Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди он ки президенти ИМА Доналд Трамп таҳдид кард, ки Покистонро аз кӯмакҳои бисёрмиллиарддолларӣ маҳрум мекунад, Исломобод сафири ИМА-ро ба сӯҳбат даъват кард. Трамп гуфт, ки Исломобод ба ифротгароён сарпаноҳ додааст.

Як изҳороти Доналд Трамп субҳи 1 январ дар шабакаи ҷаҳонии Twitter, боиси вокуниши тунди Исломобод шуд. Покистон ИМА-ро дар “беэътимодӣ” гунаҳгор кард. Як сухангӯи сафорати ИМА дар Исломобод рӯзи 2 январ тасдиқ кард, ки воқеан ҳам мақомоти покистонӣ Дейвид Ҳейлро барои як сӯҳбат даъват карданд, вале аз шарҳи ҷузъиёти ин

Амрико аз мағлубияташ дар Афғонистон хаста шудааст. Бар ивази истифодаи нирӯ дар Афғонистон, Амрико бояд дар музокирот иштирок кунад

гуфтугӯҳо худдорӣ кард.

Дар твиттери худ Доналд Трамп навишт, ки ИМА дар давоми 15 соли охир “бидуни андеша” ба Покистон беш аз 33 миллиард доллар кӯмак кардааст, “вале онҳо дар ҷавоб ба мо ҷуз дурӯғу фиреб чизе надоданд ва фикр мекунанд, ки раҳбарияти мо содда аст”.

“Онҳо ба террористоне, ки мо онҳоро дар Афғонистон шикор мекунем, паноҳгоҳи амн доданду кӯмаки каме карданд. Дигар бас аст”, навиштааст Доналд Трамп.

Баъди ин Кохи Сафед тасдиқ кард, ки ироаи 255 миллион доллар кӯмаки низомӣ ба Покистонро бозмедорад. Дар шарҳи ин тасмим гуфта шудааст, ки аз беамалии Исломобод дар амри муқобила бо шабакаҳои террористӣ хаста шудааст. Моҳи августи соли 2016 Конгресс ихтисоси 1,1 миллиард доллар кӯмаки Амрико ба Покистонро муваққатан боздошта буд.

Вазири дифои Покистон Хуррам Дастгирхон дар посухаш тавассути Твиттер навишт, ки Исломобод ба ҳайси “як муттафиқи зиддитеррористии ИМА дар давоми 16 соли охир ба ин кишвар имкони истифодаи озод аз қаламрави Покистон, васоили мухобираи ҳавоӣ, пойгоҳҳои низомӣ, ҳамкориҳои истихборотӣ дар амри нобуд кардани Ал-Қоидаро фароҳам овард, вале ИМА ба ҷуз даъвову нобоварӣ дигар чизе дар ҷавоб надод”.

Вазири хориҷаи Покистон Хаваҷа Муҳаммад Осиф дар сӯҳбат бо шабакаи урдузабони Geo Television гуфт, ки “ИМА бояд мақомоти кишвари худро барои нокомиҳо дар Афғонистон ба ҷавобгарӣ кашад”.

Вай гуфт, ки “Амрико аз мағлубияташ дар Афғонистон хаста шудааст. Бар ивази истифодаи нирӯ дар Афғонистон, Амрико бояд дар музокирот иштирок кунад”.

Осиф афзуд, ки тамоми кӯмакҳои молии ИМА “мӯшикофона таҳқиқ” ва “хадамоти зарурӣ ироа” шудааст.

Айни замон, сафири Афғонистон дар ИМА Ҳамдулло Муҳиб аз изҳороти Трамп дар Твиттер истиқбол кардааст. Дар як навиштаҷоташ тавассути Twitter рӯзи 1 январ сафири Афғонистон изҳороти Трампро “як паёми умедворкунанда ба мардуми Афғонистон” номид, ки “муддатҳои дароз аз дасти террористони воқеъ дар Покистон азият шуданд”.

Дар гузашта Трамп ва муовини президент Майк Пенс Исломободро дар пуштибонии гурӯҳҳои террористӣ айбдор кардаанд. Президенти Амрико як дафъа ин гурӯҳҳоро “омилони харҷу марҷ” номида буд. ИМА инчунин аз Покистон тақозо кардааст, ки зидди Толибон ва шабакаи Ҳаққонӣ иқдом кунад.

Баъди он ки Трамп моҳи августи соли 2017 стратегияи нави худ барои Афғонистонро муаррифӣ кард, амалиёти ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ дар марзҳои Покистону Афғонистон вусъат ёфт. Баъди мулоқот бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва раҳбари ҳукумати иҷроия Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Кобул дар таърихи 21 декабр, Пенс дар робита бо Покистон аз лаҳни тунд кор гирифт ва гуфт, вақте Покистон аз ҳамкорӣ бо ИМА манфиати зиёд мебинад, аз он ки “ҷинояткорону террористонро сарпаноҳ медиҳад”, хеле чизҳоро бой медиҳад.

Пенс он замон гуфт, ки президент Трамп Покистонро “дар ҳолати ҳушдор” қарор додааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG