Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз фирор ба ошёнаи 25 то назари тоҷикон доир ба эътирозҳо дар Эрон. Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Доду фарёд ва имдодхоҳии муҳоҷири тоҷик дар Русия, гурез ба ошёнаи 25-уми бино аз тарси милиса, қатори мошинҳо ва фарёди ронандагон дар Душанбе ва назари тоҷикон ба эътирозҳои Эрон аз мавзуъҳои барномаи имрӯз аст.

Як корбари Радиои Озодӣ дар бораи ҷавоне навор фиристод ва гуфт, ҳамин моҳ афсарони пулиси Русия дар шаҳри Краснодар бо вуҷуди мухолифату эътирози атрофиён ӯро дастгир карда, баъдан барои иқомати ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон рондаанд.

Видеои ҷолиби дигаре, ки аз Русия ба дасти мо расид, боз ҳам дар бораи муҳоҷирон аст, ки фаъолона ба мо видео мефиристанд. Муаллиф дар навор нақл мекунад, ки аз тарси милиса ба куҷо гурехт.

Аз Маскаву Русия бармегардем ва яке аз кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистонро мебинем. Дар инҷо субҳи 21-уми ноябр ба сабаби ҳаракати нодуруст ва шитоби ронандагон ҳама дармондаанд ва ба якдигар эътироз карда, доду фарёд мекашанд то роҳ холӣ шавад ва мардум ба ҷойи лозимӣ бирасанд.

Идомаи барнома ҳам дар бораи эътироз аст ва назари тоҷикон ба эътирозҳо дар Эрон, ки ба сабаби гарон шудани қимати бензин сар зад ва дар даҳҳо шаҳри ин кишвар паҳн шуд. Зери гузорише, ки дар ин бора дар вебсайти Радиои Озодӣ дорем, чандин нафар шарҳ гузоштаанд ва аз ҷумла корбаре бо номи Саримсоқ, ки бо киноя гуфтааст:

"Қанд занад мардуми тоҷик, ки ба ҳама сахтиҳо тобовар ва итоаткор аст. Нони қоқу об биёбанд, шукр мекунанд. Ба ҳама фишору зулм сабр мекунанд. Пушт ба пушт ин қавми одамизодро аз аввал тарсонидаанд, ки сарашро бояд боло набардорад."

Барномаро дар ин ҷо бинед:

"Қанд занад мардуми тоҷик..."
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Корбари дигаре бо номи "Ҳақиқат" навиштааст: "Чунин тазоҳурот бояд барои ҳукумати мо дарс шавад, чунки зиндагӣ рӯз ба рӯз он қадар мушкил мешавад, ки мардум аз ҳукуматдорон меноланд. Сабаби тазоҳурот болоравии нархи бензин аст ва агар нархҳо дар Тоҷикистон ҳамингуна боло равад, тоҷик хомӯш намеистад."

Хонандаи дигаре бо номи "Тоҷикистон" навиштааст, "на мулло ва на дигару дигар то он даме ки мардум аз ӯ ва сиёсатҳои ӯ розист, бояд сари қудрат бошад. Ҳар замоне ки мардум ба ӯ гуфтанд, рав ва мо аз сиёсатат розӣ нестем, пешорӯи роҳбар ду роҳ меистад: ё ислоҳот ва ё истеъфо."

Шумо ҳам назаре доред, пас, дар сайти интернетии мо нависед ва ё ба телефонҳои мо фиристед. Вотсапп, Телеграм, Вайбер ва ИМО ҳам дорем. То дидор дар барномаи дигар.

XS
SM
MD
LG