Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як созмони маҳви силоҳҳои ҳастаӣ барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел шуд


Корзори байналмилалии маҳви силоҳҳои ҳастаӣ, ки бо номи Ican машҳур аст, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2017 шуд. Ин ҷоиза барои талошҳои даҳсола дар поксозии ҷаҳон аз силоҳҳои ҳастаӣ, ба ин созмони ғайридавлатӣ дода шудааст.

Берит Рейсс Андерсен, раиси кумитаи Нобел ҳини эълон кардани ин ҷоиза гуфт, "ин созмон барои талошҳояш барои ҷалби таваҷҷуҳ ба паёмадҳои фоҷиабори истифода аз ҳар гуна аслиҳаи ҳастаӣ ва пешсафӣ дар талошҳо барои дастёбӣ ба созишҳо барои мамнуияти чунин силоҳҳое, ин ҷоизаро дарёфт мекунад. Вай афзудааст, ки "мо дар дунёе зиндагӣ мекунем, ки хатари истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ бештар аз ҳар вақти дигар аст."

Кумитаи байналмилалии маҳви силоҳҳои ҳастаӣ, ки қароргоҳаш дар Шведсария аст, худро эътилофе аз гурӯҳҳои ғайридавлатӣ ва мардумӣ меномад ва дар беш аз 100 кишвар аъзо дорад.

Мудири иҷроияи Корзори байналмилалии маҳви силоҳҳои ҳастаӣ дар Шведсария қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи фаъолият ва ҳадаф ин ниҳод гуфта буд, "фикр намекунам, дар муддатҳои наздик шоҳиди як пешрафти қобили мулоҳиза дар ин замина буд. Аммо агар ба таърих нигоҳ кунем, ҷомеаи башарӣ гирдиҳам омада ва корҳои бузургеро анҷом додааст. Мо дар таърих табъизи нажодӣ дар Африқоро дидем. Мо шоҳиди иттиҳод барои додани ҳаққи раъй ба занон ё поён додан ба ғуломӣ, будем. Мо истифода аз силоҳҳои кимиёвӣ ва биологӣ ё минаҳо ва бомбаҳои хӯшагиро мамнӯъ кардаем. Дар натиҷа метавонем ба унвони инсони беҳтар амал кунем. Вақте дар миёни як раванд ҳастем, тасаввури оянда мушкил аст, аммо раванде дар ҷараён мебошад, ки дар ҳоли пешрафт аст. Раванде, ки дар он ингуна силоҳҳо ва истифода аз он ғайриинсонӣ ва табъизомез қаламдод мешавад."

Берит Рейсс Андерсен, раиси Кумитаи Ҷоизаи Нобел.
Берит Рейсс Андерсен, раиси Кумитаи Ҷоизаи Нобел.

Корзори байналмилалии маҳви силоҳҳои ҳастаӣ, ки қароргоҳаш дар Шведсария аст, худро эътилофе аз гурӯҳҳои ғайридавлатӣ ва мардумӣ меномад ва дар беш аз 100 кишвар аъзо дорад. Ин ниҳод фаъолиятҳои худро аз Австралия оғоз кард, аммо аз соли 2007 расман дар Вена ба фаъолият оғоз намуд.

Имсол тибқи бархе пешбиниҳо, сиёсатмадороне, ки дар тавофуқи ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ саҳм доштанд, чун Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, Ферерико Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва Ҷон Керри, вазири хориҷаи вақти Амрико имкони дарёфти Ҷоизаи сулҳи Нобелро доштанд.

То ба ҳол Ҷоизаи сулҳи Нобел ба 27 созмон ва 104 фард дода шудааст. Ширин Ибодӣ аз Эрон ва Малола Юсуфзай аз Покистон аз ҷумлаи барандагони ин ҷоиза ҳастанд.

XS
SM
MD
LG