Шоҳзода Карим Оқохони 4 ҳангоми яке аз сафарҳояш ба Тоҷикистон
Шабакаи Рушди Оқохон беш аз сӣ сол боз дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояаш тарҳҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро амалӣ мекунад. Саҳмияи ширкати мобилии “Tcell”, Бонки сармоягузорӣ ва қарзӣ ва меҳмонхонаи “Серена” дар Душанбе ба он марбут дониста мешавад.
Вале Бунёди Оқохон пас аз саркӯби хунини норозиён дар Хоруғу Рӯшон дар соли 2022, аз чанд бинои худ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳрум гашт. Аз ҷумла, Литсейи Оқохон, замини Донишгоҳи вобаста ба Шабакаи Оқохон, меҳмонхонаи “Серена” ва боғи марказии фароғатии шаҳри Хоруғ.
Сипас 9 сол дар мактаби Ле Розеи Швейтсария таҳсил намуда, соҳиби дипломи таърихи Исломи Ҳарвард мебошад. Дар 21-солагӣ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севум пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд.
Шоҳзода Карим Оқохон ҳамзамон сармоядор ва аз афроди бонуфузи ҷаҳон ба шумор мерафт ва ба ҳарфи ӯ на танҳо пайравони мазҳаби исмоилия, балки сиёсатмадорони воломақоми кишварҳои олам ҳам гӯш медоданд.
Шоҳзода Карим Оқохони 4 дар аксҳо
1/12Шоҳзода Карим Оқохон дар айёми ҷавонӣ
Шоҳзода Карим Оқохони чор, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон, ки бахше аз онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон ҳастанд, рӯзи чоруми феврал дар 88-солагӣ дар Португалия даргузашт. 68 сол бар тахти имомат нишаста буд.
2/12Оқохони 4 бо раисҷумҳури пешини Амрико Ҷон Кеннедӣ
Шоҳзода Карим Оқохони чор, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон, ки бахше аз онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон ҳастанд, рӯзи чоруми феврал дар 88-солагӣ дар Португалия даргузашт. 68 сол бар тахти имомат нишаста буд.
3/12Шоҳзода Карим Оқохон, Амрико, соли 1994
Шоҳзода Карим Оқохони чор, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон, ки бахше аз онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон ҳастанд, рӯзи чоруми феврал дар 88-солагӣ дар Португалия даргузашт. 68 сол бар тахти имомат нишаста буд.
4/12Оқохони 4 бо ҳамсараш Бегум Инаара, Бритониё, 1998
Шоҳзода Карим Оқохони чор, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон, ки бахше аз онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон ҳастанд, рӯзи чоруми феврал дар 88-солагӣ дар Португалия даргузашт. 68 сол бар тахти имомат нишаста буд.
5/12Шоҳзода Карим Оқохон бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, соли 2004