Пайвандҳои дастрасӣ

Навоз Шариф, нахуствазири Покистон рӯзи 28-уми июл чанд соат пас аз эълони ҳукми Додгоҳи олии ин кишвар дар бораи бозпас гирифтани салоҳияти ӯ, аз мақомаш канорагирӣ кард. Навоз Шариф ба фасоди молӣ муттаҳам мешавад. Ӯ аввали моҳи июли имсол бо як сафар ба Тоҷикистон омада буд.

Дафтари нахуствазири Покистон дар баёнияе гуфт, алорағми онки Навоз Шариф дар мавриди ҳукми Додгоҳи олӣ, "мулоҳизаҳои ҷиддӣ" дорад, аммо аз мақоми худ канорагирӣ мекунад. Чанд соат пеш аз канорагирии нахуствазири Покистон, хабаргузории "Ройтерс" ба нақл аз Эъҷоз Хон, додраси Додгоҳи олии Покистон навишт, Муҳаммад Навоз Шариф "ҳамчуни узви порлумони Покистон салоҳияти дигар надорад ва ба ин тартиб мақоми нахуствазирӣ низ дар дасти ӯ нест."

Ин савумин бор аст, ки Навоз Шариф, сиёсатмадори собиқадори Покистон, бе онки давраи ҳукумати худро ба поён бирасонад, аз кор барканор мешавад.

Додгоҳи олии Покистон дар моҳи марти имсол, пас аз баррасии парвандаи фасоди молии Навоз Шариф ва фарзандони ӯ, дастур дод, ки таҳқиқот дар заминаи иттиҳомоти матраҳшуда алайҳи ин хонавода идома ёбад. Дар пайи судури ин ҳукм, ҳазорон тан аз мухолифони ҳукумати Покистон бо баргузории тазоҳурот дар Исломобод дар моҳи апрел хостори истеъфои Навоз Шариф шуданд.

Дар ҳамон замон Додгоҳи олӣ санадҳои пешниҳодкардаи Навоз Шарифро кофӣ надонист ва таъйид кард, ки ӯ метавонад ба вазифаи худ дар мақоми нахуствазир, идома диҳад.

Се фарзанди Навоз Шариф ба таъсиси ширкатҳо барои хариди дороиҳо дар Лондон муттаҳам шудаанд. Нахуствазири Покистон ва се фарзанди ӯ ин иттиҳомотро рад мекунанд. Номи ин хонавода соли гузашта дар феҳристи дахил дар парвандаи маъруф ба "Санадҳои Панама" ёфт шуд.

Бинои Додгоҳи олии Покистон.
Бинои Додгоҳи олии Покистон.

Рӯзи ҷумъа Додгоҳи олии Покистон дар ҳукми худ ҳамчунин аз Идораи мубориза бо фасод дар Покистон хост, то дар бораи иттиҳомот алайҳи Навоз Шариф ва хонаводаи ӯ ба таҳқиқоти худ идома диҳад.

Дар таърихи ҳафтодсолаи Покистон ин бори дувум аст, ки Додгоҳи олии ин кишвар салоҳиятҳои як нахуствазирро бозпас мегирад. Дар соли 2012 низ пас аз онки Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири вақти Покистон аз бозкушоии парвандаи фасод алайҳи Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури вақт худдорӣ кард, Додгоҳи олӣ ӯро аз ин мақом барканор намуд.

Ин саввумин бор аст, ки Навоз Шариф, сиёсатмадори собиқадори Покистон, бе онки давраи ҳукумати худро ба поён бирасонад, аз кор барканор мешавад. Ӯ соли 1993 бо рӯ задани иттиҳомоти ришвахӯрӣ ба дасти раиси ҷумҳури вақт Ғулом Исҳоқхон, мақомашро аз даст дод ва дар соли 1999 дар як табаддулоти низоми тавассути генерал Парвиз Мушарраф, аз мақомаш барканор шуд. Навоз Шариф наздик ба 10 сол дар Арабистони Саудӣ дар табъид буд.

Дар Покистон низоми порлумонӣ амал мекунад ва ҳар ҳизбе, ки дар интихоботи умумӣ аксарияти курсиҳоро ба даст овард, ҳукуматро ташкил медиҳад. Дар таърихи ҳафтодсолаи ин кишвар, то ба ҳол ҳеҷ як нахуствазир натавонистааст маъмурияти панҷсолаи худро ба поён расонад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG