Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 кушта ва садҳо захмӣ дар эътирозҳои Исломобод


Дар даргириҳо миёни нерӯҳои пулис ва тазоҳургарон дар шаҳри Исломобод - пойтахти Покистон, 3 тан кушта ва садҳо нафар маҷруҳ шудаанд. Хушунатҳо дар Исломобод субҳи 31 август низ идома карда, пулис ин рӯз ҳам алайҳи эътирозгарони ҷамъомада дар даври манзили сарвазир Навоз Шариф аз гази ашковар истифода бурдааст.

Мақомоти покистонӣ мегӯянд, дар даргириҳо бо тазоҳургароне, ки истеъфои Навоз Шарифро талаб доранд, 3 кас ҷон бохтаанд. Мақомоти тиббиӣ шумори захмиёнро беш аз 400 тан баровард мекунанд.

Бино бар гузоришҳо, пулиси Исломобод ба сӯи мӯътаризоне, ки қасди ҳамла ба маҳали будубоши Навоз Шариф, нахуствазири Покистонро доштанд, аз гази ашковар ва тирҳои пластикӣ истифода кардааст, ки дар натиҷа як нафар аз захмиён дар бемористон ҷон бохтааст.

Тазоҳуркунандагон баъд аз шоми дирӯз бо роҳпаймоӣ ба тарафи маҳали иқомати нахуствазир дар Исломобод, талош карданд онро ишғол кунанд, аммо пулис монеи он шуд. Мақомот гуфтаанд, ки дар ин даргириҳо беш аз 35 пулис низ захм бардоштаанд. Миёни захмиён занон ва кӯдакон низ вуҷуд доранд.

Ҳазорон тан аз тарафдоророни Имрон Хон, раҳбари Ҷунбиши Инсоф ва Тоҳир Ал-Қодирӣ, як рӯҳонии суфимашраби мухолифи давлат аз ду ҳафта ба ин тараф дар баробари бинои парлумон ба тазоҳуроти худ идома дода ва хостори истеъфои Навоз Шариф ҳастанд.

Онҳо Навоз Шарифро ба он муттаҳам муттаҳам мекунанд, ки дар интихоботи парлумонии моҳи майи соли 2013 ба тақаллуби густурда даст задааст. Муҳаммад Навоз Шариф, нахуствазири Покистон ин ҳама радд намуда ва таъкид кард, ки аз мақомаш канорагирӣ нахоҳад кард.

Ҳизби Робитаи мусалмонон дар интихоботи парлумонии моҳи майи соли 2013 дар Покистон баранда шуд ва Навоз Шариф барои бори савум нахуствазири он кишвар интихоб шуд. Навоз Шариф дар авохири солҳои ҳаштодуми қарни гузашта ва низ солҳои 1997-1999 нахуствазири Покистон буд ва дар маъмурияти дувуми худ аз сӯи генерал Парвиз Мушарраф, фармондеҳи он вақти артиши Покистон дар пайи як кудатои низомӣ барканор шуд.

Ба гуфтаи коршиносон дар пушти ин нооромиҳои феълӣ нерӯҳое қарор доранд, ки аз муҳокимаи додгоҳии Парвиз Мушарраф норозӣ ҳастанд. Ба дунболи ба сари қудрат омадани Навоз Шариф, додгоҳи шаҳри Исломобод алайҳи Мушарраф барои қатли даҳҳо нафар аз толибилмони Масҷиди Лаъл ё Масҷиди Сурх дар пойтахти он кишвар, парванда боз кард. Моҳи июли соли 2007 бар асари амалиёти нерӯҳои Покистон даҳҳо тан аз толибилмон дар дохили ин масҷид дар шаҳри Исломобод кушта шуданд. Ҳукумати аскарии Покистон он замон иддао карда буд, ки дар дохили масҷид ва мадрасаи тобеи он, ситезаҷӯёни хориҷӣ ҷой гирифтаанд.

Дар бораи тарзи муносибат бо Толибони Покистон низ миёни ҳукумат ва низомиён ихтилоф вуҷуд дорад. Ҳукумат пофишорӣ мекунад, ки бояд бо Толибон музокироти сулҳ анҷом бигирад, вале низомиён бар зидди Толибон амалиётро шуруъ карданд.

XS
SM
MD
LG