Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон "Save the Children"-ро баст


Покистон дастур додааст, ки созмонии ғайридавлатии "Наҷоти кӯдакон" ё "Save the children" хоки ин кишварро тарк кунад. Исломобод ин созмонро ба фаъолиятҳои зидди Покистон айбдор кардааст.

Мақомҳои покистонӣ ба муассисаи байналмилалии ҳимоят аз кӯдакон -- "Save the Children" дар он кишвар дастур додааст, ки он кишварро тарк кунад. Пулис ва мақомҳо дар он кишвар гуфтанд, ки ин муассиса бар зидди ин кишвар фаъолият менамояд.

Кормандони ҳукумат ва пулис рӯзи гузашта дар дарвозаҳои ин муассиса дар Исломобод қуфл заданд ва дар як варақ навиштанд, ки ин бино муҳр ва банд шудааст. Комрон Чема, як мақомоти баладпояи ҳукумати Покистон ба хабаргузории Франс-пресс гуфт, ки онҳо созмони "Наҷоти кӯдакон"-ро бо дастури вазорати умури дохилии он кишвар бастаанд.

Вай афзудааст, ки иттилоъ надорад, чаро ҳукумат чунин тасмимеро гирифтааст. Ба таъбири оқои Чема, вазорати умури дохилӣ барояшон гуфтааст, ки дафтари созмони "Наҷоти кӯдакон" бояд муҳр ва қуфл зада шавад ва тамоми кормандони хориҷии он зарфи 15 рӯз ба кишварҳояшон фиристода шаванд.

Ҳукумат то ҳол дар ин маврид расман чизе нагуфтааст, аммо як мақомои вазорати умури дохилии Покистон гуфтааст, ки "Save the Children" дар фаъолиятҳои зиддипокистонӣ, даст доштааст. Ин мақом, ки нахостааст номаш зикр шавад, ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ки "фаъолиятҳои ин муассиса аз муддатҳои тӯлонӣ ба ин тараф назорат мешуд. Корҳоеро анҷом доданд, ки хилофи манфиатҳои Покистон буд."

Ҳоло бинои ин муассисаро пулиси Покистонро муҳофизат мекунад. То кунун ҳеҷ яке аз масъулони "Наҷоти кӯдакон" дар Покистон дар ин маврид изҳори назар кардааст. "Save the Children" як муассисаи байналмилалӣ буда ва дар кишварҳои зиёд, аз ҷумла Тоҷикистон фаъолият мебарад.

XS
SM
MD
LG