Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дасти Анвар дар моҷарои таҳқири Паёмбар


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як хонандаи синфи 9 дар Покистон баъди айбдор шуданаш ба тавҳин ба Паёмбари Ислом дасташро буридааст.

Дар ҳафтаи гузашта дар вилояти Панҷоби Покистон як хонандаи синфи 9 дасташро бурида, ба имоми масҷид нишон додааст, то исбот кунад, ки вай бар зидди Паёмбари Ислом сухане нагуфта ва Исломро ҳам тавҳин накардааст. Ин ҳодиса дар роустои Ҳуҷраи Шомуқими ноҳияи Укора рух додааст.

Бино ба хабарҳо, як имом дар масҷиди Ҳуҷраи Шомуқим дар байни мавъизааш ногаҳон ба ҳозирин бо суол муроҷиат мекунад ва мепурсад, ки оё дар миёни шумо одаме ҳаст, ки намоз нахонад ва ба Паёмбари Ислом муҳаббат надошта бошад? Анвар, як хонандаит синфи 9, ки дар як гӯшаи масҷид дуртар нишаста буд, суолро дуруст дарк намекунад ва нофаҳмида дасташро боло мекунад. Вақте ки вай дасташро боло кард, имоми масҷид ба ҷои он ки ба вай бигӯяд, тавба кун ё ту кори иштибоҳе кардӣ, ба вай таҳдидомез мегӯяд, ки ту бар зидди Паёмбар дастатро боло кардӣ.

Вале суоле пеш меояд, ки чӣ чиз ин писарро водор кард, то дасташро бибурад ва пораи дасти қатъшударо ба имоми масҷид нишон диҳад? Ин писар баъд аз суханони имоми масҷид ғамгину муттаассир шуда, рафта, дасташро мебурад.

Амин Мудаққиқ - таҳлилгари умури Покистон дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дар Ислом дар сурате муҷозот пешбинӣ мешавад, ки агар касе қасдан чунин рафтор кунад ё изҳорот диҳад:

Мудаққиқ: Дар мавриди изҳороти саҳв Қуръон сариҳан мегӯяд, ки агар сухане нохоста аз даҳон берун ояд ва он қасдан набошад, дар он сурат ҳеҷ гуна муҷозот пешбинӣ намешавад. Ҳатто агар касе гуноҳе ҳам содир кунад, худаш худро муҷозот карда наметавонад ё ба худ ҷазо дода наметавонад.

Озодӣ: То куҷо ин хабар воқеият дорад, ки Анвар худаш дасташро қатъ кардааст, зеро он шубҳабарангез ба назар мерасад ва агар касе дасташро қатъ кунад, бар асри хунравӣ мумкин аст ҷон диҳад?

Мудаққиқ: Пулисе, ки мо бо вай сӯҳбат кардем ва мардуми маҳаллӣ ҳам таъйид мекунанд, ки ин хабар воқеият дорад. Худи ҷавон ҳам зинда аст ва худаш ҳам мегӯяд, ки ин корро худаш кардааст.

Озодӣ: Фикр намекукнед, ки ин хабар ҷанбаи таблиғотӣ дорад?

Мудаққиқ: Барои санҷиши ҳамин нукта пулис имомро дастгир кардааст. Ҳоло имом дар боздошт аст. Аз вай пурсидаанд, чӣ зарурат дошт, ки шумо дар миёни хутбаву мавъиза чунин суолҳои ғайризаруриро матраҳ кардед? Вале агар ин суолро матраҳ кардед, чаро ин ҷавонро насиҳат накардед? Чаро дар минтақа муҳити тарсу ҳаросро ба вуҷуд овардед? Ҳоло бозпурсиии имом ҷараён дорад, ки оё ин суолро барои кори таблиғотӣ матраҳ кардааст ва ё сабаби дигаре будааст, ки чунин суоли ғайризаруриро дар байни мавъиза ба миён ниҳодааст.

Озодӣ: Оё уламои мазҳабӣ дар ин бора чизе гуфтаанд ва вокуниш нишон додаанд?

Мудаққиқ: Мо бо муфтӣ Фазл Маннон - шахсе, ки салоҳияти фатворо дорад, сӯҳбате анҷом додем. Вай гуфтааст, муллоҳое, ки чунин суолҳоро матраҳ мекунанд, ё сару садоҳоро ба роҳ меандозанд, ки боиси ташвиш мешавад, дар ҳақиқат фитанагар ҳастанд. Ин кор ҳам як фитнаест, ки тавассути ин мулло ба роҳ андохта шудааст. Муфтӣ Фазл Маннон ҳамчунин гуфт, ба ин ҷавон, яъне ба Анвар лозим набуд, ки дасти худро қатъ кунад. Агар вай иштибоҳ мекард, бояд маъзарат мехост.

XS
SM
MD
LG