Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ню-Йорк Таймс: "Амалиёти сирояти КГБ-и Шӯравӣ" ВИДЕО


Номи филми Ню Йорк Таймс "Operation Infektion" аст ва он зернависи тоҷикӣ ҳам дорад
Номи филми Ню Йорк Таймс "Operation Infektion" аст ва он зернависи тоҷикӣ ҳам дорад

Нашрияи амрикоии “Ню-Йорк Таймс” дар як таҳқиқе маълум кардааст, “дурӯғпароканӣ” ва ё нашри хабарҳои дурӯғ, ки ҳоло дар Интернет васеъ паҳн шудааст, зуҳуроти наве нест ва як усули таъсир ба афкори умум аст, ки КГБ дар замони шӯравӣ ба кор мебурд.

Гузоришгарони нашрия як филми тақрибан 45 дақиқаиро омода кардаанд ва дар он бо истифода аз суҳбатҳо бо ҷосусони собиқи КГБ, мақомоти расмии собиқи Амрико нишон додаанд, ки чӣ гуна дурӯғпароканӣ метавонад, муноқиша ва дар байни ҷомеаҳо тафриқа барангезад.

Дар филм гуфта мешавад, ки дар аҳди шӯравӣ дурӯғпароканӣ номи дигар дошт ва бо номи махфии “Чораҳои муассир” онро пеш мебурданд. Муаллифон мегӯянд, Русия баъди суқути шӯравӣ аз ин кораш даст накашид ва ба ҳамин васила дар байни ҷомеаҳо дар Амрико тафриқа бармеангезад.

Дар филм Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрикоро ҳам сахт танқид кардаанд, ки бо баёнияҳои баҳсбарангезаш дар нашри хабарҳои дурӯҳ саҳм мегузорад. Филми “Амалиёти сироят”, ки дар Ютюб ҳаст, зернависи тоҷикӣ дорад.

  • Барои пайдо кардани зернавис дар зери видео ба "setting" ва ё "настройки" биравед, баъдан "subtitles" ва ё "субтитры"- ро зер кунед. Дар онҷо аз байни забонҳои гуногун "Tajik"-ро интихоб кунед, зернависҳо ба забони тоҷикӣ зоҳир мешаванд.
XS
SM
MD
LG