Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии Суғд алайҳи 8 мансабдори маҳаллӣ дар робита ба ғайриқонунӣ додани қитъаҳои замин барои сохтмони манзил парвандаҳои ҷиноӣ боз кардаааст.

Дар ин иртибот даҳҳо масъулони дигар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашида шудаанд. Мушкилоти иҷрои қонуни замин, муроҷиати шаҳвандон дар ин иртибот ва риояти қоидаҳои шаҳрсозию меъморӣ дар

Аз миёнаравҳое, ки додгоҳ онҳоро бо ҷазои ҷарима озод карда буд, пуламонро пурсем, мегӯянд, ки "нест, ҳамаашро сарф кардем". То ҳозир пуламонро нагирифтаем.

ҷаласаи шӯрои машваратии додситонии Суғд рӯзи 23 ноябр мавриди арзёбӣ қарор гирифт.

Додситонии Суғд мегӯяд, дар соли равон вазъ назар ба солҳои қаблӣ то андозае беҳбуд ёфта, вале боз ҳам мансабдорони масъул дар додани қитъаҳои замин барои бунёди манзил ва сарфи назар шудани нақшаи кулл ва талаботи меъмориву шаҳрсозӣ зиёд ба қонуншиканӣ даст мезананд.

Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилояти Суғд гуфт, аз қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо сокинони оддӣ, ки ба нияти сохтмони манзил қитъаи замин мегиранд, зарар мебинанд:

“Дар ин давра бо эътирозҳои прокурорӣ 60 аз 193 қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо дар бораи иҷозат барои сохтмони бинову иншоот дар қитъаҳои замин ғайриқонунӣ дониста ва бекор карда шуданд”.

Пора барои замин

Дар соли равон ду корманди Кумитаи замин дар вилояти Суғд бо иттиҳоми қаллобӣ ва гирифтани пора бо ваъдаи додани қитъаи замин ба сокинон, дастгир шуданд. Ба навбати худ кормандони Кумитаи замин низ 71 мавриди хариду фурӯши замин ва худсарона ишғол кардани онро ошкор карданд.

Қазияи аз ҳама пурсару садои аз роҳи санадҳои қалбакии фурӯши замин аз худ кардани наздики ним миллион доллари даҳҳо сокинони Хуҷанд аз ҷониби як гурӯҳи миёнаравҳо ва собиқ масъулони Кумитаи заминсозӣ ва геодезии ҳукумати шаҳри Хуҷанд Хуршед Уматқулов ва Муин Мансуров аст.

Парвандаи ин қазия пас аз эътирози мақомоти додситонӣ аз нав дар додгоҳи Хуҷанд бозбинӣ мешавад. Мақомоти тафтишотӣ бар асоси шикояту аризаҳои ҷабрдидаҳо маблағи аз мардум гирифтаи ин афродро ҳудуди 460 ҳазор доллар мушаххас кардааст. Яке аз афроди фиребхӯрда Даврон Пӯлодов, сокини шаҳри Хуҷанд аст, ки мегӯяд, бо умеди бунёди хонаи нав, ӯ соли 2016 бо ёрии миёнараве дар Хуҷанд ду қитъаи 6 сотихии заминро бо арзиши 14 ҳазор доллар ба даст овард.

Вале баъдан маълум гардид, ки санадҳои ӯ тақаллубӣ буданд. Ҳоло на замин ва на пулҳои худро ба даст оварда наметавонад. Ӯ рӯзи 23 ноябр дар суҳат бо радиои Озодӣ гуфт:

“Аз миёнаравҳое, ки додгоҳ онҳоро бо ҷазои ҷарима озод карда буд, пуламонро пурсем, мегӯянд, ки "нест, ҳамаашро сарф кардем". То ҳозир пуламонро нагирифтаем.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, мисли ӯ беш аз 20 сокини Хуҷанд ҳамин тавр барои соҳиб шудан ба 6 сотих қитъаи замин ва бунёди хонаи истиқоматӣ ба миёнаравҳо аз 7 то 20 ҳазор доллар пул доданд. Ҳамаи онҳо худро фиребхӯрда меноманд ва талош доранд аз роҳи додгоҳ пулҳои худро аз дасти миёнаравону масъулон рӯёнанд.

Кор дар ниҳоят бо ҷавобгарии ҷиноӣ меанҷомад

Вале Ҷамшед Умарзода, раиси кумитаи замини Суғд дар як суҳбати худ бо рӯзноманигорон гуфт, бархе сокинон барои бенавбат соҳиби қитъаи замин шудан бо роҳи ришвадиҳӣ талош мекунанд ба ҳадаф расанд, вале фиреб мехӯранд ва маблағҳояшонро аз даст медиҳанд.

Ӯ афзуд: “Ғайр аз ин, ҳолатҳое ҳам ошкор намудем, ки сокинон аз надонистани қонун қитъаи заминро худсарона ишғол кардаанд ва дар он хонаву иншоот бунёд кардаанд. Мо ингуна мавридҳоро ошкор намуда, ҷиҳати ҷораҷӯи ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод мекунем”.

Дар ҳоле ки замин дар Тоҷикистон моли давлат ҳисоб мешавад ва тибқи қонун фурӯши он манъ аст, боз ҳам ҳамасола даҳҳо нафар ба умеди харидани замин фиреб мехӯранд ва он гоҳ ба мақомот муроҷиат мекунанд. Бисёриҳо мегӯянд, бидуни пардохти ришва гирифтани қитъаи замин барои сохтмони хона ё коргоҳу дигар иншооти ҷамъиятӣ тақрибан номумкин шудааст. Онҳое, ки бепул ба қитъаи замин соҳиб мешавад, бештар кормандони бахши буҷавӣ - табибон, муаллимон, рӯзноманигорон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳастанд, ки баъди навбатпоиҳои бисёрсола соҳиби замин ва сертификат мешаванд.

Дар Тоҷикистон, ки 93 дарсадаш кӯҳистон аст, дастрасӣ ба замин ва бунёди манзил мушкили рақами яки аҳолӣ маҳсуб мешавад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG