Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси интиқоли пул ба Тоҷикистон. Мақомот аз беҳбудӣ мегӯянд, мардум аз камбудӣ. ВИДЕО


Имрӯз ба ҳар куҷое нигоҳ накунем, масъалаи фиристодани пул ба Тоҷикистон баҳс мешавад. Бонки Миллӣ даҳ рӯз пеш низоми нави пулгузарониро фаъол кард. Мақомот аз беҳбудӣ мегӯянд, мардум аз камбудӣ.

Як корбари сомонаи Радиои Озодӣ аз Русия наворе фиристод ва гуфт, ки барои интиқоли пул ба Тоҷикистон ба воситаи низоми “Юнистрим” соатҳо мунтазир мемонанд. Ду навори дигаре, ки гирифтем ба ин масъала рабт дорад ва онро аз Маскаву Ростови лаби Дон фиристодаанд. Муаллиф мегӯяд, пул доранд, аммо онро фиристода наметавонанд ва агар фиристанд ҳам, дар Тоҷикистон дастрас кардани он осон нест.

Дар як ҳафтаи ахир садҳо нафар дар сомонаи Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар Фейсбуку Инстгарам дар ин бора баҳс карданд. “Бандерас” дар Инстаграм навишт, “дар ҳар куҷое бӯйи пулро мефаҳманд, онҷоро дарҳол меқапанд. Пул ёфтан осон нест. Аввал бояд дар масъалаи кору санадҳо ба муҳоҷирон ёрӣ кунанд.”

Зафар дар сомонаи Радиои Озодӣ пурсидааст, “чаро Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон хомӯш аст”, дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ “як ниҳоди давлатӣ бозори молии кишварро монополия мекунад ва рақобатро аз байн мебарад.”

Ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон танҳо ду низоми интиқоли пул – Юнистрим ва Контакт, ки шартҳои Бонки миллиро пазируфтаанд, фаъол аст. Низомҳои дигар кор намекунанд.

Корбаре бо номи “Муҳоҷир” гуфтааст, “дар Тоҷикистон ягон вакил ё ҳизбе нест, ки ин гуна қонунро тафтиш кунад ва фоидаву зиёнашро ба мардум фаҳмонад. Агар он қадар муҳоҷир аз хориҷ ба кишвар баргарданд, Бонки миллӣ як дарсади онҳоро бо кор таъмин карда наметавонад.”

“Муҳоҷир аз Русия” изҳори хушнудӣ кардааст, ки “ба ҳар ҳол, масъала бе ҷанҷоли байналмилалӣ ҳал мешавад.” Вай афзудааст, “тарсида будам, ки ҳамаи ширкатҳо интиқоли пулро ба Тоҷикистон қатъ мекунанд ва кишвар дар блокадаи интиқол ва қабули пул мемонад.”

Барномаро дар инҷо бинед:

Баҳси интиқоли пул ба Тоҷикистон. Мақомот аз беҳбудӣ мегӯянд, мардум аз камбудӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:06 0:00

Як гузориши Радиои Озодӣ дар бораи онки муборизаи тӯлонии мақомот бо ришвату фасоди молӣ чӣ дод, низ баҳси зиёдро ба по кард. Сайиднуъмон гуфтааст, “барои аз байн бурдани фасод бояд ҷазои порадеҳро аз порахӯр дида ду баробар зиёд кард, чунки порахӯр якто бошад, порадеҳ – бисёр.”

Корбаре бо номи “Тоҷик” мегӯяд, “нозири роҳ 900 сомонӣ маош мегирад, чӣ хел даст ба ҷинояти коррупсионӣ назанад? Бо ин маблағ магар метавон зиндагӣ кард?”

Хонандаи дигаре бе зикри номаш пурсидааст, “чаро мардум дар масъалаи мубориза бо фасод бо мақомот ҳамкорӣ намекунанд?” Ва ҷавобашро ҳам навиштааст: “Барои он ки ба мақомот бовар надоранд, аз ҷумла ба Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.”

“Мардум” гуфтааст, “агар коррупсияро решакан кунанд, табибу омӯзгор ва ҳатто мақомдорон бо музди ночиз корпартоӣ мекунанд. Агар ҳукумат андозҳоро кам кунад ва ба соҳибкорон имкон фароҳам оварда, коррупсия худ аз байн меравад.”

Шарҳҳои ҷолиби худро дар сомонаи Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар Фейсбуку Инстаграм бинависед ва аксу видеоро ба ин шумораҳо фиристед.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG