Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Африқои Ҷанубӣ омодаи видоъ бо Мандела мешавад


Ба дунболи интишори хабарҳо аз бад шудани вазъи саломатии Нелсон Мандела ва лағви сафари хориҷии Ҷейкоб Зума, раиси ҷумҳури Африқои Ҷанубӣ, мардуми ин кишвар омодаи видоъ бо «падари маънавӣ»-и худ шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", Ҷейкоб Зума, ки қасд дошт барои ширкат дар нишасти «Ҷомеаи тавсеаи Ҷануби Африқо» ба Мозамбик сафар кунад, рӯзи чаҳоршанбе пас аз аёдати Нелсон Мандела дар бемористон, сафари худро қатъ кард.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи раёсати ҷумҳури Африқои Ҷанбуӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиони давлатии ин кишвар изҳор дошт, ки дар 48 соати гузашта вазъи саломатии Мандела рӯ ба бадшавӣ гузошта ва ӯ акнун дар шароити «буҳронӣ» қарор дорад.

Нелсон Манделаи 94-сола ва раҳбари Африқои Ҷанубӣ дар мубориза алайҳи табъизи нажодӣ, аз бист рӯз пеш дар яке аз бемористонҳои пойтахти ин кишвар бистарӣ аст. Нелсон Мандела, раҳбари пешини Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, 8 июн бо маризии шуш ба бемористон интиқол дода шуд. Аз ибтидои сол бори саввум аст, ки бузургтарин марди Африқои Ҷанубӣ дар бемористон бистарӣ мешавад.

Дуои мардуми Африқои ҷанубӣ барои Нелсон Мандело
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00
Линки мустақим

Нелсон Мандела ҳаёти худро ба мубориза бо табъизи нажодӣ дар Африқои Ҷанубӣ бахшид ва барои ин 27 солро дар маҳбас сипарӣ кард. Гуфта мешавад, ки маҳз ҳамон солҳои азияту машаққат дар конҳои зеризаминӣ Мандела ба бемориҳои шуш мубтало гардид. Аммо бо вуҷуди азияти зиёд дар зиндон, Мандела ҳама душманону мухолифони худро расман бахшид ва ҳамеша аз мардуми Африқои Ҷанубӣ даъвати мусолиҳа мекард.

Соли 1993 Нелсон Мандела барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуд. Соли 1994 ӯ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ нахустин сарвари сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ интихоб гардид ва то соли 1999 сарварии кишварро бар ӯҳда дошт. Соли 2004 Мандела тасмим гирифт аз сиёсат канор равад ва дар зодгоҳаш деҳаи Куну, ки он ҷо айёми, ба гуфтаи худаш, “тиллои”-и тифлияш гузаштааст, муқимӣ шавад. Вале моҳи декабри соли гузашта табибон пойфишорӣ карданд, ки “падари миллат” ба манзиле дар канори Иоханнесбург, дар наздикиҳои бемористон, кӯчад.
XS
SM
MD
LG