Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон соҳиби Омбудсмени нав мешавад? ВИДЕО


Бонки миллии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон идораи Омбудсмени молиявӣ таъсис дода хоҳад шуд. Бонки миллии кишвар низ дар стратегияи "Рушди ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарони хизматрасониҳои молиявӣ то соли 2021", ин нуктаро зикр кардааст.

Бо шурӯи бӯҳрони иқтисодӣ дар соли 2014 ҳаҷми қарзҳои саривақт пардохтношуда ба бонкҳо аз 13 фисади қаблӣ то ба 20 дарсад расид.

Оилаи Муродовҳо панҷ сол боз барои раҳондани ягона манзили зисташон аз чанги бонк дар талошанд. Модари ин хонавода барои пешбурди тиҷорат ва таъмини харҷи 7 фарзандаш соли 2010 аз бонк 33 ҳазор доллар қарз гирифт, аммо дар ин миён кори тиҷорат омад накард. Ҳамакнун бонк аз тариқи додгоҳ талош дорад, ягона манзили ин хонаводаро фурӯхта, қарзашро ҷуброн кунад.

"Бехабар будем, ки хона ба гарав гузошта шудааст"

Худоёр Муродов
Худоёр Муродов

Аммо, ба гуфтаи Худоёр Муродов, ҳангоми додани қарз ва ба гарав гирифтани манзил, бонк аз ӯ ва бародаронаш, ки болиғанд, иҷозат напурсида буд. Ҳол онки қонунҳои Тоҷикистон ба гарав гирифтани манзили зистро бидуни иҷозаи фарзандони болиғ манъ кардааст.

Худоёр Муродов мегӯяд, "хабардор набудем, ки хона дар бонк ба гарав гузошта шудааст. На ҳуқуқшинос ва на экспертҳои бонк омада, хонаи моро арзёбӣ накарда буданд ва мо тавре қонун талаб мекунад, дар ҳузури нотариус барои ба гарав мондани манзиламон розигӣ надода будем." Дар панҷ сол ин хонавода панҷ бор вориди баҳси додгоҳӣ шуда, аммо ҳамоно мушкилашон ҳалле пайдо накардааст.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Тоҷикистон соҳиби як Омбудсмени дигар мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Қазияи хонаводаи Муродовҳо ва баҳсу кашмакашҳои додгоҳиашон дар Тоҷикистон ягона нест. Бо шурӯи бӯҳрони иқтисодӣ дар соли 2014 ҳаҷми қарзҳои саривақт пардохтношуда ба бонкҳо аз 13 фисади қаблӣ то ба 20 дарсад расид. Аз сӯи дигар, ду бонк "Тоҷиксодиротбонк" ва "Тоҷпромбонк" пардохтпазириашонро аз даст доданд ва "Агроинвестбонк" низ дар пардохти пули муштариёнаш дучори мушкил шуд. Дар ин росто шумораи баҳсҳои додгоҳии муштариёну бонкҳо тайи соли охир ба маротиб афзуд. Ин аст, ки ахиран Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифт, дар кишвар мусолиҳагар ё Омбудсмени молиявӣ таъсис дода шавад.

"Баррасии шикоятҳо дар додгоҳ... самарабахш нест"

Бонки миллии Тоҷикистон таъсиси идораи Омбудсмени молиявиро дар стратегияи "Рушди ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарони хизматрасониҳои молиявӣ то соли 2021" зикр кардааст. Ин бонк дар шарҳи зарурати таъсиси чунин ниҳод гуфтааст, "баррасии шикоятҳо дар додгоҳ тибқи маъмул самарабахш набуда, барои бисёре аз мизоҷон бинобар пурхарҷ буданаш дастрас нест". Бонки миллӣ мегӯяд, Омбудсмени молиявӣ усули алтернативии фасли баҳсҳои молиявӣ хоҳад буд, ки кораш аз додгоҳ дида, барои мизоҷон дастрас ва самаранок хоҳад буд.

Аммо коршиносони умури молия дар Тоҷикистон таъсиси ниҳоди хосаи Омбудсмени молиявиро барои ҳалли баҳсҳои додгоҳӣ коромад намешуморанд. Шамсиддин Ҷалолов, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография мегӯяд, "мушкили омбудсмен дар он аст, ки ҳарфи ӯ характери тавсиявӣ дорад, на ҳалкунанда. Аз ин рӯ, ин гуна масъалаҳоро танҳо судҳои иқтисодӣ дар тамоми зинаҳо метавонанд ҳал кунанд."

Бояд чанд Омбудсмен бошад?

Ҷалолов афзуд, дар Тоҷикистон идораи омбудсмен аллакай фаъол аст, ки "ҳадафаш ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон аст. Яъне, ҳимояи ҳуқуқ дар ҳама ҷанбаҳо: ҳам ҳуқуқи сиёсӣ, молиявӣ ва ё иҷтимоӣ."

Шамсиддин Ҷалолов
Шамсиддин Ҷалолов

Аммо Бонки миллӣ дар ин ҳуҷҷати роҳбуридаш баҳсҳои додгоҳиро дар ҳимояи ҳуқуқи муштариён "бесамар ва пурхарҷ" номида мегӯяд, дар шароити кунунӣ таъсиси идораи мустақили омбудсмени молиявӣ, ки сирф баҳсҳои молиро баррасӣ мекунад, зарур аст.

Бархе аз донандагони умури бонкӣ низ мегӯянд, фаъол шудани як ниҳоди дигаре мисли Омбудсмени молиявӣ барои муштариён равзанаи дигаре барои шикоят ва додхоҳӣ боз мекунад, ки албатта ба манфиат аст. Айни замон ба таъкиди коршиносон, дар кишварҳои хориҷӣ низ ниҳоде хосаи омбудсмени молиявӣ вуҷуд надорад ва ин гуна баҳсҳо аксаран дар додгоҳҳо ҳаллу фасл мешаванд.

Аммо Худоёр - писари бузурги хонаводаи Муродовҳо, ки аз такудави баҳси панҷсола бо бонк дар додгоҳ хаста шудааст, ба ин иқдоми Бонки миллӣ бо умед менигарад. Мегӯяд, дар пирӯзии адолат дар додгоҳҳо бовараш намондааст ва умед дорад, ки шояд омбусмени таъсисмедодаи Бонки миллӣ ба дарди ӯ бихӯрад.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG