Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибони ояндаи тоҷик ба шеваи нав дарс мехонанд. ВИДЕО


Дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон нахустин пойгоҳи электронии таълимӣ бо усули швейтсарӣ ҷорӣ карда шудааст. Масъулини донишгоҳ мегӯянд, ин пойгоҳ навбатпойии зиёди донишҷӯён дар китобхонаро кам карда, тамоми маводи таълимиро дар шакли электронӣ зери дасти онҳо қарор медиҳад. Инчунин ин низом ба устодон имконият медиҳад, ки фиребкории баъзе донишҷӯёнро ошкор кунанд. Аммо коршиносон мегӯянд, бо нархи баланди Интернет дар Тоҷикистон дар гумон аст, ки донишҷӯён аз ин пойгоҳҳо ба таври зарурӣ истифода бурда тавонанд.

Пойгоҳи электронӣ ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки дар замони дилхоҳ ба тамоми маводҳои таълимӣ дастрасӣ дошта бошанд.

Масъулини Донишгоҳи тиббӣ мегӯянд, пойгоҳи электронӣ ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки дар замони дилхоҳ ба тамоми маводҳои таълимӣ дастрасӣ дошта бошанд. Пойгоҳи таълимии “LMS” давоми як соли ахир мавриди санҷиш қарор дошт ва ахиран маъмурияти Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба хулосае омад, ки инро дар тамоми панҷ факултет ҷорӣ намояд. Ҳоло ин барнома танҳо дар факултетҳои нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва дандонпизишкӣ фаъол аст.

Саломат Эргашева, мудири китобхонаи ДДТТ ва яке аз масъулини пойгоҳ мегӯяд, дар барномаи мазкур тамоми маводҳои таълимӣ аз ҷумла лексия, презентатсия, ҷадвали дарсӣ, натиҷаҳои имтиҳон ва адабиётҳои таълимӣ ҷой карда шудаанд. Ба гуфтаи хонум Эргашева, “мақсади асосии ин портали омӯзишии мо, дастрас намудани тамоми маводҳои таълимӣ барои донишҷӯён новобаста аз вақту соат мебошад. Инчунин тариқи он донишҷӯён дар лаҳзаҳои дилхоҳ метавонанд бо устодон дар иртибот бошанд.”

Табибони ояндаи Тоҷикистон бо шеваи нав дарс мехонанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

“Барнома фиребкории донишҷӯёнро аз байн мебарад”

Ба гуфтаи масъулини барнома портали нав ба устодон имконият медиҳад то бубинанд, ки кадом донишҷӯ аз мавзӯъҳои дарсӣ дидан кардааст. Масалан, агар донишҷӯ аз даҳ фанни таълимӣ танҳо маводҳои ду фанро хонда бошад, пас система дар журнали электронии омӯзгор танҳо дар баробари ду фан ба ӯ ишора мемонад.

Комрон Умаров, мутахассис оид ба системаи омӯзиши электронии Донишгоҳи тиббӣ мегӯяд, ба ин восита донишҷӯён наметавонанд омӯзгоронро фиреб диҳад, ки ман фалон дарсро хондаам. Инчунин ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, дар пойгоҳи мазкур на танҳо маводҳои таълимӣ, балки имкони баҳси суолҳо низ фароҳам оварда шудааст.

“Форум яъне муоширати байни донишҷӯ ва устод, ки дар он омӯзгор метавонад ягон суоли баҳсталаб илова кунад ва донишҷӯ метавонад фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба суол иброз намояд. Ҳамчунин, донишҷӯ метавонад дар форум ягон суол ворид кунад ва устод ба он ҷавоб диҳад”,-афзуд Комрон Умаров.

Пойгоҳи электронии таълимии “LMS” дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳаи ислоҳоти тиббӣ ташкил шуда, аз тарафи Инситути тропикии Швейтсария маблағгузорӣ карда шудааст. Масъулини Донишгоҳи тиббӣ бовар доранд бо ин роҳ метавонанд камбуди маводҳои таълимӣ дар донишгоҳро ҳал кунанд. Чун дар ин муассиса барои 2 нафар донишҷӯ як китоб мерасад.

Ҳоло ҳудуди 1000 нафар донишҷӯён ва устодони ДДТТ дар пойгоҳи электронӣ сабти ном шудаанд. Аммо маълумотҳои ин портал танҳо барои муҳассилини Донишгоҳи тиббӣ дастрас мебошанд. Ҳар донишҷӯ танҳо баъди насби барнома дар комюптер ё телефони ҳамроҳи худ ва ном ва рамзе, ки ба ӯ аз ҷониби маъмурият дода мешавад метавонад ба барнома ворид шавад.

Нархи баланди Интернет монеи аслӣ дар роҳи донишҷӯ

Хатмкардагони макотиби олии Аврупо дар Тоҷикистон мегӯянд, вуҷуди чунин пойгоҳҳои иттилоотӣ барои донишҷӯён муфид аст, аммо на ҳама донишҷӯён дар дохили кишвар метавонанд аз ин имкон истифода баранд. Зеро нархи Интернет дар Тоҷикистон ба гуфтаи мутахассисон бамаротиб гаронтар аз Аврупо ва ҳатто Русия аст.

Анушервон Зиёев, хатмкардаи Донишгоҳи ба номи Коменскийи Словакия мегӯяд, нархи пасти Интернет дар Аврупо ба онҳо имкон медод аз ин гуна пойгоҳҳо иттилоотӣ ба хубӣ истифода баранд. Анушервон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар донишгоҳ мо бо интернети баландсуръати ройгон таъмин будем. Инчунин дар хобгоҳ бо пардохти 5 евро моҳона (44 сомонӣ) аз Интернет баландсуръат бархӯрдор будем. Мо онҷо ҳатто дар доираи ин гуна барномаҳо видеоконфронсҳо ташкил мекардем. Дар Тоҷикистон шояд на ҳама донишҷӯён тавонанд аз имкониятҳои ин система истифода баранд.”

Ҷаноби Зиёев мегӯяд, ин пойгоҳҳои иттилоотӣ дар он сурат барои донишҷӯён муфидтар хоҳад шуд, ки агар онҳо пеш аз супурдани корҳои илмии худ онро дар баррасии умум гузоранд. Анӯшервон аз тарҷибаи худ гуфт, онҳо ба ин восита метавонистанд камбудиҳои худро аз ҳамсабақонашон фаҳманд ва ба ҳимоя хубтар омода шаванд.

XS
SM
MD
LG