Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Он рӯз муҳофизон ва ронандаи Отахон Латифӣ наомаданд"


Отахон Латифӣ
Отахон Латифӣ

Рӯзи 18-уми март ба таваллуди журналист ва сиёсатмадори фақиди тоҷик Отахон Латифӣ 84 сол пур шуд. Ӯро бисту ду сол пеш дар сӯиқасди мусаллаҳона дар назди хонааш куштанд. Ҳарчанд гуруҳе ӯро яке аз мухолифони сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" дар замони Шӯравӣ мепиндоранд, шогирдонаш иддао доранд, ки маҳз бо талошҳои Отахон Латифӣ нерӯгоҳи "Норак" сохта шуда, тарҳи "Роғун" таҳия шуда буд.

Қатли Отахон Латифӣ рӯзи 22-юми сентябри соли 1998, замоне рух дод, ки вай тӯли як сол роҳбарии бахши ҳуқуқии Комиссияи оштии миллиро аз ҷониби мухолифон роҳбарӣ мекард. Ба гуфтаи Манзура Ёқубова, ҳамсари Отахон Латифӣ, он замон шавҳараш 62-сола буд ва онҳо баъди бозгашт аз Эрон, хонаашонро таъмир мекарданд.

Ба гуфтаи вай, дар рӯзи ҳодиса барои расонидан то меҳмонхонаи "Вахш", ки қароргоҳи Комиссияи оштии миллӣ дар он ҷо воқеъ буд, ба суроғи шавҳараш на ронанда омада буд ва на ду муҳофиз. "Баъд аз 15 дақиқаи аз хона баромадани шавҳарам, ҳамсоя занг зад ва хабар кушта шудани ӯро расонд", - нақл кард ӯ.

Хонум Ёқубова афзуд, "Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси онвақтаи шаҳри Душанбе мегуфт, ки бояд Латифиро дар оромгоҳи "Лучоб" дафн кунем. Аммо, барояшон гуфтам, ки Латифӣ аз мардуми оддӣ аст ва бояд бо мардуми оддӣ дар қабристоне дафн карда шавад... Пули зиёдатие барои ташкили маросими дафн ҳам надоштем. Он рӯз сафири вақти Эрон бароямон кумаки моддӣ расонд, намояндагии САҲА 500 доллар, қисми боқимондаи ҳаққи кори шавҳарамро оварда доданд".

Дар идомаи сӯҳбат Манзура Ёқубова гуфт, писаронаш Алихон ва Латифи Латифӣ аз маблағҳои шахсии худ сари қабри падарро обод карданд. "Ман ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон ариза навиштам, ки барои гиромидошти хотираи шавҳарам, ки чанд муддат муовини нахуствазири Тоҷикистон ҳам буд, мусоидат кунанд. Аммо, аз ин Маҷлис гуфтанд, ки ҳоло барои ин кор маблағ надоранд", - гуфт ӯ.

Гулрухсори Сафӣ, шоири номдори тоҷик мегӯяд, Отахон Латифӣ ба ҳеч гиромидоште аз сӯи мақомот ниёз надорад, зеро ин рӯзноманигори тоҷик аз замони худ хеле пеш рафта буд. Ба бовари вай, навиштаҳои Отахон Латифӣ мондагоранд ва мардуми тоҷик ба ин зудӣ онҳоро фаромӯш нахоҳанд кард.

Хонум Сафӣ мегӯяд, замоне ки Отахон Латифӣ хабарнигори нашрияи "Комсомолская правда" буд, вай низ узви Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон будааст. Вай аз ҳодисае ёдоварӣ кард, ки ба гуфтааш ба шуҷоату ватанпарастии Отахон Латифӣ далолат мекунад.

"Дар яке аз ҷаласаҳои Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон узви Бюрои комсомоли Шӯравӣ барои ноӯҳдабароӣ талаб дошт, ки як масъули минтақавии комсомоли Тоҷикистон аз вазифа сабукдӯш карда шавад. Ман ва Отахон Латифӣ ба ҳимояи ин шахс бархостем ва ба намояндаи Маскав собит сохтем, ки вай ҳақ надорад бе далели қатъӣ сарнавишти нафареро ҳал созад. Дар ниҳоят, ин намояндаи Маскав иқрор шуд, ки дар хулосабарориаш иштибоҳ кардааст".

Бархе афрод ба ин назаранд, ки мухолифати Отахон Латифӣ ва Гулрухсори Сафӣ бо сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" дар замони Иттиҳоди Шӯравии пешин сабаб шуд, ки ин нерӯгоҳ то ҳол пурра сохта нашудааст. Аммо, Шераки Ориён, адиби тоҷик мегӯяд, ки чунин тасаввур пурра хато аст:

"Отахон Латифӣ аз нафароне буд, ки аввал шуда зарурати сохтмони нерӯгоҳи "Норак" ва сипас нерӯгоҳи "Роғун"-ро дар назди мақомоти вақти шӯравӣ матраҳ карда буд. Гузашта аз ин, навиштаи ҳеҷ адиб ё хабарнигоре наметавонад дар сохтмони нерӯгоҳи бузург ҳалкунанда бошад".

Шераки Ориён афзуд, то замони сохтмони нерӯгоҳи "Норак" роҳбарияти давлати Иттиҳоди Шӯравӣ тасмим гирифта буд, ки барои рушди пахтакорӣ дар Туркманистон ва Узбекистон дар вилояти Хатлони кунунӣ обанбори бузурге бисозанд, ки баландии садди он дар ҳудуди шаҳри Бохтари феълӣ мебоист 47 метр бошад. Отахон Латифӣ дарк кард, ки дар пайи ин "сохтмони бузург" Тоҷикистон минтақаи муҳими парвариши пахтаи маҳиннах ва лимонҳоро аз даст медиҳад ва даҳҳо ҳазор нафар аз сокинони ин маҳалҳо бе ҷойи кор мемонанд. Вай ба Алексей Косигин, роҳбари вақти ҳукумати шӯравӣ номае навишта, зиёни ин лоиҳаро баён мекунад. Алексей Косигин номаро мутолиа карда, дастури лағви ин тарҳро содир мекунад."

Аз сӯи дигар, Шераки Ориён аз қавли Евгений Примаков, яке аз нахуствазирони вақти Русия мегӯяд, Отахон Латифӣ ба унвони хабарнигори беҳамто дар Осиёи Марказӣ шинохта шуда буд. Вай истеъдодҳои нав, аз ҷумла, адибону хабарнигорони ҷавон ба мисли Муаззама Аҳмадова, Муҳибулло Қурбон, Насрулло Асадулло ва чандин нафари дигарро аз минтақаҳои кишвар ба Душанбе оварда, соҳиби ҷойи кор ва хона кардааст.

Отахон Латифӣ 18-уми марти соли 1936 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, соли 1963 риштаи журналистии Донишгоҳи Ленинград ё Санкт-Петербурги имрӯзаро хатм кардааст. Дар поёни соли 1989 раҳбари вақти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов Латифиро муовини сарвазир таъин кард. Соли 1991 Латифӣ довталабона аз ин мақом истеъфо дод ва ба кори рӯзноманигорӣ баргашт.

Дар баҳори соли 1992 Отахон Латифӣ ҳамроҳ бо Акбари Турсон ва Лоиқ Шералӣ байни тазоҳуркунандагони ҷамъшуда дар ду майдони "Шаҳидон" ва "Озодӣ" миёнарав шуданд ва бо миёнаравии онҳо Ҳукумати муросои миллӣ таъсис ёфт. Дар поёни соли 1992, дар пайи ба Душанбе ворид шудани нерӯҳои Фронти халқӣ – яке аз тарафҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, Латифӣ тарки кишвар кард ва муддате дар Маскаву баъдан дар Теҳрон ба сар бурд.

Бо ин ҳама бисёре аз имрӯза рӯзноманигорон дар Тоҷикистон худро шогирди Отахон Латифӣ меноманд. Аммо, мақомоти тоҷик бо вуҷуди ҳатто муддате дар вазифаи муовини нахуствазири Тоҷикистон кор карданаш, то ҳол хиёбонеро ба исми ин сиёсатмадор ва рӯзноманигори тоҷик номгузорӣ накардаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG