Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо донишҷӯи узбек бо талаби Тошканд донишгоҳҳои Тоҷикистонро тарк мекунанд. АКС.ВИДЕО


Бо даъвати Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон донишҷӯёни ин кишвар дар донишгоҳҳои Тоҷикистон дастҷамъона тарки таҳсил мекунанд, то омӯзиши худро дар муассисаҳои ватанашон идома диҳанд. Танҳо дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон беш аз 2,5 ҳазор донишҷӯй аз ин кишвари ҳамсоя таҳсил мекарданд. Зоҳиран на ҳамаи донишҷӯёни узбекистонӣ аз ин тасмими ҳукумати худ розӣ ҳастанд ва мегӯянд чандон майли идомаи таҳсил дар ватани худро надоранд.​ Бархе аз масъулини донишгоҳҳо ин амрро мухолифи қоидаҳои таълимӣ медонанд.

Тӯли чанд рӯзи ахир назди дарвозаҳои Донишгоҳи омӯзгорӣ дар шаҳри Душанбе ба таваққуфгоҳи ғайрирасмии таксиҳо ба самти марз бо Узбекистон табдил шудааст ва донишҷӯёни узбектабор бо дарёфти ҳуҷҷатҳои таҳсил, шитоб доранд зудтар то ба ватаншон бирасанд. Бархе аз донишҷӯён ҷомадонҳои худро дар назди дарвозаи донишгоҳ монда, худ машғули дарёфти ҳуҷҷатҳояшон ҳастанд.

Донишҷӯёни узбек тарки Тоҷикистон мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Беҳзод Эшонқулов, донишҷӯи курси аввали факултаи химия ва биология 11-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз рӯзи ҷумъа ба ин тараф талош дорад аз донишгоҳ ҳуҷҷатҳои таҳсилашро бигирад, аммо, то ҳол муваффақ нашудааст.

Ӯ афзуд "мо барои гирифтани ҳуҷҷатҳо барои идомаи таҳсил дар Узбекистон навбат истодаем. То 15-уми феврал мӯҳлат додаанд. Одам зиёд аст ва кормандон ҳам суст кор мекунанд".

Мисли Беҳзод беш аз 2,5 ҳазор ҷавони узбекистонӣ тасмими тарки Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро кардаанд. Мақомоти Узбекистон бо пешниҳоди имтиёзҳо дар таҳсил, аз шаҳрвандонаш хостааст барои идомаи таҳсил ба ватан баргарданд.

Мақомоти Узбекистон барои таҳсили ҷавонони узбек 13 донишгоҳро машварат додаанд. Дар сурати бозгашт то 15-уми феврал, ҷавонони узбек бидуни супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ метавонанд таҳсилро дар ватани худ идома диҳанд.

Ин даъват ба донишҷӯёни узбекистонӣ дар Тоҷикистон, Туркманистон ва Қазоқистон рабт доштааст. Вазорати маорифи Узбекистон расман навиштааст, ки ин даъват ба бемории короновирус ва пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯи террористӣ рабте надорад.

Ӯғулшод Сафарқулова, зодаи вилояти Сурхандарёи Узбекистон ва то ҳол донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон мегӯяд, бархе аз се рӯз ва иддае ҳам аз як ҳафта ба ин тараф мунтазири дарёфти ҳуҷҷатҳояшон ҳастанд. Ӯ афзуд, ки худаш аз ду рӯз ба ин тараф мунтазири дарёфти ҳуҷҷатҳояш мебошад

Дар ҳамин ҳол, роҳбарияти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба сурати дастҷамъона ба ватан бозгаштани донишҷӯёни узбек аз Тоҷикистонро мухолифи қоидаҳои таълимӣ медонанд. Саъдӣ Қосимов, муовини ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт, "гузаштан аз як муассисаи таълимӣ ба муассисаи дигар танҳо баъд аз анҷоми таҳсил дар курси якум имконпазир аст. Ин талабот барои идомаи таҳсил дар донишгоҳи кишвари дигар низ рабт дорад".

Даъвати Узбекистон аз донишҷӯёнаш дар ҳолест, ки тайи ду соли ахир шаҳрвандони ин кишвар гурӯҳ-гурӯҳ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил мешуданд ва сабабашро ҳам низоми соддаи дохилшавӣ ва маблағи ками шартнома мегуфтанд. Зоҳиран дар байни донишҷӯёне, ки Тоҷикистонро тарк мекунанд, афроде низ ҳастанд, ки чандон майли идомаи таҳсил дар ватани худро надоранд.

Шоаҳмад Тағоев, зодаи вилояти Сурхандарёи Узбекистон аз ҷумлаи чунин ҷавонон аст. "Ман дар курси дувум мехонам ва мехоҳам ҳамаи панҷ курсро дар ҳамин донишгоҳ бихонам. Намедонам, чаро ду кишвар чунин тасмим гирифтанд, ки мо дар кишвари худ таҳсилро идома диҳем. Ман меравам, вале боз ҳам мехоҳам ин ҷо баргардам ва таҳсилро идома диҳам",-афзуд вай.

Бо ин ҳама садҳо нафар донишҷӯе, ки аз Тоҷикистон мераванд, ҳанӯз даққиқ намедонанд, ки дар кишварашон бо чӣ шароит ва дар кадом риштаву донишгоҳ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ба гуфтаи донишҷӯёни узбекистонӣ, қимати таҳсил дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ҳудуди 400 доллар дар як сол аст, аммо дар Узбекистон ин рақам бештар будааст.

Ҳарчанд дарёфти иттилои дақиқ дар бораи арзиши таҳсил дар донишгоҳҳои Узбекистон то замони нашри ин матлаб имконпазир нашуд, вале ба гуфтаи соҳибназарон, ба ҷуз аз арзиши гаронтар дохилшавӣ ба донишгоҳҳои ин кишвар душвортар низ будааст. Соли гузашта аз ҳудуди 750 ҳазор довлатаб танҳо як каме беш аз ҳашт дарсад тавонистаанд донишҷӯ шаванд.

Дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ Узбекистон аз лиҳози фарогирии шаҳрвандонаш ба таҳсилоти олӣ мақоми охирро касб мекунад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (18)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG