Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёмҳои берлинии Обама ба ҷаҳониён


Раисиҷумҳури Амрико гуфт, кишвараш сеяки таслиҳоти стратегии ҳастаии худ ва ҳамчунин силоҳи тактикияш дар Аврупоро коҳиш хоҳад дод ва дар ин бобат бо Русия вориди гуфтугӯ хоҳад шуд.

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама гуфт, вай мутамин аст, ки кишвараш бо коҳиши сеяки таслиҳоти ҳастаияш низ амнияти Амрико ва ҳампаймонҳои онро таъмин хоҳад кард. Вай афзуд, мақсад дорад дар ин бобат бо Русия вориди музокира шавад. Чунин коҳиш захираҳои силоҳи ҳастаии ИМА ва Русияро то наздик ба 1000 кулоҳак кам хоҳад кард.

Манзури Обама аз "сеяк" ба созишномаи соли 2010-и миёни ИМА ва Русия дахл дошт, ки ба тарафҳо иҷоза медиҳад, ҳар кадом 1550 кулоҳаки ҳастаӣ дошта бошанд ва аз онҳо танҳо 700 кулоҳак омодаи истифода. Дар Маскав, раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин гуфт, кишвараш ба нобаробарии захираҳоио силоҳи ҳастаӣ ҳамчун боздорандаи тарафҳо иҷоза нахоҳад дод. Пештар, ёвари аршади умури сиёсати хориҷии Путин Юрий Ушаков гуфт, раванди коҳиши захираҳои ҳастаӣ бояд кишварҳои дигарро низ дар бар гирад. Вай афзуд, Обама аз тарҳи нави худ Путинро рӯзи душанбе дар мулоқоти G8 дар Ирландияи Шимолӣ огоҳонидааст.

Ноиби сарвазири Русия, Дмитрий Рогозин гуфт, кишвараш то замоне ки Иёлоти Муттаҳида нақшаи ҷойгирсозии сипари зиддимушакияш дар Аврупоро дунбол мекунад, пешниҳодҳои коҳиши таслиҳоти ҳастаиро "ҷиддӣ" нахоҳад гирифт. Ин баёнияҳо аз ноҳамвории равобити миёни ИМА ва Русия хабар медиҳанд, ки талошҳои охир ба беҳбуди онҳо мусоадат накардааст.

Обама инчунин гуфт, кишвараш ҳамроҳ бо НАТО ва Русия масъалаи коҳиши силоҳи тактикии тарафҳо дар Аврупоро низ баррасӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида ба созишномаи манъи таҷрибаҳои ҳастаӣ шарик мешавад ва дар соли 2016 ҳамоиши байнулмилалии амнияти маводи ҳастаиро баргузор менамояд. Обама изҳор дошт, ин талошҳо Кореяи Шимолӣ ва Эронро аз орзуҳои дастрасӣ ба силоҳи ҳастаӣ боз хоҳад дошт.

Барак Обама дар ҳоле ки нахустин бор ҳамчун раисиҷумҳури Амрико ба Олмон сафари расмӣ дошт, рӯзи чаҳоршанбеи 19-уми июн дарвозаҳои Бранденбурги Берлинро як макони таърихӣ номид ва дар намунаи таърихи он ихтилофоти Ғарбу Шарқ аз талошҳои мардуми тақсимшудаи олмонӣ ба озодӣ ва иттиҳод ситоиш кард. Вай гуфт, замоне аз ин ҷо деворе мегузашт, ки олмониҳоро ба шарқӣ ва ғарбӣ тақсим карда буд ва ҳоло ин девор несту ӯ аз ҳудуди шарқии дарвоза паём медиҳад.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама фурӯпошии девори Берлинро пирӯзии демократия ва озодӣ номид ва гуфт, ҳар гоҳ диктатурае фурӯ мепошад, ҷойи онро демократия мегирад. Вале ӯ аз таҳдидҳои ҷаҳони имрӯз низ ёд кард ва гуфт, ҳарчанд онҳо ба монанди таҳдидҳои 50 сол пеш бузургу хатарзо нестанд, вале вуҷуд доранд.

Обама ба коҳиши силоҳи ҳастаӣ даъват кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:42 0:00

Обама аз маконе ба оламиён паём медод, ки ним аср пеш дар ин ҷо раисиҷумҳури пешини Амрико Ҷон Кеннедӣ ибораи машҳури "ман ҳам як берлиниям"-ро ба забон оварда буд. Ҳарчанд имрӯз ин ибораи Кеннедӣ ҳамарӯза нақли қавл мешавад, афзуд Обама, идомаи сухани ӯ фаромӯш шудааст, ки мегуфт, то дар ҷаҳон адл ҳоким нагардад, таҳдидҳо боқӣ мемонад. Обама гуфт, ин ҳарф имрӯз ҳақиқат дорад, зеро то замоне ки силоҳи ҳастаӣ вуҷуд дорад, таҳдид ҳам боқӣ мемонад ва то замоне ки терроризм шикаст дода нашудааст, хатари он идома хоҳад кард. То замоне ки гуруснагӣ мавҷуд аст, ҳеҷ бахше аз ҷаҳон наметавонад, хушбахт бошад. Нобаробарӣ ва таҳаммулнопазирӣ таҳдидҳоро қувват медиҳанд ва б ештар мекунанд.

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида изофа кард, ки танҳо иттиҳоди ҳамагон, талошҳои якҷояи Амрико ва Аврупо метавонад, мушкилоти қарни 21-ро ҳал кунад ва сулҳу адолатро густариш диҳад. То замоне ки ҳамаи аҳли башар соҳиби имкониятҳои баробар нагардад, таҳдидҳо боқӣ хоҳанд монд. Барак Обама гуфт, бояд чунин андешае дар миён набошад, ки мардумони берун ва дур аз Аврупову Амрико хостори сулҳ, адолат ва рушд нестанд.

Президенти Амрико ибораи "Девори Берлин"-ро дар поёни суханронияш низ ба сифати як рамз истифода кард. Вай гуфт, ҳарчанд девор фурӯ афтодааст, дар дилҳо ва ботинҳо деворе пайдо шудааст, ки б а пазируфтани мардумони дигар ва одату фарҳангҳои дигар халал мерасонад ва тарсеро дар дилҳо эҷод мекунад, ки дар ниҳояти амр боиси нобоварӣ ва таҳаммулнопазирӣ мегардад ва ба ормонҳои сулҳу адли ҷаҳонӣ латма мезанад. Раисиҷумҳури Амрико гуфт, кишвараш ва Аврупо ёрмандии худро ба Афғонистон ва Ироқ қатъ накунанд. Зоҳиран, ӯ ба он ишора кард, ки яке аз ваъдаҳои асосии пешазинтихоботии худ -- поёни ҷанг дар Ироқ ва Афғонистонро иҷро мекунад. Дар ин фурсат ӯ як паёми Ҷеймс Мэдисон, яке аз асосгузорони ИМА-ро хотиррасон кард, ки ҳеҷ кишваре, ки дар ҳоли ҷанг аст, наметавонад ба демократия ва адолат даст ёбад.
XS
SM
MD
LG