Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба зарбаҳои нишонгирона дар Ироқ иҷоза дод


U
U

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дастур дод, ки нерӯҳои кишвараш дар Ироқ ба пайкорҷӯёни ДОИШ зарба зананд.

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки вай иҷоза додааст, то низомиён дар сурати зарурат барои дифоъ аз низомиёни Амрико ва кормандони дипломатии кишвараш дар шимоли Ироқ дар шаҳри Ирбил бар зидди тундравҳои исломӣ ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом диҳанд.

Обама дар идома ба даҳҳо ҳазор язидиҳо ишора кард, ки дар муҳосираи тундравҳои Давлати Исломӣ қарор доранд. Вай гуфт: “Мо бояд бодиққат ва масъулият рафтор кунем ва аз куштори дастаҷамъӣ пешгирӣ шавад”.

Ҳамзамон раисиҷумҳури Амрико гуфт, вай ба ҳеч ваҷҳ иҷоза нахоҳад дод, ки ИМА даргири як ҷанги нав дар Ироқ шавад.

Обама гуфт, барои ҳамин ба ҳамлаҳои нишонраси ҳавоӣ иҷоза додааст, то дар сурати зарурат ба нируҳои Ироқ кӯмак шавад ва муҳосираи шаҳрвандон хотима ёбад. Ба гуфтаи Обама, ҳоло ҳавопаймоҳои Амрико ба язидиҳои дар муҳосира қарор дошта аз ҳаво кӯмакҳои башарӣ мепартоянд. Ҳазорон нафари онҳо дар дар кӯҳи Синҷар бе обу нон мондаанд.

Даҳҳо ҳазор нафар язидиҳо ва масеҳиҳо қабл аз расидани нируҳои Давлати Исломӣ хонаҳои худро тарк ва ба ин кӯҳистонҳо фирор кардаанд. Масъули олии СММ дар умури ҳуқуқи башар гуфт, аз вазъи язидиҳо, масеҳиҳо ва туркманҳо дар шимоли Ироқ шадидан нигарон аст ва ҳамла ба аҳолии осоишта зимни қавмият мумкин аст, ба ҷиноятҳои зиддиинсонӣ сабаб гардад. Ин дар ҳолест, ки мусаллаҳон язидиҳо ва масеҳиҳоро маҷбур мекунанд, маҳзаби суннии Исломро бипазиранд.

Дар ин гуфтугӯи видеоӣ таҳлилгар Муроди Вайсӣ дар посух ба суолҳои хабарнигори Радиои Озодӣ Хиромон Бақозода сабаб ва паймомадҳои ин тасмими раисиҷумҳури Амрикоро баррасӣ мекунад.

Президенти ИМА ба ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Ироқ иҷоза дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:27 0:00

XS
SM
MD
LG