Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъияти Бадахшон аз нигоҳи таҳлилгарони минтақавӣ


Дар Душанбе ахиран бо ширкати коршиносони минтақавӣ нишасте баргузор шуд, ки мавзӯи аслиаш таҳаввулот дар Бадахшони Тоҷикистон буд.

  • Ин нишаст, ки “Вазъият дар Куҳистони Бадахшон: нигоҳҳо аз чанд ҷониб” ном дошт ва бо ибтикори Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ баргузор шуд, ба равобити танготанги сокинони ин минтақаи кӯҳдоман ва ҳалли ҳама сӯитафоҳум аз роҳи музокирот таъкид кард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як сафари корӣ ба вилояти Бадахшон моҳи сентябр аз ҳузури афроди ҷиноятпеша дар ин вилоят танқид кард ва ба дунболи ин дар сатҳи олии вилоят тағйироти кадрӣ ба амал овард. Танқиди раиси ҷумҳур нороҳатиҳое дар байни гурӯҳҳое ба вуҷуд овард, ки аз онҳо ба унвони афроди таъсиргузор ваё раҳбарони ғайрирасмӣ ном мебаранд.

Роҳбарони ғайрирасмии Бадахшон ҳам бояд дарк кунанд, ки замона дигар шудааст ва бояд нирӯи худро барои оромӣ дар минтақа равона кунанд

Тағйироти кадрӣ дар ин минтақа ва сари кор омадани раҳбари пешини бунёди Оғохон дар Тоҷикистон Ёдгор Файзов пешгӯиҳоеро, ки вазъи Бадахшон метавонад бо шеваи соли 2012 пеш равад, хунсо кард. Бо он ки ҳодисаҳои кӯчак дар моҳҳои гузашта дар маркази маъмурии ин вилоят ҷой доштанд, аммо мақомоти нав тавонистанд онҳоро бо роҳи гуфтушунид бо аҳолии маҳаллӣ ҳал кунанд.

Вазъи Бадахшон аз назари коршиносони минтақавӣ

Дар нишасти рӯзи 14 декабр дар Душанбе, коршиносон аз Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва ҳам мақомоти тоҷик аз Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва Маркази исломшиносӣ иштирок карданд.

Дар нишаст таъкид шуд, ки суботу оромӣ дар Бадахшон на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои соири минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим аст.

Дониёр Қарабаев, устоди Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ аз Қирғизистон гуфт, танҳо аз роҳи як муколамаи мақомот бо мардуми маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавон назму суботи минтақаро таъмин кунад. Ба қавли коршиноси қирғиз, ин гуфтугӯ на танҳо миёни мақомот ва чанд ашхоси таъсиргузори Бадахшон, балки бо кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат бигирад.

“Агар сокинони Хоруғ ба ҳарфҳои мақомот гӯш медоданд, вазъ дар Бадахшон то ин ҷо намерасид. Барои ҳамин бояд дар як гуфтугӯ бо намояндагони мазҳабии Бадахшон ва дигар қишрҳои ҷомеа як роҳи муносибе бояд пайдо кард,”- гуфт ӯ.

Бадахшон беш аз 200 ҳазор аҳолӣ дорад ва ба истиснои чанд ноҳия, аксар сокинонаш пайрави мазҳаби Исмоилия ҳастанд. Коршиносон таъкид карданд, ки ҳукумат дар тасмимгириҳояш дар Бадахшон ин вижагиҳоро ба назар бигирад.

Решаҳои иҷтимоӣ

Габит Конусов, муҳаққиқи Инситути таҳқиқоти муосир аз Қазоқистон гуфт, ки ҳама гуна норозигӣ аз мушкилоти иҷтимоӣ реша мегирад ва ҳукуматро зарур аст, ки ба ниёзҳои иҷтимоии мардуми Бадахшон тамаркуз кунад, то заминаҳои ихтилоф бартараф шавад ва ҳодисаҳои соли 2012 такрор нашавад.

Конусов гуфт, ки ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон ва ҳам сармоягузорони хориҷӣ барои ҳалли мушкили иҷтимоии Бадахшон бояд ба ҳукумати Тоҷикистон кӯмак кунанд.

Соли 2012 баъди қатли раҳбари раёсати КДАМ дар вилояти Бадахшон аз ҷониби гурӯҳе дар Бадахшон вазъ муташанниҷ шуд ва ҳукумат ба минтақа нирӯ даровард. Дар ин амалиёт тибқи иттилои расмӣ, аз ду тараф дастикам 70 кас, ба шумули 21 мулкӣ кушта ва теъдоде захмӣ шудаанд. Вазъи Хоруғ, маркази маъмурии Бадахшон то як муддат муташанниҷ боқӣ монд.

Соли 2012, Хоруғ
Соли 2012, Хоруғ

“Мақомот: Аз вазъи Бадахшон набояд сӯистифода шавад”

Аммо Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон, ки дар ин ҷаласа суханронӣ кард, гуфт, бархе қувваҳо мехоҳанд вазъи феълии Бадахшонро дигаргуна шарҳ диҳанд. Аз ҷумла, ба қавли Рустам Азизӣ, гуруҳҳое талош доранд ба вазъи мавҷуда ҷилваи мазҳабӣ диҳанд ва аз ин роҳ низоъ ба вуҷуд биёранд. Ин масъули Маркази исломшиносӣ афзуд, мушкили Бадахшон сирф иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар дигар митақаҳои кишвар низ ҷой дорад.

Дар ин нишаст бархе иштирокдорон гуфтанд, бояд эътироф кард, бо вуҷуди инкори мақомот дар ин минтақа чанд нафаре ҳаст, ки бар мардум нуфуз доранд ва зарур аст, ки ҳукумат онҳоро ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ҷалб кунад. Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси тоҷик гуфт, аммо “роҳбарони ғайрирасмии Бадахшон ҳам бояд дарк кунанд, ки замона дигар шудааст ва бояд нирӯи худро барои оромӣ дар минтақа равона кунанд».

Баъди бӯҳрони ахир дар Бадахшон чанде аз раҳбарони ғайрирасмии ин минтақа ба Душанбе сафар карданд ва бо ин зоҳиран танише, ки ба вуҷуд омада буд, лағв шуд.

Ин нахустин баррасии таҳаввулоти Бадахшон аст, ки бо ширкати коршиносони минтақавӣ дар Душанбе баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG