Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Дигар наметавонем чунин фоҷиаҳоро таҳаммул кунем"


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, гуфт, бояд ба хушунат бо истифода аз силоҳ дар Амрико хотима гузошта шавад.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, хостори муҳаббату ниёиш барои 26 хонаводае шуд, ки пайвандонашон бар асари ҳамла ба як мактаби ибтидоии шаҳри Нютауни аёлати Коннектикут ҷон бохтанд. Ҳамла боиси марги 20 толибилми шаш-ҳафтсола ва шаш омӯзгори мактаб шуд.

Раисиҷумҳури Амрико дар як маросими мазҳабӣ дар Нютаун суханронӣ кард ва бо пайвандони қурбониён дар алоҳидагӣ гуфтугӯ дошт. Барак Обама тайид кард, ки Иёлоти Муттаҳида барои дифоъ аз кӯдакон корҳои кофиро анҷом надодааст ва Амрико бояд ба хушунат бо истифода аз силоҳ хотима гузорад.

Ахиран пулиси Коннектикут эълом дошт, ки куштори атфоли бегуноҳ ва омӯзгорони онҳо кори дасти Адам Ланза, сокини 20-солаи шаҳри Нютаун аст. Замони ҳамла ба мактаб ӯ бо худ ду туфангча, милтиқ ва садҳо дона тир дошт.
Масъулини пулис ҳамчунин тасдиқ карданд, ки Адам Ланза пеш аз ҳамла ба мактаб модарашро ҳам парронда ва то расидани кормандони хадамоти вижа даст ба худкӯшӣ задааст.

Баъд аз анҷоми ниёиш ва дуо барои 26 қурбонии фоҷиа дар мактаби ибтидоии Сэдни Ҳук, Барак Обама ба пайвандони қурбониён гуфт, “ман ба ин ҷо ба Нютаун барои он омадам, ки ба шумо муҳаббат ва ниёши ҳама кишварро расонам”. Ӯ афзуд, “ман хуб дарк мекунам, ки ин суханони оддӣ наметавонанд баёнгари андуҳи беканори Шумо бошанд ва наметавонанд захмҳои дили Шуморо шифо бахшанд.”

Ба гуфтаи Обама, тайи муддати раёсатҷумҳурияш бори чаҳорум аст, ки дар Амрико чунин куштори оммавӣ рӯх медиҳад ва “бори чаҳорум аст, ки мо хонаводаҳои қурбониёнро тасаллӣ медиҳему ба сабурӣ даъват мекунем”. Барак Обама гуфт, бояд ба хушунат бо истифода аз силоҳ дар Амрико хотима гузошта шавад.“Мо наметавонем аз ин баъд ин гуна ҳодисаҳаро таҳаммул кунем, ин фоҷиаҳо бояд хотима ёбанд. Бо хатми ин хушунатҳо худи мо ҳам бояд тағйир ёбем”,-изҳор намуд ӯ.

Раисиҷумҳур ваъда дод, ки барои ҷилавгирӣ аз ин гуна ҳодисаҳо дар оянда талош мекунад ва аммо аз ироаи ҷузъиёти бештар дар ин бора худдорӣ намуд. Дар поёни суханронии худ Барак Обама ному насаби ҳама қурбониёни фоҷиа – 12 духтару 8 писари хурдсол ва шаш корманди мактабро қироат кард.

Рӯзи якшанбе сенатор аз ҳизби демократ Диана Файнштейн изҳор намуд, ки моҳи январ мавзӯи манъи фурӯши силоҳро барои баррасӣ ба Конгресс пешниҳод хоҳад кард. Аммо бештари аъзои Ҳизби ҷумҳурихоҳон аз қабули қонунҳои назорат аз болои силоҳ мухолифанд, зеро, ба гуфтаи онҳо, аз як сӯ, бо қабули ин гуна қонун наметавон аз ҷиноятҳои афроди хилофкор ҷилавгирӣ кард ва аз сӯи дигар, ин нақзи ҳуқуқи амрикоиҳо барои бо худ силоҳ доштан хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG