Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойтахт аз дуду ғубори корхонаи тавлиди семент халос мешавад? ВИДЕО


Дар давоми се соли наздик корхонаи "Сементи тоҷик", ки дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, аз фаъолият монда ба ҷои он дар як маҳаллаи наздик ба он корхонаи нави сементбарорӣ фаъол хоҳад шуд.

  • Ин барномаҳо, ба қавли мақомоти тоҷик, бар асоси тарҳи генералии бозсозии шаҳри Душанбе амалӣ мешаванд.
Мушкили дигар чанги семент аст ва бар замми он дар соли 2013 корхона ба ҷойи газ ба истифодаи ангишт гузашт

Дар ҷойи кунунии корхонаи “Сементи тоҷик” биноҳои истиқоматӣ ва корхонаи қаннодӣ бунёд мешавад. Дар шаҳрдории Душанбе ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар масъалаи кӯчонидани корхонаи "Сементи тоҷик"-ро тасдиқ карданд.

Бахтиёр Шарипов, муовини аввали вазири саноат ва технологияҳои нав рӯзи 28 феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дастури кӯчонидани корхонаи "Сементи тоҷик" аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ворид шуд ва барои кӯчонидани он бояд як лоиҳаи ҷадид таҳрезӣ шавад:

“Вобаста ба ин масъала ҳоло супориш омадааст. Мо ба роҳбарияти корхона ҳамин супоришро ирсол намудем. Бино бар сабаби он ки ин як корхонаи фаъолияткунанда аст, мутаххассисони маҳаллӣ он ҷо кор мекунанд, маҳсулот истеҳсол мекунад. Мо якбора онро аз кор бозмондаву кӯчонида наметавонем, бояд лоиҳаи нав таҳрезӣ карда шаваду бо сохторҳои дахлдор мувофиқа карда шавад”.

Як масъули бахши тарҳрезӣ ва ё "Генплан"-и ҳукумати шаҳри Душанбе ҳам рӯзи 21-уми феврал ҳам ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки тайи се соли оянда корхонаи нави истеҳсоли семент дар макони дигар бунёд мешавад ва ба ҷойи он биноҳои истиқоматӣ ва корхонаи ширинипазӣ дар назар аст.

Корхонаи нави сементро "Фароз" бунёд мекунад

Раҳбарии корхонаи «Сементи тоҷик»-ро Зайнулло Шарифзода - бародари домоди президенти Тоҷикистон - Шамсулло Соҳибов ба ӯҳда дорад. Ба Соҳибов ширкати "Фароз" марбут аст, ки ҳамакнун дар шафати дасти рост ва каме болотар аз ҳудудҳои кунунии корхонаи "Сементи тоҷик" ба сохтмони корхонаи нави истеҳсоли семент оғоз кардааст. «Фароз» - ҷамъияти саҳомии пӯшида ва як ширкати бисёрсоҳавӣ буда, дар бозори фурӯши маводи сӯхт, истеҳсоли шираи камол, содир кардани шиносномаҳои ронандагиву рақамҳои давлатии мошинҳо ва дигар бахшҳо ҳузури густурда дорад.

Феълан ҷузъиёти нақшаи бунёди корхонаи нави семент ошкор намешавад. Ҳамчунон маълум нест, ки корхонаи нави семент бо кадом навъе аз сӯзишворӣ - газ ва ё ангишт кор хоҳад кард ва то куҷо барои муҳити зист безиён хоҳад буд.

Пойтахт аз дуду ғубори корхонаи тавлиди семент халос мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Вале корхонаи замони шӯравӣ бунёдшудаи "Сементи тоҷик", ки аз бисёр нуқоти пойтахт бо мӯрии бузургаш мушоҳида мешавад, барои сокинони кишвар ошно ҳаст. Ин корхонаҳои истеҳсоли семент ҳамеша мавриди нигаронии фаъолони муҳити зист ва ҳам сокинони атрофи корхона буд. Бунёди манзилҳои зист дар атрофи корхона замони шӯравӣ марҳила ба марҳила сурат гирифта ҳоло макони зисти ҳазорҳо сокин мебошад. Ҳарчанд шикояти сокинон аз чангу ғубори корхонаи "Сементи тоҷик" борҳо садо додааст, вале ин мушкил то ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст.

Рӯзи 28 феврал намояндагони корхонаи "Сементи тоҷик" ҳозир нашуданд, ки дар бораи фаъолияти ин корхона ва тақдири минбаъдаи он сӯҳбат кунанд. Посбони ин корхона гуфт, бо сабаби ҳозир набудани раҳбари корхона, ҳақ надорад хабарнигоронро ба корхона роҳ диҳад.

Корхонае, ки соли 1941 бунёд шудааст, то соли 2014 "Тоҷиксемент" ном дошт ва бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба "Сементи тоҷик" табдили ном кард. Ҳамаи саҳмияҳои ин корхона ҳоло моли давлат аст ва аз поёни соли 2013 роҳбарии онро Зайнулло Шарифзода ба ӯҳда дорад. То соли 2012 ин корхона бо гази табиии Узбекистон фаъолият мекард ва пас аз қатъ шудани он, як муддат бекор хобид.

Танҳо соли 2013 ин корхона бо қарзи ширкатҳои Чин ба истифодаи ангишт гузашт. Айни замон дар як шабонарӯз 950-1000 тонна семент истеҳсол мекунад. Маҳсулоти "Сементи тоҷик" дар сохтмони нерӯгоҳҳои Норак, Сангтӯда-1, Китобхонаи миллӣ, нақби Шар-шар ва дигар иншооти бузург истифода шудааст. Дар сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" низ бештар сементи истеҳсоли ҳамин корхона истифода мешавад. Ин корхона садҳо коргар дорад ва интизор меравад, ки бо оғози корхонаи нав онҳо дар он ҷо бо ҷои кор таъмин мешаванд.

"Сементи тоҷик" ба фарқ аз корхонаҳои дигар, бо усули тар (мокрий) семент истеҳсол мекунад ва сифати он дар нисбат ба моли корхонаҳои дигар, ки бо усули хушк семент тавлид мекунанд, беҳтар аст.

Нигаронии фаъолони муҳити зист

Аммо коршиносони зистмуҳитӣ мегӯянд, ба сӯзишвории ангишт гузаштани корхонаи семент ва ҳам Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, ки ҳамчунон ангишт месӯзад, ҳавои шаҳрро то ҳадде ғализ мекунанд.

Тимур Идрисов, коршиноси масоили зистмуҳитӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Истеҳсоли семент харҷи зиёди энергияро тақозо дорад ва саноатест, ки муҳити атрофро олуда мекунад. Ҳангоми тавлиди ин маҳсулот партовҳои зиёд дар шакли моеъ, газ хориҷ мешаванд, ки барои табиати атроф ва ҳам солимии инсон хатар эҷод мекунанд. Гузашта аз ин истеҳсоли семент – як манбаи асосии ихроҷи газҳои гулхонаӣ аст”.

T
T

Идрисов гуфт, дар канори шимолии пойтахт фаъолият кардани корхонаи семент солҳо боз аз ҷониби коршиносони зистмуҳитӣ ва ҳам сокинони гирду атрофи он мавриди интиқод қарор мегирад.

“Мушкили дигар чанги семент аст ва бар замми он дар соли 2013 корхона ба ҷойи газ ба истифодаи ангишт гузашт. Новобаста ба ҳамаи иддаҳо, ки ҳама чиз мутобиқ ба меъёр аст, ин нукта рушан аст, ки гузариш ба сӯзишвории ифлостарин (манзур ангишт) таъсири манфии корхонаи сементро ба муҳити атроф бештар кард”, иброз дошт Идрисов.

Бархе аз сокинони атрофи корхона гуфтанд, аввалҳои моҳи феврал шуниданд, ки корхона кӯчонида мешавад ва бо шунидани ин хабар умеди онҳо барои раҳоӣ аз чангу ғубори корхона ва ҳам умед ба ин ки маҳалли зисташон аз лиҳози экологӣ покизатар мешавад, онҳоро хушбин кардааст.

Сокинони атрофи корхона: "Либосро офтоб карда наметавонем"

Сарвиноз, як сокини кӯчаи “Пулод Толис”-и ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе, ки 9 сол боз дар наздикии корхона зиндагӣ мекунад, мегӯяд, аз чангу ғубори корхона маҷбуранд сару либоси шусташударо на дар рӯи ҳавлӣ, балки дар дохили хона хушк кунанд. “Либос мешӯем, офтоб мекунем. Шаб мебинем, ки болояш як ваҷаб хоку чанг дорад, маҷбурем дохили хона офтоб кунем”.

Ин хонум дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин макон зистан барои беморони дорои фишорбаландӣ ва алергия мушкил аст:

“Ман худам бемории қанд дорам. Дар ин ҳавои вазнин душвор аст зистан, лекин чӣ кор кунем”. Чанд тан аз ҳамсӯҳбатонамон гуфтанд, чангу ғубори корхона асосан шабона зиёд партоб мешавад ва онҳо одатан субҳ корро аз тозакунии дару тирезаву мошинҳояшон оғоз мекунанд.

Дар Тоҷикистон 14 корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори солонаи 5 миллион тонна фаъолият дошта, истеҳсоли он дар ҳоли афзоиш мебошад. Қаблан Тоҷикистон аз Покистон, Эрон ва Қазоқистон ҳамасола ҳудуди 2 миллион тонна семент ворид мекард. Бо афзоиш ёфтани истеҳсоли семент Тоҷикистон аз кишвари воридкунанда ба содиркунанда табдил ёфта, сементашро асосан ба кишварҳои Узбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон содир менамояд.

Дар истеҳсоли семент саҳми корхонаи “Чунгтсай Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон 36,1 %, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 28,3 %, “Хуаксин Ғаюр семент”-и ноҳияи Ёвон 16,6 %, “Сементи Тоҷик” 7,8%-ро ташкил медиҳад.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG