Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаҷҷ танҳо баъди доро шудан. Киҳо ҳаққи ба Ҳаҷҷ рафтанро надоранд?


Зоирони тоҷик. Акс аз бойгонӣ.

Масъулони бахши дин дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамакнун ҳақ доранд, дархости ашхоси камбизоат ва ҳамаи онҳоеро, ки ба назари масъулини дин, "вазъи иҷтимоиаш хуб нест", барои адои маносики ҳаҷҷ, рад кунанд. ​Масъулини Кумитаи оид ба корҳои дин ҳарчанд ин тасмимро ҷилавгирӣ аз бад шудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии сокинон арзёбӣ мекунанд, аммо огоҳон мегӯянд, тасмими Кумитаи дин идомаи маҳдудкуниҳо дар самти адои маросими ҳаҷ мебошад.

“Кӣ кафолат медиҳад, ки то доро шудан ман зинда мемонам”

Муслиҳиддин Бобоев, яке аз афродест, ки ахиран дархосташ барои ба ҳаҷ рафтан аз ҷониби мақомоти дини ноҳияаш рад шуд. Муслиҳиддин Бобоев, ки 54 сол дошта, дар вилояти Хатлон ба сар мебарад мегӯяд, бо сад умед чандин сол маблағ ҷамъ кард, то ба ҳаҷ равад, аммо дар идораи дини макони зисташ “тарбуз аз бағалаш афтид.”

Ба қавли таҳлилгарон, дастури нав метавонад барои масъулини дин баҳонае бошад, то онҳо дархости ҳар касеро, ки мехоҳанд, рад кунанд.

Муслиҳиддин Бобоев иқрор мешавад, ки доро нест, вале зиндагиаш низ ба қавли худаш он қадар қашшоқона ҳам нест, ки сабабгори аз сафари ҳаҷ мондани ӯ шавад. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, аз сафари ҳаҷ маҳрум кардани ӯ маҳз ба хотири доро набуданаш нодуруст аст. Зеро ба қавли Муслиҳиддин, “кӣ кафолат медиҳад, ки то бой шудан ман зинда мемонам?”

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, “як инсон 40-50 сол аз ҳисоби хӯрду хӯрок, пӯшока ва сохтмон маблағ ҷамъ мекунад, то ба сафари Ҳаҷҷ рафта, хонаи Худоро зиёрат кунад. Ин қонуне, ки акнун қабул шуд, онҳоеро, ки орзу доштанд хонаи Худоро зиёрат кунанд, аз ин маҳрум кард.”

Муслиҳиддин Бобоев мегӯяд, аз талошаш барои ба Ҳаҷҷ рафтан даст намекашад, вале дар як вақт ӯ мегӯяд, намехоҳад бо роҳҳои ғайриқонунӣ худро вориди рӯйхати ҳаҷравандагон кунад.

"Бо қарз мехоҳанд “биҳиштӣ” шаванд"

Як ҳамсӯҳбати мо дар Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо гуфт, дастури рад кардани дархости ашхоси камбизоат барои адои маносики ҳаҷҷ, баъд аз ҷаласа бо ҳузури муовини сарвазир гирифта шудааст. Дар ин ҷаласа бо ҳузури Азим Иброҳим, муовини нахуствазир ва роҳбари комиссияи ҳаҷ, ки охири ҳафтаи гузашта баргузор шуд, дастур шудааст, ки дар нисбати шаҳрвандоне, ки вазъи зиндагиашон хуб нест, “қарори дахлдор қабул карда шавад.”

Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон.
Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон.

Дар ин ҷаласа, ки хабаргузориҳои расмӣ онро нашр карданд, Азим Иброҳим супориш додааст, ки “масъулин дар шаҳру ноҳияҳо вазифадор мебошанд, ки ҳангоми баррасии муроҷиати шаҳрвандон шароити зиндагии ҳар яки онҳоро ба инобат гирифта, қарори дахлдорро қабул намоянд”. Ҳамсӯҳбати мо дар Кумитаи дин мегӯяд, таҷрибаи омӯхтани вазъи зиндагии ашхоси талабгори ҳаҷ нав нест, вале ҳамакнун масъулони бахши дин дар навоҳӣ мустақилона ҳақ доранд дархости ашхоси гирифтори мушкилро рад кунанд.

“Комиссияҳои маҳаллӣ дар назди масъули бахши дин, вазъи оилавии шахсро меомӯзанд, ки оё тавони иқтисодии адои ҳаҷро дорад ё не. Чун дар солҳои гузашта таҷриба буд, ки сокинон қарз карда, мехоҳанд ҳаҷ карда, биҳиштӣ шаванд. Инчунин зане буд, ки писараш нав вафот кардааст, аммо ӯ мехоҳад манзили писарашро, ки дар он 3 фарзанди ятими ӯ зиндагӣ мекунанд, фурӯхта ба ҳаҷ равад. Ба ин хотир, дастур шуд, ки дархости шаҳрвандоне, ки вазъи иҷтимоиашон хуб нест, барои ҳаҷ рад карда шавад,”-афзуд ин ҳамсӯҳбати мо.

Аммо масъулини Кумитаи дин, манъ кардани дархости ашхоси камбизоат барои адои Ҳаҷро ҳамчун маҳдудкунии навбатӣ, рад карда мегӯянд, ин тасмим ба хотири беҳтар кардани вазъи зиндагии сокинон гирифта шудааст.

Тасмим барои муайян кардани вазъи зиндагии талабгорони сафари Ҳаҷҷ дар ҳоле гирифта мешавад, ки садҳо нафар аз тартиби амалишавии он нигаронанд.

Аммо Манучеҳр Шарипов, масъули бахши дини шаҳри Гулистони вилояти Суғд мегӯяд, вазъи зиндагии талабгори Ҳаҷҷро комиссияи махсус меомӯзад.

Ба қавли ҷаноби Шарипов, комиссияи ҳаҷҷи ноҳия, ки аз 9-12 нафар иборат аст, ба манзили шахси аризадода барои Ҳаҷҷ рафта, бо вазъи зиндагии ӯ шинос мешаванд. Танҳо баъди хулосаи комиссия ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо муайян мешавад, ки номи шахс ба рӯйхати ҳаҷравандагон ворид карда шавад ё не. Масъули бахши дини шаҳри Гулистон ҳамчунин мегӯяд, дар тартибе, ки ба дасти онҳо расид, гуфта мешавад, ки шароити оилавии шахси ба ҳаҷ мерафта муайян карда шавад.

Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, дар сохторҳои бахши ҳаҷҷи Кумитаи оид ба корҳои дин аризаи он нафароне рад карда мешавад, ки агар мисол қарздор бошанд.

"Роҳи нав барои фасод"

Дастури манъи ҳаҷ барои ашхоси камбизоат аз аввалин маҳдудкуниҳои мақомоти тоҷик дар роҳи сафари шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҳаҷ нест. Қаблан мақомот рафтани ашхоси то 40-сола ба ҳаҷро манъ карданд. Ин муқаррарот ҳам мавриди интиқоди гурӯҳҳои ҳуқуқи башар қарор гирифт, вале ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки дар чунин ҳолат мешавад хоҳиши зоирони калонсолро дар навбати аввал иҷро кард. Инчунин зоирин аз ҳаққи додани таом ҳам маҳрум мебошанд.

Дар Тоҷикистон, ки бахши аъзами он мусалмонон мебошанд, сокинон талош мекунанд, дар давоми умр ҳадди ақал як маротиба ҳаҷро адо кунанд. Қишри камбизоат ва миёнҳоли ҷомеа барои адои ин маносик солҳо маблағ ҷамъоварӣ мекунанд. Аммо огоҳони соҳа мегӯянд, ба ихтиёри масъулини дин дар навоҳӣ додани манъи дархостҳо барои ҳаҷ, метавонад роҳи нави фасодро боз кунад.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ.
Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ.

Ба қавли таҳлилгарон, дастури нав метавонад барои масъулини дин баҳонае бошад, то онҳо дархости ҳар касеро, ки мехоҳанд, рад кунанд. Чун ба қавли ҳамсӯҳбати мо, пурра санҷидани вазъи зиндагии даҳҳо ҳазор нафар талабгорони ҳаҷ дар мӯҳлати кӯтоҳ ғайриимкон аст.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ мегӯяд, тасмими Кумитаи дин дар бораи санҷиши шароити зисти талабгорони ҳаҷ аз як ҷиҳат дуруст аст, аммо бояд тартиби он мушаххас шавад то ба манбаи нави фасод табдил наёбад.

Ҷаноби Ҳодизода мегӯяд, бояд дақиқан мушаххас шавад, ки масалан меъёри “шароити зиндагии ҳар яки онҳо (зоир)” чӣ аст?

“Масалан вақте барои гирифтани раводиди кишварҳои Аврупо ё ИМА ҳамчун сайёҳ муроҷиат мекунед, мепурсанд, ки дар ҳисоби бонкиатон чӣ қадар маблағ доред? Дар масъалаи муайн кардани шароити зисти талабгорони ҳаҷ агар аз ин таҷриба кор гирифта шавад, хуб мешуд. Мисол, шахси ҳаҷрав суратҳисоби бонкиашро оварда бигӯяд, бубинед ,ман дар ҳисобам 10 ҳазор доллар дорам, бо 3 ҳазораш ба Ҳаҷҷ меравам.”

Фаридун Ҳодизода мегӯяд, бидуни дақиқ кардани тартиби муайян ба ихтиёри ҳукуматҳои маҳаллӣ додани тартиби муайян кардани шахсони ҳаҷрав метавонад манбаи нави фасодро ба байн орад. “Шояд, ки шахси ҳаҷрав мошини порше дораду, лекин 1 миллион доллар қарздор аст. Инхел одамро фиристонем, мумкин нест, ки ӯ гурезад. Дар инҷо Кумитаи андоз бояд дороии одамро муайян кунанд.”

Солона аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Тибқи омори ахир соли равон аз Тоҷикистон 6 ҳазору 520 нафар ба ҳаҷ рафтаанд. Нархи имсолаи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик тақрибан 33 ҳазор сомонӣ, муодили 3630 доллар, муқаррар шуда буд. Нархи Ҳаҷ барои зоирони тоҷик дар соли 2018, то ба ҳол муайян нашудааст.

Ҳаҷ барои ҳар мусалмон ҳадди ақал як бор дар зиндагиаш, дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ, фарз шудааст. Аммо тибқи қарори ду соли пеш, танҳо нафарони аз 40-сола боло ҳаққи сафар ба Маккаву Мадина барои анҷоми фаризаи Ҳаҷро доранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG