Собиқ афсари полис Кристофер Дорнери 33-сола барои куштори барқасдонаи ходимони полис ва аъзои хонаводаи онҳо муттаҳам мешавад. Дорнер бо пахши изҳороте ҳушдор додааст, ки барои дар соли 2008 аз кор барканор шуданаш ният дорад собиқ ҳамкорони худ - ходимони полис ва аъзои хонаводаи онҳоро ҳадаф қарор медиҳад. Мири шаҳри Лос-Анҷелес Антонио Виллайрайгоза шоми якшанбе гуфт, “Мо дигар ин террорро таҳаммул нахоҳем кард”. Дорнерро барои чанд куштор дар Калифорнияи Ҷанубӣ, аз ҷумла, қатли як афсари полис, як зану як мард, аз ҷумла, духтари як ходиси бознишастаи полис ҷустуҷӯ доранд. Бо пахши изҳороте Дорнер, ки дар гузашта дар нирӯҳои баҳрӣ ҳам хизмат кардааст, таҳдид кардааст, ки кушторҳои ӯ барқасдона буда, барои барканории ноодилонааш аз сафи полис сурат мегирад.
Мақомоти Лос-Анҷелес мегӯянд, ки ваъдаи тақдими як миллион доллар аз ҳисоби маблағҳои хусусии сокинони маҳаллӣ, созмонҳои мудофеи ҳуқуқи полис, ширкатҳои соҳибкорӣ ва ҳукумати маҳаллӣ карда шуда, ин баландтарин подош барои иттилоъ роҷеъ ба пинҳонгоҳи як ҷинояткори эҳтимолӣ дар таърихи Калифорнияи Ҷанубӣ гуфта мешавад.
Бори охир полис дар бораи маҳалли эҳтимолии пинҳоншавии Дорнер рӯзи панҷшанбеи гузашта шунидааст. Баъди як занги телефонӣ атрофи як фурӯшгоҳи канори Лос-Анҷелес муҳосира шуда, нишонаҳои Дорнер ҷустуҷӯ шуд, вале ӯ пайдо нашуд.
Ҳафтаи гузашта Дорнер дар саҳифаи Фейсбуки худ таҳдиде нашр карда гуфт, ки барканории ӯ аз сафи полиси Лос-Анҷелес дар соли 2008 иштибоҳ буд ва ӯ ният дорад, ки барои чунин тасмими "ноодилонаи" ҳамкорони собиқаш аз онҳо ва аҳли хонаводаашон қасдгирӣ кунад. Дар пай рӯзи якшанбеи гузашта хабаре омад, ки аз тири туфанги Дорнер як ходими амният ва арӯсшавандаи ӯ – Кейт Лоуренси 27 ва Моника Кйюни 28-сола кушта шуданд. Ҷасади ин ду нафар дар ҷануби Лос-Анҷелес дар як қароргоҳи мошинҳои шаҳри Ирвин пайдо шуд. Падари Кйюн Рендӣ дар як мурофиаи ахлоқии Департаменти полиси Лос-Анҷелес аз Дорнер намояндагӣ кардааст. Дар ин муҳокима иттилои бардурӯғи истифодаи зӯр нисбати як марди бехонаву дар аз ҷониби як афсари баландпояи полис баррасӣ шудааст. Дорнерро инчунин дар куштори як афсари 34-солаи полис айбдор мекунанд.
Ҳоло нирӯҳои полис ва амнияти Лос-Анҷелес бо истифодаи чархболҳои низомӣ амалиёти ҷустуҷӯи Дорнерро роҳандозӣ кардаанд.
Радиои Озодӣ