҳои имдодрасон ба мардуми ниёзманд кумак мекарданд.
13/30 Созмонҳои имдодрасон ба мардуми ниёзманд кумак мекарданд.
Бештар Камтар...
Ҳазорон нафар аз тарси кушта шудан ба Афғонистон фирор карданд
14/30 Ҳазорон нафар аз тарси кушта шудан ба Афғонистон фирор карданд
Бештар Камтар...
Кӯдакон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ
15/30 Кӯдакон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ
Бештар Камтар...
Паноҳҷӯёни тоҷик дар Афғонистон рӯзгори сахте доштанд
16/30 Паноҳҷӯёни тоҷик дар Афғонистон рӯзгори сахте доштанд
Бештар Камтар...
Кампи Сахӣ, яке аз урдугоҳҳои фирориёни тоҷик дар Афғонистон. Соли 1993
17/30 Кампи Сахӣ, яке аз урдугоҳҳои фирориёни тоҷик дар Афғонистон. Соли 1993
Бештар Камтар...
Ҳазорон нафар дар айни ҷанги шаҳрвандӣ ба Афғонистон фирор карданд
18/30 Ҳазорон нафар дар айни ҷанги шаҳрвандӣ ба Афғонистон фирор карданд
Бештар Камтар...
Замони ҷанги шаҳрвандӣ<br />
&nbsp;
19/30 Замони ҷанги шаҳрвандӣ
 
Бештар Камтар...
Фирориҳои тоҷик ҳангоми бозгашт аз Афғонистон дар водии Вахш. 21.10.1997
20/30 Фирориҳои тоҷик ҳангоми бозгашт аз Афғонистон дар водии Вахш. 21.10.1997
Бештар Камтар...
Генерал-майор Павел Липский, муовини фармондеҳи нирӯҳои мавсум ба ҳомии сулҳи Русия дар Тоҷикистон. Қубодиён, 16 августи соли 1997
21/30 Генерал-майор Павел Липский, муовини фармондеҳи нирӯҳои мавсум ба ҳомии сулҳи Русия дар Тоҷикистон. Қубодиён, 16 августи соли 1997
Бештар Камтар...
Фармондеҳи собиқи мухолифин Мирзо Зиёев. Акс аз 14 майи соли 1998
22/30 Фармондеҳи собиқи мухолифин Мирзо Зиёев. Акс аз 14 майи соли 1998
Бештар Камтар...
Нирӯҳои давлатӣ баъди шикасти афроди Маҳмуд Худойбердиев дар Қубодиён. 18 августи соли 1997
23/30 Нирӯҳои давлатӣ баъди шикасти афроди Маҳмуд Худойбердиев дар Қубодиён. 18 августи соли 1997
Бештар Камтар...
Мухолифони тоҷик дар Афғонистон қарор доштанд. Аввалин музокирот миёни ду гурӯҳи даргир дар Афғонистон оғоз ёфт
24/30 Мухолифони тоҷик дар Афғонистон қарор доштанд. Аввалин музокирот миёни ду гурӯҳи даргир дар Афғонистон оғоз ёфт
Бештар Камтар...
Эмомалӣ Раҳмон, Бурҳонуддин Раббонӣ, Абдуллоҳи Нурӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд
25/30 Эмомалӣ Раҳмон, Бурҳонуддин Раббонӣ, Абдуллоҳи Нурӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд
Бештар Камтар...
Лаҳзае, ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари иттиҳоди мухолифин ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Маскав созишномаи сулҳро имзо карданд.
26/30 Лаҳзае, ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари иттиҳоди мухолифин ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Маскав созишномаи сулҳро имзо карданд.
Бештар Камтар...
Раҳбарони Русияву Тоҷикистон Борис Елтсин ва Эмомалӣ Раҳмонов бо раҳбарони мухолифин баъд аз имзои созишномаи сулҳ. Маскав, Президент-отел, 27 июни соли 1997
27/30 Раҳбарони Русияву Тоҷикистон Борис Елтсин ва Эмомалӣ Раҳмонов бо раҳбарони мухолифин баъд аз имзои созишномаи сулҳ. Маскав, Президент-отел, 27 июни соли 1997
Бештар Камтар...
Фирориҳои тоҷик баъди бозгашт аз Афғонистон дар водии Вахш. 21.10.1997
28/30 Фирориҳои тоҷик баъди бозгашт аз Афғонистон дар водии Вахш. 21.10.1997
Бештар Камтар...
Фирориҳои тоҷик баъди бозгашт аз Афғонистон дар водии Вахш. 21.10.1997
29/30 Фирориҳои тоҷик баъди бозгашт аз Афғонистон дар водии Вахш. 21.10.1997
Бештар Камтар...
Харобаҳо аз замон ҷанг дар вилояти Хатлон
30/30 Харобаҳо аз замон ҷанг дар вилояти Хатлон
Бештар Камтар...
пешина
баъдӣ
Гӯшаҳо
​
XS
SM
MD
LG