Пайвандҳои дастрасӣ

Тахфифҳои солинавӣ воқеият аст, ё фиреби назар? ВИДЕО


Поин овардани қимати молу маҳсулот дар фурӯшгоҳҳо дар арафаи соли нави мелодиро бархе сокинони Душанбе усули ҷалби муштариён ва фиреби назар меноманд.

Файзулло Маҳмадуллоев, сокини Душанбе мегӯяд, ки ба ин "арзон карданҳо" бовар надорад. Ба гуфтаи ӯ, моҳе пеш як телефонро 1900 сомонӣ харида буд ва ҳоло нархи айни телефон дар ҳамон мағоза 2100-2200 сомонӣ навишта шудааст ва зераш навиштаанд, ки қимати телефонро поин овардаанд 1900 сомонӣ мефӯрушанд.

Дар фурӯшгоҳҳо дида мешавад, ки тахфифи солинавӣ аз 5 то 75 дарсадро ташкил медиҳад. Масъулони мағозаҳо мегӯянд, шояд бархе тоҷирон барои ҷалби муштарӣ қиматҳоро дар мавсими ид боло нишон дода, чанд дарсад тахфиф эълон кунанд, аммо ширкатҳое, ки мизоҷ доранд ва худро эҳтиром мекунанд, харидорро фиреб намекунанд.

Сайёра Ҳакимова, фурӯшанда дар мағозаи “STAR”-и Душанбе мегӯяд, ки, “агар бовар накунед, муштариёни моро пурсед. 7 моҳ пеш нархҳое, ки дар мағозаи мо буд, дар системаи компютерӣ ворид карда шудааст, аз ҳамон нархҳо мо метавонем, арзон кунем, тахфиф барои нархҳоро аз 10 то 30 дарсад эълон кардем."

Харидороне, ки мушоҳидакоранд ва қиммати молу маҳсулот дар мағозаҳоро мушаххас медонанд, ба тахифифи молу маҳсулоти теъдоде аз фурӯшгоҳҳо бовар доранд ва харидорӣ мекунанд.

Фаррух Артиков, як харидор дар фурӯшгоҳи "Милано мода" гуфт, ки қаблан ба ҳамин мағоза меомад ва дар пойафзоли чарминеро нишон дод, ки ба гуфтаи ӯ, аз ин қабл низ қиматаш 1600 сомонӣ буд. Вай афзуд, ки ҳоло ин фурӯшгоҳ аксия эълон кардааст ва нархи ин пойафзоли чармин 399 сомонӣ шудааст: "Дар ҳақиқат ҳамаи молҳояш босифат ва арзон аст. Дар баъзе мағозаҳо аксия менависанд, вайҳо аз рӯи ҳақиқат кор намекунанд."

Марям Исоева, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "масалан барои ман 25 фоиз нархро арзон карданд, пештар албатта нархашон баландтар буд, ҳазору чанд, ҳамаи чизҳое, ки ин ҷо ҳаст, бад мегӯянд, ки фоизашон ҳамин қадар арзон карда мешавад."

Ҳарчанд барои нархи молу маҳсулот тахфифи идона то 75 дарсад эълон шудааст, аммо дар дӯкону мағозаҳои пойтахт кашмакаш барои моли арзон ба мушоҳида намерасад.

Тоҷирон мегӯянд, ҳадафи тахфиф ба ҳар роҳу усул фурӯхтани молу маҳсулоти мавсимӣ ва ҷамъоварии пул барои пешниҳоди муд дар мавсими нав аст. Харидорон мегӯянд, баъзан нарху наво дар баъзе ғайривоқеӣ баланданд, ки ҳатто бо тахфифҳои боло низ, нархашон дастнорас боқӣ мемонанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG