Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои ҳиҷоб, насиҳат ба муҳоҷирон ва шодии Аловатов дар “Озодӣ Онлайн”. ВИДЕО


Шумораи нави Озодӣ Онлайн

Тавсия ба муҳоҷирон барои интиқоли пул ва танқиди онҳо барои шикояти зиёдашон, мусулмонӣ дар Русия ва ба қавли муҳоҷирон беинсофӣ дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон, ҷанҷоли бепоёни ҳиҷобу рӯсарӣ ва пирӯзии Чоршанбе Аловатов дар озмуни минтақавии истеъдодҳои Осиёи Марказӣ аз мавзуъҳои суҳбати барномаи имрӯз аст.

Иддаои Нилуфар Раҷабова, сокини Душанбе ва духтари як узви зиндонии Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, ки гуфт, маъмурони милиса барои ҳиҷобаш бо ӯ бадрафторӣ кардаанд, баҳси доғеро дар вебсайти Радиои Озодӣ барангехт.

Корбаре “Беном” дар ин бора навиштааст: “Қонуни асосии Тоҷикистон ба ҳар кас интихоби дину мазҳаб, расму ойин ва сару либосро кафолат медиҳад. Намефаҳмам, кадом қонун рӯймолу рӯсариро манъ кардааст? Ё мо ягон Конститутсияи дигар дорем, ки дар он ҳуқуқи динӣ манъ шудааст?”

“Антидурӯғ” мақомоти расмии Тоҷикистонро ба он муттаҳам кардааст, ки монеи ҳиҷобпӯшӣ мешаванд, вале ошкоро рад мекунанд, ки чунин коре накардаанд. Ӯ гуфтааст: “Барои чӣ шарм надошта, дурӯғ мегӯед, ҷанобони мансабдор? Тамоми Тоҷикистон медонад, ки занҳоро боздошт карда, ба шуъбаи корҳои дохилӣ мебаред ва сатрашонро мегиред. Сатркашӣ на фақат дар ноҳияи Сино, балки дар ҳамаи ноҳияҳои шаҳр давом дорад.”

Шариф ном корбаре иҷоза надодани ҳиҷобу рӯсарӣ дар Тоҷикистонро кори дуруст номида ва бо муроҷиат ба занон навиштааст: “Бубинед, дар Эрон, ки занҳоро маҷбур сатр мепӯшонанд, занҳо сатрҳояшонро гирифта, дар сари чӯб парчам кардаанду озодии занҳо аз дасти охунд мегӯянд. Занҳои тоҷик бояд ба қадри ин озодие, ки занони Эрон надоранд, бирасанд.»

Як мавзӯе, ки ҳеч баҳс надошт ва фақат аз гуфтани таҳсину офарин иборат буд, мавзӯи пирӯзии намояндаи Тоҷикистон Чоршанбе Аловатов дар озмуни истеъдодҳои Осиёи Марказӣ буд.

Ҳама дар Фейсбук, Инстаграм ва вебсайти Радиои Озодӣ Чоршанберо офарину табрик гуфтаанд. Сабри Раҳмонӣ дар Фейсбук навиштааст, «чӣ қадар эҳсоси гуворост, вақте тоҷике аз минбарҳои ҷаҳонӣ сазовори баҳои олӣ мегардад. Офарин муваффақу сарбаланд бошед.»

"Чаро дурӯғ мегӯед, ҷанобони мансабдор"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:48 0:00

Ҳасан дар Инстаграм навиштааст: «Сазовор будед, ба ин ғалаба. Аз аввал то охир озмунро тамошо кардам ва барои Шумо ҳам паём фиристодам. Офарин бародар.»

Корбаре бо номи “Гордост” ҳам айни гапро дар вебсайти навишта ва гуфтааст: “Саҳнаро ба такон овардед. Ҳунарнамоии дастаи “Падида” ҳам бад набуд. Аҳсан, ман аз шодӣ гиристам.”

Шумо чӣ мегӯед ва ё мехоҳед бигӯед? Назаратонро сабт кунед ва ба ин рақам (+420) 607 900 808 ба мо фиристед. Вотсапу Вайбер, Телеграму Имо дорем.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG