Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев бо тағйири чеҳра бобои муҳоҷири тоҷик шуд (ВИДЕО)


Дар ин акс чеҳраи президент Назарбоев бо симои як пирамарди ришдароз ва домоди даргузаштааш Роҳат Алиев бо симои марди дигаре табдил ва пахш шудааст
Дар ин акс чеҳраи президент Назарбоев бо симои як пирамарди ришдароз ва домоди даргузаштааш Роҳат Алиев бо симои марди дигаре табдил ва пахш шудааст

Дар як сериали сохтаи киностудияи украинӣ акси хонаводаии президенти Қазоқистон истифода шудааст.

Масъулони ширкати синамои “УПС” (Украинская продакшн студия) аз мардум ва ҳукумати Қазоқистон узрхоҳӣ кардааст, ки дар филми нави сохтаи ин киностудия акси таҳриршудаи хонаводаии президент Нурсултон Назарбоев чун акси оилаи як муҳоҷири тоҷик истифода шудааст. Акси аҳли хонаводаи президент Назарбоев, ки дар он ҳамсару духтарон, набераҳо ва ду домод, аз ҷумла Роҳат Алиев, ҳамсари даргузаштаи Дариға Назарбоева бардошта шудаанд, дар ин филм ба унвони оилаи як фарроши тоҷик истифода шудааст. Айни замон, муаллифони филм акси худи Назарбоевро бо чеҳраи як пирамарди ришдароз ва Роҳат Алиевро бо акси кадом як марди дигаре табдил кардаанд.

Дар филм кӯчарӯби тоҷик ба зане, ки ӯро аз ҳамлаи сартрошидаҳо наҷот дод, ин аксро аз ҷайбаш мегирад ва бо ҳавас дар бораи аҳли хонаводааш нақл мекунад.

"Ин хоҳари калонии ман аст," мегӯяд ӯ ва ангушт рӯи акси ҳамсари Назарбоев Сара Назарбоева мегузорад.

Бо ишора ба набераи Назарбоев муҳоҷир мегӯяд, "ин Раҳими хурдакаки мост."

"Ва ин ҳам хоҳари ман Зулфиа" -- вай духатри калонии Назарбоев Дариғаро нишон медиҳад, -- "Вай хеле хуб кор мекунад."

Дар тасвири дасткоришуда танҳо чеҳраи Роҳат Алиев ва худи Назарбоев тағйир дода шудаанд.

"Ва зеботарину хуштарини мо, бобоямон Раҳим аст. Вай 92 сол дорад," -- мегӯяд муҳоҷир бо ишора ба Нурсултон Назарбоев, ки дар сурат чеҳраи ӯро марди ришдоре иваз кардааст. "Ҳанӯз ҳам занон мехоҳанд, бо ӯ издивоҷ кунанд, вале ӯ мегӯяд, пуле надорад, ки қалин диҳад, барои ҳамни дигар зан гирифтанӣ нест.

Ин акс аз Интернет гирифта ва таҳрир шудааст
Ин акс аз Интернет гирифта ва таҳрир шудааст

Дар паи нашри эътирози як тамошобини сериали “Дилҳои танҳо” дар телевизиони русӣ ва ҳам дар интернет, раҳбарияти ширкати “УПС” (Украинская продакшн студия) расман за ҳукумат ва мардуми Қазоқистон узрхоҳӣ кард. Продюсери генералии сериал Ирина Заря ба zakon.kz гуфтааст, ки аз ин иштибоҳи роҳёфта “ӯву ҳамкоронаш шарманда ҳастанд”. Ба гуфтаи ӯ, ин иштибоҳ соли 2012 рух дод, вақте кормандон як бахши реквизит - маводи зарурӣ барои истифода дар филмбардориро гум карданд ва маҷбур шуданд аз интернет аксе ёфта ба ин шакл вазъро ислоҳ кунанд. “Ман ба ҳеҷ сурат ҳамкоронамро сафед намекунам, гуноҳамонро эътироф мекунем ва дар оянда ин ҳодиса барои мо як дарс мешавад. Ҳоло бошад ман аз президенти Қазоқистон ва аҳли оилаи ӯ ва ҳам тамоми мардуми Қазоқистон узр мехоҳам”, гуфт Ирина Заря ба сомонаи қазоқӣ.

Ирина Чемерис, раҳбари кулли ширкати “УПС” баъди узрхоҳӣ дар навбати худ гуфтааст, ки баъди як санҷиш омилони ин ҳодиса ҳатман муҷозот мешаванд.

Сериали “Одинокие сердца” дар бораи як зане қисса мекунад, ки ҳунари фолбинӣ дорад, вале худ дар зиндагӣ танҳову бекас аст. Яке аз қаҳрамонони ин филм Давлат, фарроше аз Тоҷикистон аст, ки барои кӯмак ба оилааш дар Русия кор мекунад. Дар ин филм ӯ зери зарбаи сартарошидаҳо меафтад ва яке аз қаҳрамонони мусбати дигар филм ӯро аз теғи миллатгароҳо озод мекунад.

Матбуоти Қазоқистон мегӯяд, бори аввал нест, ки дар сериалҳои русӣ ё украинӣ симоҳои мақомоти қазоқ истифода мешаванд. Сентябри соли 2013 дар як навори барномаи мазҳакавии телевизони ТВЦ акси мири шаҳри Алмаато ба унвони як овозхони поп муаррифӣ шуд. Баъдан ин телевизион аз ҳукумати Қазоқистон узрхоҳӣ кард.

Намоиши ин акс дар дақиқаи 1:48:36

XS
SM
MD
LG