Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон худшиносии миллиро аз филми туркӣ "меҷӯяд"


Як қисми филм 56 миллион бинанда доштааст.

Баъди соли 1947 аз Ҳинди таҳти мустамликаи Бритониё ҷудо шудани Покистон ин кишвар бӯҳрони ҳувиятро пушти сар кардааст. Нозирон мегӯянд, барои пур кардани ин холигоҳ саромадони низомиву сиёсии Покистон бо таблиғи ҳувияти исломӣ, арзишҳои мусалмонии дигар кишварҳои ҷаҳонро қабул карданд, вале аз мероси гузаштаи худ дар нимқораи Ҳинд дур шуданд.

Диктатори низомӣ Зиё-ул-Ҳақ, ки солҳои 1980-ум раҳбарӣ кардааст, бо ин ақидааш маъруф буд, ки мегуфт: “Покистон як кишвари идеологӣ аст ва агар исломро аз Покистон бардошта ва ба як кишвари дунявӣ табдил диҳанд, суқут мекунад."

Дар натиҷа, аксар қаҳрамонҳои миллии Покистон мусулмонон буданд, аз ҷумла, шоҳони собиқи Афғонистону Форс ва пешвоёни араб. Дар ин охирҳо як қаҳрамони дигаре ба чунин мартаба баромад, ки аз таърихи мардуми турк омадааст.

Дар бораи шахсияти пешвои туркҳои мусулмони қарни XIII Эртуғрул, падар ва муассиси сулолаи Усмониҳо иттилоъ хеле кам аст. Усмониҳо давоми чандин аср дар қаламравҳои имрӯзаи Аврупои ҷанубу шарқӣ, Африқои Шимолӣ, Қафқоз ва Ховари Миёна ҳоким буданд.

Ҳоло зиндагиву корномаи Эртуғрул достони асосии филми туркӣ аст, ки ба як филми маъруф дар Покистон кишваре бо 220 миллион аҳолӣ ва аксаран мусалмон табдил шудааст. Филмномаро дар Покистон ба сериали машҳури “Бозиҳои тахт”-и амрикоӣ монанд мекунанд.

Шуҳрати филми “Эҳёи Эртуғрул” кори нахуствазир Имрон Хон аст. Ӯ шахсан филмро таблиғ мекард ва баъди ба забони урду тарҷума шуданаш, филм фавқулода маҳбуб шуд. Бо вуҷуди ин, дар ҷомеаи Покистон ин масъала ҳам мавриди баҳс шуд, ки чаро нахуствазир тамошои филми таблиғгари ислом ва ҷанги зидди бегонагонро ташвиқ мекунад. Бисёре аз коршиносон дар ин ангезаҳои сиёсӣ мебинанд.

Ислом ва душманӣ бо Ҳинд

Собиқ ситораи крикети Покистон бо тарзи озоди зиндагиаш маъруф буд, вале бо ворид шудан ба сиёсати калон ва шарикӣ бо гурӯҳҳои муҳофизакори динӣ ва низомиёни бонуфуз, ӯ ҳам бахше аз сиёсати мазҳабии кишвар шуд.

Сиёсатшинос Мадина Афзал мегӯяд, ки пуштибонии ҳукумат аз филмномаи туркӣ “бо дарки идеологияи миллии Покистон бисёр мувофиқ омадааст: бар пояи ислом ва душманӣ бо Ҳинд”.

Покистону Ҳинд – ду кишвари дорои бомби атомӣ баъди ҷудоӣ чаҳор бор бо ҳам ҷангидаанд. Ҳинди бритониёӣ аз аксаран ҳиндуҳои бутпараст ва Покистон аз аксар мусалмонон иборат аст. Имрон Хон гуфтааст, ки ҷавонҳои кишвар бояд аз филмномаи “Эҳёи Эртуғрул” фарқ гузоштан дар миёни арзишҳои воқеии исломӣ ва фарҳанги “дасти сеюм”-и филмҳои сохтаи Ҳолливуду Болливудро ёд гиранд.

Намоиши филми туркӣ дар моҳи Рамазон шурӯъ шуд. Бино ба таҳқиқоти афкори умум, аксар тамошобинон мардони покистонӣ будаанд. Аввалин бахши 150-сериягии филмро 56 миллион тамошобин дидаанд. Дар шаҳри Лоҳур муҷассамаи қаҳрамони филм гузошта шуд.

Файсал Ҷовидхон, як узви ҳизби “Таҳрики инсоф”-и Имрон Хон гуфт, ки нахуствазир хостори намоиши филми дигари туркӣ бо номи “Юнус Эмре” ҳам шуд. Ин филм дар бораи як шоири сӯфии қарни 13 қисса мекунад, ки “зиндагиашро ба Худо бахшида буд”.

Филмҳои таблиғотӣ

Парвиз Ҳудбҳой академик ва таҳлилгари маъруфи покистонӣ мегӯяд, ки Покистон дучори бӯҳрони “ҳуввияти фарҳангӣ” аст. Ба андешаи ӯ, нахуствазир аз роҳи таблиғи тамошои филмҳо дар бораи қаҳрамонҳои фарҳангҳои шарик халои шинохти миллиро дар кишвар пур кардан мехоҳад.

“Аввал мехостем араб шавем ва аз қаҳрамонҳои араб илҳом мегирифтем - мегӯяд ӯ. – Ҳоло арабҳо тадриҷан ба сӯи либерализм қадам мемонанд ва акнун умеди мо ба туркҳо нигаронида шудааст”.

Ин таҳлилгар мутмаин аст, ки “вақте мардум аз пайванди қавӣ ба таъриху фарҳанги худ дур мешаванд, онҳо ногузир ба хориҷа чашм медӯзанд”. Ӯ бовар дорад, ки мардуми Покистон, ки ба тамошои чунин филмҳо ташвиқ мешаванд, “тангназар” хоҳанд шуд.

Ҷамол Шоҳ, як ҳунарпешаи собиқадори покистонӣ мегӯяд, ки “иштиёқи девонавор” ба филми “Эҳёи Эртуғрул” хатарнок аст, чунки мақомот талош мекунанд мағзҳои ҷавононро идора бикунанд.

Ӯ мегӯяд, ин филм “сирф як таблиғот аст” ва дар зеҳни бисёриҳо дар кишвар “чунин афкор ташаккул ёфтааст, ки дар Ғарбу Ҳинд эҳсосоти зиддимусалмонӣ зиёд аст ва мақомот ҳамин андешаро боз ҳам калонтар нишон додан мехоҳанд”.

Шарҳҳоро бинед (7)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG