Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳукумат дар рӯзҳои ид нархҳоро назорат мекунад"


Саъди Қодирзода.
Саъди Қодирзода.

Парлумони Тоҷикистон қонун "Дар бораи ҳимояи рақобат"-ро қабул кард, ки ҳадафи он, танзими нархҳо дар рӯзҳои ид аз ҷониби ҳукумат ва назорати ширкатҳои ҳукмфармо дар бозор мебошад.

Бар асоси ин қонун, ки рӯзи 1 феврал дар ҷаласаи парлумони Тоҷикистон бо иттифоқи оро қабул шуд, ширкатҳое, ки саҳмашон дар бозор аз 15 дасад зиёд аст, ба феҳрасти ширкатҳои монополист ворид хоҳанд шуд ва фаъолияташон назорат мешавад.

Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 1 феврал зимни муаррифии ин тарҳи қонун гуфт, ки ҳадаф қабули ин қонун, таъмини рақобати солим дар бозори мол ва хизматрасонӣ мебошад. Ба гуфтаи вай, яке аз ҳадафҳои дигари ин қонун, ҷилавгирӣ аз болоравии нархҳо дар арафаи идҳо мебошад. Саъдӣ Қодирзода гуфт, ки тибқи муқаррарот, ҳукумат номгӯи молҳои иҷтимоиро таҳия мекунад, ки барои зиндагии мардум хеле зарур ҳастанд ва новобаста аз ҳар гуна ҷашну идҳо, нархи онҳо бояд боло бурда нашаванд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон низ гуфт, ки иқтисоди Тоҷикистон дар давраи гузариш қарор дорад ва бояд аз монополия дар бозор ҷилавгирӣ шавад. Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон афзуд, бинобар муҳим будани ин масъала, ки ба ҳаёти ҳама сокинони кишвар дахл дорад, таҳияи ин қонун ба дарозо кашид ва дар ниҳоят қабул шуд.

Ҳамасола дар остонаи идҳо ва маросимҳое чун Иди Фитр, Иди Қурбон, Соли нав ва 8-уми март нархҳо дар бозорҳои кишвар боло рафта ва норозигии муштариёнро ба миён меоварад. Вале боз ҳам бо тавваҷӯҳ ба он, ки оростани дастархони идона ба як суннати аслии мардум табдил шудааст, сокинон қабл аз ин гуна идҳо, сармояиҳои андӯхтаи худро барои таҳияи ин дастурхон харҷ мекунанд.

XS
SM
MD
LG