Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ издивоҷи Бибирӯзаи 6-соларо манъ кард


Бибирӯзаи шашсола.
Бибирӯзаи шашсола.

Додгоҳи шаҳри Сайдуи шарифи Покистон ҳукми шӯрои маҳаллӣ дар бораи издивоҷи як духтари шашсоларо бекор кард ва онро ғайриқонунӣ хонд.

Бахши покистонии радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки додгоҳе дар шаҳри Сайдуи шариф, ин тасмими шӯрои маҳаллиро ғайриқонунӣ хондааст.

Ҳамзамон бо ин, мақомоти пулис дар водии Сувоти Покистон се аъзои як шӯрои маҳаллиро, ки ба издивоҷи Бибирӯзаи шашсола ризоят дода буданд, боздошт кардааст. Дар робита ба ин қазия то кунун панҷ нафар ба шумули се узви Ҷирга ё Шӯрои маҳаллӣ боздошт шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки волидони ин духтари шашсолаи покистонӣ талаб доштанд, ки ҳукми Шӯрои маҳаллӣ дар бораи издивоҷи духтарашон бекор шавад.

Волидони як духтари шашсола дар водии Своти Покистон аз болои қарори шӯрои маҳаллӣ ба додгоҳ шикоят кардаанд. Шӯро ҳукм кардааст, ки Бибирӯза, духтари шашсолаи онҳо, бояд бо як узви қабилаи рақиби онҳо издивоҷ кунад. Бибирӯза яке аз нӯҳ фарзанди ин хонавода будааст.

Модари ӯ мегӯяд, шӯрои маҳаллӣ қарор кард, ки ба хотири аз байн бурдани душманӣ дар миёни ду қавм духтари шашсолаи онҳо бояд бо нафаре аз ҷиноҳи муқобил издивоҷ кунад. Волидони норозӣ аз қарори шӯро ба додгоҳи водии Свот аризаи шикоятӣ доданд ва ҳамчунин аз ҳукумати вилоят ва додситонӣ дар ҳалли ин қазия кӯмак хостанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Покистон гуфт, волидон талош доранд, таърихи 11-уми ноябр ин қазияро ҳал кунанд, чун таърихи баргузории маросими тӯй ба рӯзи якшанбе таъйин шудааст.

Таҷрибаи табодули духтарҳо дар байни қабилаҳои рақиб ба хотири пешгирӣ аз кушторҳои номусӣ дар бахшҳое аз Покистон мамнӯъ шудааст, аммо ин амал ҳоло низ дар манотиқи қабоилнишин ва баъзе навоҳии қафомондаи ин кишвар истифода мешавад.

"Свара" як анъанаи издивоҷи кӯдакон дар минтақаҳои қабиланишини Покистон ва Афғонистон аст, ки марбут ба пардохти хунбаҳо байни қабилаву авлодҳои мухталиф аст. Тибқи он, духтарҳои ҷавонро маҷбуран ба аъзои қабилаҳои бегона ба шавҳар дода, бо ин роҳ, пеши роҳи интиқоми хунбахунро мегиранд. Ин расм бештар дар миёни қабилаҳои паштутабор роиҷ будааст.

Аз рӯи иттилои хабарнигорони Радиои Озодӣ, моҷарои байниқабилаӣ баъд аз он бархост, ки бародари Бибирӯза духтареро аз як авлоди дигар ба занӣ мегирад, ки номзади писари Баҳодурхон ном як марде аз қабилаи ҳамсоя будааст. Даъвои байниоилавӣ то ба додгоҳ ва баъдан ба ҷирга мерасад ва дар ниҳоят, шӯрои кӯҳансолони қабила қарор мекунанд, ки ихтилофи бархоста миёни ду хонавода бояд аз роҳи анъанаи свара ҳалли худро пайдо кунад.

Вале волидони ин духтари хурдсол мегӯянд, қарори ҷирга ғайри қобили қабул аст, ба он хотир ки синни фарзанди онҳо хеле кам буда, ба дараҷаи издивоҷ нарасидааст. Азимхон, падари Бибирӯза ҳамроҳ бо модар ва амакаш Фазли Холид ба дафтари Радиои Озодӣ дар Покистон муроҷиат карда, кӯмак хостанд.


Гуфтугӯ бо падари Бибирӯзаи шашсола
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:16 0:00
Линки мустақим

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG