Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби соли 1991 Назарбоевро 24 сол роҳбар кард (22 АКС)


1 декабри соли 1991 дар аввалин интихоботи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ғолиб омад.
1 декабри соли 1991 дар аввалин интихоботи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ғолиб омад.

24-уми апрели соли 1990 дар ҶШС Қазоқистон аввалин мансаби президентӣ таъсис ёфт ва Нурсултон Назарбоев ба ин мансаб интихоб шуд, ки наздики чоряк аср роҳбари Қазоқистон аст.

Нурсултон Назарбоев он вақт роҳбари Ҳизби коммунисти ин кишварро бар дӯш дошт. Шӯрои олии ҶШС Қазоқистон рӯзи 24-уми апрели соли 1990 қонун дар бораи таъсиси мансаби президентӣ қабул кард ва ба мансаби олии кишвар Нурсултон Назарбоеви 49-сола интихоб шуд. Нурсултон Назарбоев то ин лаҳза роҳбари ин кишварро бар дӯш дошт. Вай ба вазифаи котиби якуми Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Қазоқистон аз 22 июни соли 1989 таъин шуда буд.

Дар давмои 24 сол дар Қазоқистон чаҳор маротиба интихоботи президентии умумимилӣ баргузор шудааст, ки дар он Нурсултон Назарбоев беш аз 90 дарсадӣ овози мардумро ба даст овардааст. Аз ҷумла солҳои 1991, 1999, 2005 ва 2011. Интихоботҳои соли 1999 ва 2011 интихоботи пешазмуҳлат буданд. Аз рӯи ҳисобҳои расмӣ дар соли 1991 дар аввалин интихоботи президентӣ 88,2 дарсади шаҳрвандони дорои ҳаққи раъй ширкат кардаанд, ки 98,7 дарсадашон ба ҷонибдории Назарбоев овоз додаанд.

16 декабри соли 1991, 15 рӯз баъди баргузории интихобот Қазоқистон охирин кишвари Шӯравӣ буд, ки истиқлолияти худро эълон кард. Баъд аз чанд рӯз дар шаҳри Алмаато созишнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди давлатҳои Муштарак ба имзо расид.

29 апрели соли 1995 дар Қазоқистон ҳамапурсӣ дар бораи тамдид кардани муддати президентии Назарбоев то 1 декабри соли 2000 баргузор шуд. Дар ин ҳамапурсӣ 95,46 дарсади мардум ба ҷонибдории Назарбоев овоз додаанд.
Тибқи иттиллои Комисияи марказии итихобот Назарбоев дар интихоботи соли 2011 беш аз 95 дарсади раъйи мардумро ба даст овардааст.

15 маи соли 2010 дар Қазоқистон қонун дар бораи пешвои миллат интихоб шудани аввалин президенти Қазоқистон Назарбоев қабул гардид. Дар ин қонун омадааст, ки дашном ва паҳн кардани маълумот дар бораи пешвои миллат дар ҳузури ом ҷарима ваё ҳабс то як сол таъин карда шуд, аммо агар ин кор ба воситаи ВАО анҷом шуда бошад муҷрим то се сол равонаи зиндон карда мешавад.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон ва Узбакистон ду кишваре ҳастанд, ки роҳбаронашон аз даврони Шӯравӣ ҳукуматро ба даст гирифтаанд. Кишвари савуме, ки роҳбараш "умри дарози роҳбарӣ" дорад Тоҷикистон аст, ки президент Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 ин кишварро идора мекунад.

Аммо расонаҳои Ғарб менависанд, Нурсултон Назарбоев, ки ҳамакнун ба сини 73 расидааст эҳтимол дорад дар интихоботии навбатӣ иштирок кунад. Дар моҳи феврали соли 2014 ба саволи хабарнигори Bloomberg дар бораи ширкаташ дар интихоботи оянда Назарбоев гуфта буд: "Ман то охири соли 2016 интихоб шудаам, ин муҳлат анҷом шавад, мебинем".
XS
SM
MD
LG