Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико се рӯз пеш ваъда дод, ки Кореяи шимолӣ товони ҳамлаи густурда ҳаккерӣ ба ширкати "Сони"-ро хоҳад дод. Бо вуҷуди ин, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи душанбе аз изҳори назар дар бораи оё Вошингтон масъули қатъи интернет дар Кореяи шимолӣ аст, худдорӣ кард.
Хабаргузории Франс-прессс гузориш дод, ки сухангӯи вазорати умури хориҷии ИМА дар айни ҳол гуфтааст, Амрико "гузинаҳои мухталиф" дар бораи чигунагии посух додан ба Кореяи шимолиро баррасӣ мекунад, аммо афзудааст: "Мо вокунишҳои худро нишон хоҳем дод, баъзе аз онҳо мушоҳида мешаванд, баъзеҳо шояд на."
Коршиносони веби ҷаҳонӣ, қатъи комили интернет дар Кореяи шимолиро таъйид кардаанд.
КОРЕЯИ ШИМОЛӢ АМРИКОРО БА ҲАМЛАИ МУШАКӢ ТАҲДИД КАРД
Чанд соат пеш аз он, ки хабари қатъи пурраи интернет дар Кореяи шимолӣ паҳн шавад, ин кишвар раиси ҷумҳури Амрикоро муттаҳам кард, ки бо бемасъулиятӣ овозаҳо дар бораи ҳамлаи ҳаккерии Кореяи шимолӣ ба ширкати "Сони Пикчерз"-ро пахш мекунад. Кореяи Шимолӣ мегӯяд, омодаи ҳамлаи мушакӣ ба Кохи Сафед, бинои вазорати дифои Амрико (Пентагон) ва хоки Амрико аст.
Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед пресс, ин лаҳни гуфтор, шеваи маъмулии таблиғоти сиёсӣ дар расонаҳои давлатии Кореяи шимолӣ дар давраҳои авҷи танишҳои сиёсӣ бо Вошингтон аст. Аммо интишори як баёнияи баланд аз сӯи Шӯрои дифои миллӣ, ниҳоди қудратманди Кореяи шимолӣ, нишондиҳандаи ҳассосияти он кишвар ба филме дар бораи террори раҳбари ин кишвар аст.
Амрико Кореяи Шимолиро ба ҳамлаҳои ҳаккерӣ ба ширкати "Сони Пикчерз" ва сипас талош барои ҳамлаҳои террористӣ ба толори як синамо дар Амрико муттаҳам кардааст. Ин таҳдидҳо боис шуд, ки ширкати "Сони" намоиши филми "Гуфтугӯ"-ро лағв кунад.
Барак Обама дар суханронии поёни соли худ ваъда дод, ки ба ҳамлаи ҳаккерии Кореяи шимолӣ посухи муносиб хоҳад дод. Вай дар мусоҳиба бо телевизиони CNN, ки рӯзи якшанбеи 21 декабр пахш шуд, гуфт: "Амрико масъалаи қарор додани Кореяи шимолӣ дар феҳристи давлатҳои пуштибони терроризмро баррасӣ мекунад."
Комиссияи дифои миллии Кореяи шимолӣ ҳушдор дод, артиши як миллиону 200 ҳазор нафарии кишвар омодаи истифода аз ҳама намуди силоҳи мумкин алайҳи Амрико аст. Идораи сиёсатҳои ин комиссия дар баёнияе, ки аз сӯи хабаргузории марказии Кореяи шимолӣ мунташир шуд, гуфтааст: "Шадидтарин ҳамлаи мутақобили мо ба сӯи Кохи Сафед, Пентагон, ва тамоми кишвари Амрико хоҳад буд, ки аз ҳамлаҳое, ки Обама ваъда додааст, ба маротиб вазнинтар хоҳад буд."
Кореяи шимолӣ гуфтааст, медонад, чигуна собит кунад, ки дар ҳамлаҳои ҳаккерӣ нақш надоштааст ва анҷоми як таҳқиқи муштаракро бо Амрико пешниҳод кардааст. Кореяи шимолӣ ва Амрико, ки дар ҷараёни ҷанги нимҷазираи Корея аз соли 1950 то 1953 меҷангиданд, аз назари усулӣ ҳанӯз дар ҳолати ҷанг ҳастанд, зеро ҷанги Корея бо тақсимшавӣ, на бо оташбас хотима ёфт.
Амрико ҳудуди 28500 нерӯи низомии худро барои муқобила бо ҳамлаҳои Кореяи шимолӣ, дар Кореяи ҷанубӣ ҷойгир кардааст. Дар баҳори соли гузашта пас аз таҳдидҳои ҷиддии Кореяи шимолӣ барои ҳамлаҳои атомӣ алайҳи Кореяи ҷанубӣ ва Амрико, танишҳо бори дигар бештар шудаанд.