Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

SIPRI: қудратҳои ҳастаӣ силоҳҳоро навсозӣ ва кулоҳакҳоро камтар мекунанд


Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти сулҳи байналмилалии Стокҳолм (SIPRI) дар заминаи силоҳҳои кишварҳои ҷаҳон таҳқиқот анҷом медиҳад
Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти сулҳи байналмилалии Стокҳолм (SIPRI) дар заминаи силоҳҳои кишварҳои ҷаҳон таҳқиқот анҷом медиҳад

Як созмони таҳқиқотии воқеъ дар Шведсия мегӯяд, бо вуҷуди коҳиши шумори кулоҳакҳои ҳастаӣ, қудратҳо захираҳои силоҳҳои худро навсозӣ мекунанд. Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти сулҳи байналмилалии Стокҳолм (SIPRI) рӯзи 15 июн бо нашри гузорише гуфт, ки нӯҳ қудрати ҳастаӣ – ИМА, Русия, Бритониё, Фаронса, Чин, Ҳинд, Покистон, Исроил ва Кореяи Шимолӣ – аз оғози соли 2020 дар маҷмӯъ 13,400 адад силоҳи ҳастаӣ истеҳсол карданд. Ин шумор 465 адад камтар назар ба соли гузашта мебошад. Гузориш мегӯяд, ки “коҳиши силоҳҳо бештар ба он рабт дорад, ки Русияву ИМА, ки ҳарду 90 дарсади захираҳои силоҳҳои ҷаҳонро дар ихтиёр доранд, ба нобуд кардани силоҳҳои кӯҳнашуда даст заданд”.
Кулоҳакҳои ҳастаии ИМА 385 ва аз Русия 125 адад коҳиш ёфтааст. Дар муқобили ин коҳиш Чин, Бритониё, Ҳинд ва Кореяи Шимолӣ як андоза захираҳои силлоҳҳои ҳастаии худро афзоиш доданд. Тақозои коҳиши нирӯҳои стратегии ҳастаии ИМА ва Русия бар асоси созишномаи мавсум ба New START аз соли 2010 муҳим буд. Ин созиш соли 2018 ба анҷом расид. Тамдиди ин созишнома қарор аст моҳи оянда миёни ИМА ва Русия ба баррасӣ гирифта шавад. ИМА инчунин Чинро даъват кардааст, ки дар ин созиш иштирок кунад. Мӯҳлати созиши ҷорӣ феврали соли 2021 ба анҷом мерасад.

XS
SM
MD
LG