Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қоимдодов: "Барномаҳои Шабакаи Оғохон на сиёсиянд ва на мазҳабӣ"


Қозидавлат Қоимдодов

Қозидавлат Қоимдодови 69-сола ба мақоми раиси нави Шабакаи Оғохон оид ба рушд (АКДН) дар Тоҷикистон таъйин шудааст. Ӯ дар ин вазифа Акбар Алии Песнаниро иваз мекунад.

Фаъолияти ходими давлатӣ ва дипломати собиқи тоҷик дар вазифаи нав расман баъд аз як ҳафтаи дигар оғоз хоҳад шуд. Қоимдодов нахустин шаҳрванди Тоҷикистон хоҳад буд, ки раҳбарии намояндагии ин созмонро дар кишвар ба ӯҳда мегирад. Дар 27 соли гузашта АКДН-ро дар Тоҷикистон хориҷиҳо, асосан мутахассисони покистонӣ, раҳбарӣ мекарданд.

"Баъзе масъалаҳо бознигарӣ мешаванд"

Ин созмон новобаста аз мазҳабу дину нажод, барои кулли мардуми Тоҷикистон аст

Қозидавлат Қоимдодов, ки то 10 сол пеш дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Беларус ва ҷумҳуриҳои назди Балтик кор кардааст, дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 8 апрел хабари таъин шуданашро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, кор дар шабакаҳои бунёди Оғохон барояш чизи нав нест, чун дар гузашта дар давоми 13 сол Ҳамоҳангсози тарҳҳои он аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон будааст.

Қозидавлат Қоимдодов афзуд, бар пояи созишномае, ки миёни Тоҷикистон ва АКДН вуҷуд дорад, номзадии ӯ ба ҳайси раҳбари нави созмон тасдиқ шуда, президенти Тоҷикистон ба ин тасмим ризоият додааст.

Ҷаноби Қоимдодов гуфт: “Бо тарҳҳову барномаҳои ин созмон дар Тоҷикистон ҳануз аз наздик ошно нестам, чунки 14 сол набудам ва дар ин 14 сол Тоҷикистон дар кадом соҳаҳо пешрафт кардааст ва дар кадом бахшҳо андак ақиб мондааст - мо бояд ин масъалаҳоро бо ҳукумат баррасӣ кунем ва кӯмак кунем, ки боз пешрафт кунем. Баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки бо ҳукумат аз нав дида мебароем”.

1 ноябри соли 2011. Боздиди Карим Оғохони 4 аз Тоҷикистон ва мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон
1 ноябри соли 2011. Боздиди Карим Оғохони 4 аз Тоҷикистон ва мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон

Шабакаи Оғохон оид ба рушд, ки аз соли 1992 дар Тоҷикистон амал мекунад, дар ин кишвар 3500 корманд дорад ва барномаҳои он ба рушди манотиқи кӯҳӣ ва мусоидат дар пешрафти иҷтимоиву иқтисоди Тоҷикистон равона шудааст. Шабакаи Оғохон оид ба рушд танҳо соли гузашта дар ин кишвар 107 миллиону 144 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ кардааст.

Ӯ гуфт: “Ин созмон як барномае дорад барои мардуми куҳистон бо номи “Куҳистон” ва талош мекунад аз кӯмакҳои гуманитарӣ ба марҳилаи рушду тараққиёт гузарад. Баъзе масъулони тарҳҳое ҳастанд, ки ба тиҷорат рӯ оварданд, вале қишри дигаре ҳаст, ки ба имтиёзу шароит ниёз доранд. Бубинед, ширкати мобилии Тселл дар доираи АКДН фаъолият мекунад ва ба буҷаи Тоҷикистон маблағ ворид мекунад, андоз месупорад, барои халқ хизмат мекунад. Аввалин бонки молиявии хурд дар Тоҷикистон ба мардум дар ҳудуди 25 миллион доллар қарз медиҳад”.

Муридони Оғохон: Садсолаҳо намедонистем, ки ӯ кӣ асту мо кӣ ҳастем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:04 0:00

Мазҳаб ва сиёсат

Борҳо гуфта шудааст, ки ёриҳои имоми исмоилиҳои ҷаҳон Шоҳзода Карим Оғохони IV – муассиси Бунёди Оғохон дар солҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 дар Тоҷикистон мардуми кӯҳистон, махсусан Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро аз гуруснагӣ наҷот доданд, Дар он солҳо ва баъдан низ бунёди мазкур ба сокинони ин вилоят, ки бахши аъзами онҳо пайрави мазҳаби исмоилия мебошанд, имдод расондааст.

Вале ба гуфтаи Қоимдодов, фаъолияти Шабакаи Оғохон оид ба рушд танҳо бо Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон маҳдуд намешавад ва “он новобаста аз мазҳабу дину нажод, барои кулли мардуми Тоҷикистон аст”. Қоимдодов афзуд, "саҳми ин созмон дар рушди Тоҷикистон монанд ба ниҳодҳое шабеҳи Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва дигар ниҳодҳои байнулмилалист”.

Дар ҳамин ҳол кӯмакҳои Оғохон ба мардуми Тоҷикистон дар бархе ҳолатҳо мояи ташвиш ва нигаронӣ низ шудааст. Аз ҷумла, дар як номаи Кумитаи дини Тоҷикистон аз 26 феврали соли ҷорӣ аз мақомоти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хоста шуд, ки аз таблиғи мазҳаби исмоилӣ дар мактабҳо ҷилавгирӣ карда, навиштаҷоти таблиғи пешвои исмоилиёнро аз баландиҳо бардоранд.

Масъули Кумитаи дин навиштаҳои "Хуш омадӣ Имоми мо, ҷашни алмосӣ муборак" ва "Мо имоми худро дӯст дорем"-ро ҳамчун "бартарияти мазҳаби шиъаи исмоилӣ ва Оғохон нисбат ба Пешвои миллат" арзёбӣ кардааст. Аммо сарони вилояти Бадахшон гуфтанд, чунин бардошт дуруст нест. Дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ 18 март Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон ва раҳбари пешини барномаҳои Оғохон дар вилоят гуфт: "Мазҳаб чизи дигар асту сиёсат ва пешвои сиёсӣ дигар аст”.

Қозидавлат Қоимдодов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҷанбаъҳои мазҳабӣ доштани кӯмакҳои Бунёди Оғохонро рад кард ва гуфт, барномаҳои ин созмон дар мувофиқа бо ҳукумат анҷом мешаванд. Ӯ афзуд: “Дар ин ҷо таъсири манфии идеологӣ мушоҳида мешавад ва ин чизҳоро барҳам додан лозим. Манзурам ин ки бисёриҳо фикр мекунанд, ин пешрафтҳое, ки дар ташкилоти Оғохон дида мешаванд, гуё ҳадафи мазҳабӣ доранд ва як чизи мазҳабӣ аст. Охир ин мазҳабӣ нест. Баъзе аз гурӯҳҳое дар хориҷа ҳастанд, мехоҳанд, ки Тоҷикистони оромро ба ҳамин чизҳо тела диҳанд. Барои ҳамин кӯшиш мекунанд ҳар баҳонаеро пайдо кунанду иғво андозанд.

Нооромиҳои солҳои 1991 то 97 моро чанд сол ба ақиб андохтанд. Аммо ҳамзамон мусоидат кард, ки ҷомеа ва мардум пеш равад ва худ кӯшиш кунад, ки мустақилона фаъолият намояд. Ҳатто тарҳҳои кӯчак ҳам бошад ва ҳатто ҳамагӣ то 20-30 нафарро ҳам дар бар гирад, бояд ба роҳ монд ва ҷомеа пешрафт хоҳад кард”.

Минтақаи Бадахшони Тоҷикистон, ки бахши муҳими барномаҳои Оғохон дар ин минтақа амалӣ мешаванд, дар ҳафт соли охир ду дафъа шоҳиди танишҳо шудааст. Фаъолони ҷамъиятӣ ва мақомоти ҳукуматӣ дар Бадахшон мегӯянд, ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии мардум ва рафъи бекорӣ дар ин минтақаи ҳамсарҳад бо Афғонистон метавонад боиси коҳиши мушкилот, аз ҷумла ҷинояткорӣ ва ҳама гуна ноамниҳо шавад. Аз ин нигоҳ сармоягузорӣ ва тадорукоти Бунёди Оғохон дар вилоят як омили мусбат арзёбӣ мешавад.

Нигоҳе ба корномаи Қоимдодов

Қозидавлат Қоимдодов 7 октябри соли 1949 дар ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон ба дунё омада, соли 1971 риштаи зоотехникии Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон ва соли 1976 мактаби олии ҳизбиро дар Тошканд хатм кардааст. Ҷаноби Қоимдодов дар замони Шӯравӣ то ба мақоми котиби якуми кумитаи Ҳизби коммунист дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон расида, дар соли 1990 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шудааст. Ӯ дар солҳои 1992-2000 муовини раиси Шӯрои олӣ, 2000-2005 муовини сарвазири Тоҷикистон буд. Қоимдодов ҳамзамон аз соли 1993 то 2005 аз ҷониби ҳукумат ҳамоҳангсози барномаҳои Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон буд.

Қозидавлат Қоимдодов соли 2005 ба кори дипломатӣ гузашта, то соли 2009 сафири Тоҷикистон дар Туркманистон ва аз соли 2009 сафир дар Беларус, кишварҳои соҳили Балтик ва сохторҳои СНГ буд.

Қоиздавлат Қоимдодо дар соли 2017 бо фармони раисиҷумҳур, "бо сабаби ба нафақа баромаданаш" аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Беларус, Литва, Латвия, Эстония ва намояндаи доимӣ дар ИДМ озод карда шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG