Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Украина панҷ ҳавопаймои бесарнишини Русияро задаанд


Мақомоти Украина рӯзи 4-уми август гуфтанд, ки панҷ дрон ё ҳавопаймои бесарнишини Русияро сарнагун карданд.

Микола Олешук, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Украина, дар "Фейсбук" навишт, ҳавопаймоҳои бесарнишини навъи "Шоҳид"-и сохти Эронро дар вилоятҳои Херсон, Днепропетровск, Кировоград ва Запорожйе заданд.

Ин ҳавопаймоҳо аз як пойгоҳ дар минтақаи Краснодари Русия сар дода шудаанд.

Русия рӯзи 4-уми август бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин ба чанд минтақаи Украина ҳамла кард.

Александр Прокудин, волии Херсони Украина, рӯзи 4-уми август гуфт, як рӯз пеш дар тирборони Русия 15 нафар, аз ҷумла як кӯдак захмӣ шуданд.

Бо вуҷуди далелҳои қавӣ, Русия иддао дорад, ки дар ҷанги худ алайҳи Украина мардуми осоиштаро нишон нагирифтааст.

Як ҳайат аз нозирони ҳуқуқи башари Созмони Милал гузориш дод, ки аз оғози ҳамлаи Русия дар моҳи феврали соли 2022 камаш 11 ҳазору 284 украинӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG