Намояндагони парлумони Бритониё рӯзи душанбеи 13 октябр бо 274 райъи мувофиқ ва 12 райъи мухолиф ба гунаи рамзӣ ё намодӣ ва ба хотири фишор ба раванди сулҳи Ховари Миёна кишвари Фаластинро ба расмият шинохтанд. Ин дар ҳолест, ки бинобар гузоришҳо аз қавли Тобиос Элвуд - вазири Бритониё дар умури Ховари Миёна, давлати Девид Камерон аз пуштибонии ин пешнавис худдорӣ карда ва гуфтааст, дар сурате кишвари Фаластинро ба расмият мешиносад, ки агар бидонад, ин роҳи ҳалли масири сулҳро ҳамвор кардааст. Ба гуфтаи ин намояндаи давлати Камерон, то он замон дар сиёсати давлати Бритониё ҳеч дигаргуние ба вуҷуд нахоҳад омад.
Пеш аз ин, ҳафтаи гузашта Стефан Левен - нахуствазири нави Шветсия эълон кард, Фаластинро ба расмият шинохтааст. Дар пайи ин иқдом дафтари нахуствазири Исроил ин тасмими давлати Шветсияро як иқдоми якҷониба тавсиф кард, ки бо созишҳои сиёсӣ мухолифат дорад. Ҷен Псакӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико дар вокуниш ба расмият шинохтани кишвари Фаластин аз ҷониби Шветсия аз ин тасмим интиқод кард ва онро зудҳангом донист.
Шветсия аз нухустин кишвари аъзои қадимии Иттиҳодияи Аврупост, ки ҳини узвияташ дар Иттиҳод эълон кардааст, Фаластинро ба ҳайси як кишвар ба расмият мешиносад. Пештар бархе дигар аз кишварҳои аврупоӣ, монанди Ҷумҳурии Чех, Лаҳистон ва Маҷористон Фаластинро ба ҳайси як кишвар ба расмият шинохта буданд. Аммо ҳамаи онҳо пеш аз узвияти худ дар Иттиҳодияи Аврупо даст ба чунин иқдоме заданд. Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2012 Фаластинро ба унвони кишвари ғайриузви нозир шинохт.
Гуфтугӯҳои Исроил бо фаластиниҳо то кунун натиҷае ба бор наовардаст ва талошҳо барои таъсиси кишвари мустақили Фаластин низ фарҷоме пайдо накардааст. Исроил ва Иёлоти Муттаҳида дар заминаи ба расмият шинохта шудани Фаластин аз ҷониби парлумони Бритониё ҳанӯз вокунише накарданд. Низои ахир дар байни Исроил ва "Ҳамос" 50 рӯз идома кард ва ва беш аз 2 ҳазор нафар, асосан аҳолии осоиштаи Ғаззаро кушта бар ҷой гузошт. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 100 ҳазор аҳолии маҳаллӣ бесарпаноҳ мондаанд.
Ахиран дар Қоҳира нишасти байналмилалии кишварҳои мададрасони Навори Ғазза баргузор шуд, ки ширкаткунандагони он гуфтаанд, барои барқарор кардани харобаҳои ахир дар Ғазза беш аз 5 миллиард доллар ҷудо мекунанд. Саховатмандтарин кишвари мададрасон Қатар буд, ки барои бунёди дубораи зербинои Ғазза 1 миллиард доллар ваъда кард. Ҳиссаи молии Арабистони Саудӣ ду баробар камтар аз Қатар будааст. Туркия, Кувайт, Ҷопон ва Имороти Муттаҳидаи Араб ҳар кадоме то 200 миллион ва Иттиҳоди Аврупо барои Ғазза 570 миллион доллар тахсис медиҳанд.
Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, масъалаи ба расмият шинохтани Фаластин эҳтимол 21 октябр дар баррасии Шӯрои Амният қарор мегирад. Ӯ гуфт, Русия аз ин қатънома пуштибонӣ мекунад.
Бо вуҷуди пофишории Исроил, ки ҳамагуна эътирофи Фаластинро як амали бармаҳал ва барои эътидоли минтақа номуносиб мешуморад, то ҳол ҳудуди 100 давлат дар ҷаҳон барои шинохти расмии Фаластин изҳори омодагӣ кардаанд.