Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгоронро ба шарҳнависӣ дар ҳимояти Рамзан Қодиров даъват карданд


Рамзан Қодиров, раҳбари Ҷумҳурии Чечен

Дар Чеченистон муаллимони мактабҳоро вазифадор карданд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳимояти сарвари ҷумҳурӣ Рамзан Қодиров ва аҳли оилаи ӯ ва зидди хабари ҷорӣ шудани таҳримҳои ИМА нисбаташ шарҳ нависанд. Дар ин бора ба нақл аз чандин омӯзгор аз минтақаҳои гуногуни Чеченистон сомонаи "Кавказский узел" хабар додааст. Чунончӣ, ба гуфтаи Луиза, муаллими мактаби ноҳияи Урус-Мартан, ҳама кормандони ин муассисаи таълимӣ аз мудири он торпайванди ҷусторе дар бораи Қодировро ҳамроҳ бо дастуре гирифтанд, ки "ҳарчӣ бештар ба он шарҳ нависанд" ва "ҳарчӣ зудтар, беҳтар". Ҷонишини мудири мактаб дар ноҳияи Шолӣ ба номи Яҳё хабар дод, ки як мансабдори баландрутбаи Вазорати маорифи Чеченистон ба мудири муассисаи таълимӣ дастур додааст, ки аз шумораи шарҳҳои навишташуда ба тарафдории Қодиров ҳисобот диҳад. Ду рӯз пеш Департаменти давлатии ИМА нисбати зан ва ду духтари Рамзан Қодиров таҳримҳо ҷорӣ карда, вуруди онҳоро ба "бинобар нақзи пайвастаи ҳуқуқи инсон" дар Чеченистон манъ кард. Ҳамзамон, чанд рӯз пеш аз ҷорӣ шудани таҳримҳо Kavkaz.Realii хабар дод, ки кормандони ниҳодҳои буҷавӣ дар Чеченистон ташвиқ карда шуданд, ки раҳбари ҷумҳуриро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ситоиш кунанд. Ба гуфтаи расонаҳо, кормандони давлатӣ бояд ҳар моҳ скриншоти ҳадди аққал 10 шарҳи худро ба роҳбари хеш фиристанд.

Худи Рамзан Қодиров, қарори Департаменти Давлатии Амрикоро дар бораи таҳримҳо шарҳ дода гуфт, ки зан ва духтарони ӯ омодаанд, агар манфиатҳое дар Иёлоти Муттаҳида доранд, онҳоро аз даст диҳанд. Вай ҳамчунин гуфт, ки ба ғайр аз ду духтараш, боз 12 фарзанд дорад ва аз Департаменти Давлатӣ даъват кард, ки онҳоро ҳам ба рӯйхати таҳримҳо дохил кунад.

Моҳи декабри соли 2017 Вазорати молияи ИМА сарвари Чеченистонро ба рӯйхати таҳримоти Магнитский илова карда буд. Вазорат ӯро барои шиканҷа ва қатли ғайрисудӣ ҷавобгар мешуморад.

XS
SM
MD
LG