Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро донишҷӯёни узбек аз Тоҷикистон мераванд? “Озодӣ Онлайн”. ВИДЕО


Ҳангоми сабти барномаи "Озодӣ Онлайн"
Ҳангоми сабти барномаи "Озодӣ Онлайн"

Дар барномаи имрӯзи "Озодӣ Онлайн" дар бораи аз Тоҷикистон рафтани донишҷӯёни узбек суҳбат мекунем ва чанд видеои фиристодаи муҳоҷиронро ҳам мебинем.

Садҳо ҷавони узбек донишгоҳҳои Тоҷикистонро тарк кардаву ба зодгоҳашон бармегарданд, то дар онҷо ба таҳсил идома диҳанд. Онҳо мегӯянд, мақомоти Узбекистон чунин тасмим гирифтааст ва бояд иҷро кунанд. Корбарон дар зери гузориши Радиои Озодӣ дар ин бора назарҳои гуногун навиштаанд.

Корбаре бо номи “Муаллим” гуфтааст: “Ҷойи баҳс нест, ҳамаи роҳбарон манфиати кишварҳои худро дар ҷойи аввал мегузоранд.”

“Шаҳрванд” ҳам ба ин бовар аст, ки “дар ин ҷо сиёсат ё миллатгароӣ нест”, балки ба гуфтаи ӯ, “танҳо Узбекистон мехоҳад, ҳамаи кадрҳоро мувофиқи талаботи кишвараш омода кунад. На танҳо аз Тоҷикистон, балки аз кишварҳои дигари ҳамсоя низ донишҷӯёни худро бармегардонанд.”

"Таҳлилгари ватанӣ" дар сомонаи Озодӣ навишт, "ҷойи пӯшида нест, ки ҳатто дар хориҷа аз сифати пасти таълим дар мактабҳои олии Тоҷикистон огоҳанд. Агар сифати таълим ва шароит хуб бошад, хориҷиҳо меистанд."

Чаро донишҷӯёни узбек аз Тоҷикистон рафтанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

“Ҳамватан” гуфтааст, “дар Тоҷикистон на танҳо нархи таҳсил арзон аст, балки ба хориҷиҳо муносибати хуб ба роҳ монда шудааст. Агар ба кишварҳои дигар равед, ҳеч кас Шуморо писанд ҳам намекунад.»

«Рақобат» даъват кардааст, ки “нархи таҳсилро арзон ва коррупсияро решакан кунед, то на танҳо аз Узбекистон, балки аз кишварҳои дигар барои таҳсил ба Тоҷикистон биоянд. Ҳузури зиёди донишҷӯёни хориҷӣ даромадро ба буҷаи давлат ва шаҳрвандон бештар мекунад».

Барои хондани назарҳои дигар ба сомонаи Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шавед ва навиштани андешаҳои худро ҳам фаромӯш накунед.

Дар барнома видеоеро мебинем, ки як дониҷшӯи тоҷик аз Аврупо фиристода, фарқи таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои аврупоиро шарҳ додааст.

Барномаро дар Ютюб бинед:

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия мисли ҳамеша дар фиристодани аксу видео фаъоланд. Яке аз онҳо аз Екатеринбург наворе фиристод ва гуфт, бо вуҷуди он ки патент ё иҷозаи кор дорад, аммо дар як нуқтаи фурӯши хӯроки сарироҳӣ фаъолият карда наметавонад.

Шумо ҳам агар видеои ҷолибе доред, ба мо бифристед. Вайберу Вотсапу Имо ва Телеграм ҳам дорем. То дидор дар барномаи дигар.

XS
SM
MD
LG