Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди Кореяи Шимолӣ ба ғарқ кардани киштиҳои ҳавопаймобари Амрико


Дар ҳоле, ки танишҳо миёни Кореяи Шимолӣ ва Амрико афзоиш ёфтааст ва Доналд Трамп талош дорад тариқи гуфтугӯ бо раҳбарони Чин ва Ҷопон ин мушкилро ҳал кунад, расонаҳои давлатии Кореяи Шимолӣ эълом кардаанд, ки ин кишвар омодааст то киштиҳои ҳавопаймобари Амрикро барои исботи қудрат ва тавони низомии худ, ғарқ кунад.

Кореяи Шимолӣ Австралияро ҳам, ки хостори фишорҳо алайҳи Пхенян шуда буд, ба ҳамлаи атомӣ таҳдид кардааст.

Амрико дар вокуниш ба озмоишҳои мушакӣ ва таҳдидҳои атомии Кореяи Шимолӣ, киштиҳои ҳавопаймобари Carl Vinson ва киштиҳои ҳамроҳи ӯро муваззаф кардааст, ки ба обҳои нимҷазираи Кореяи Ҷанубӣ ҳаракат кунанд. Муовини раиси ҷумҳури Амрико низ рӯзи шанбе гуфта буд, ки ин гурӯҳи киштиҳо дар чанд рӯзи оянда вориди минтақа мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзномаи Rodong Sinmun -- нашрияи расмии ҳизби ҳоким дар Кореяи Шимолӣ дар сармақолаи худ ба Амрико таҳдид пардохтааст. Тибқи гузориши хабаргузории Рейтерз, ин рӯзнома навиштааст, ки "нерӯҳои инқилобии мо омодаи набард ва ғарқ кардани киштиҳои ҳавопаймобари ҳастаии Амрико бо як ҳамла ҳастанд... ва чунин ҳамла мисоли хубе хоҳад, ки нерӯҳои низомии моро нишон диҳад."

Ин хабаргузорӣ дар гузориши худ аз қавли як мақомоти баландпояи Амрико менависад, ки Доналд Трамп қарор буд рӯзи якшанбе бо раиси ҷумҳури Чин ва нахуствазири Чин гуфтугӯ кунад. Трамп пеш аз ин гуфта буд, ки мушкили Кореяи Шимолиро бо кӯмаки Чин ё бидуни кӯмаки ин кишвар ҳал хоҳад кард. Аммо Чин нисбат ба иқдоми низоми алайҳи Кореяи Шимолӣ ҳушдор дода ва аз Амрико хостааст, ки барои ҳалли ин мушкил, роҳҳои сулҳомез пайдо кунад. Кореяи Шимолӣ Австралияро ҳам, ки хостори фишорҳо алайҳи Пхенян шуда буд, ба ҳамлаи атомӣ таҳдид кардааст.

Кореяи шимолӣ рӯзи якшанбе ҳамчунин эълом кард, ки як шаҳрванди дигари амрикоиро дар ин кишвар дастгир кардааст. Шабакаи телевизионии CBS ин шахсро Тону Ким ном бурда ва аз қавли раиси Донишгоҳи улум ва технологияи Пхенян навиштаааст, ки ин фард муддати як моҳ дар ин донишгоҳ дарс мегуфт. Ин гузориш мегӯяд, ки Тони Ким рӯзи шанбеи 22 апрел вақте мехост аз Кореяи Шимолӣ ба хориҷ сафар кунад, дар Фурудгоҳи байналмилалии Пхенян боздошт шудааст.

Як мақомоти вазорати умури хориҷии Амрико низ дар гуфтугӯ бо CBS ин хабарро таъйид карда ва изҳори боварӣ кардааст, ки ҳифозат аз шаҳрвандони амрикоӣ барои ин вазоратхона аз авлавиятҳои кор қарор дорад ва дар ин бора бо сафорати Шветсия дар Кореяи Шимолӣ, ки аз манфиатҳои он кишвар ҳимоят мекунад, тамос гирифтааст.

Кореяи Шимолӣ соли гузашта як донишҷӯи амрикоро бар ҷурми дуздии як овезаи таблиғотии ҳукумати Кореяи Шимолӣ, боздошт ва ба 15 сол кори сахт дар зиндон, маҳкум кард. Яке дигар аз шаҳрвандони Амрико низ дар Кореяи Шимолӣ ба ҷурми ҷосусӣ боздошт ва ба даҳ сол зиндон маҳкум шудааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG