Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамрини наврӯзии хонандагон дар Хуҷанд. Худсарона ё амри боло? ВИДЕО


Тамрини хонандагону донишҷӯён дар Хуҷанд
Тамрини хонандагону донишҷӯён дар Хуҷанд

Бо вуҷуди он ки мақомоти Тоҷикистон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус тамрини роҳпаймоиҳо ё маршировкаро муваққатан қатъ карданд, ин шабу рӯз дар Хуҷанд машқи ҳазорҳо хонанда ва донишҷӯ идома дорад. Онҳо барномаи ҷашни асосии Наврӯзи имсола дар маркази вилояти Суғдро тамрин мекунанд.

Яке аз иштирокдорони тамрин бе зикри номаш гуфт, дар синфи даҳум мехонад ва онҳоро аз ноҳияи Зафаробод меоранд: "Ду рӯз боз саҳарӣ бо мусофирбари хурд меоранд ва бегоҳӣ ба хона бармегардем."

Дар маҳалли тамрини роҳпаймоӣ омӯзгорон низ буданд, аммо аз сӯҳбат дар назди дурбин худдорӣ карданд. Яке аз онҳо дар сӯҳбати бидуни микрофон рӯзи 10-уми март гуфт, "мақомот таҷлили ҷашнро маъракаи муҳими сиёсӣ номида, гуфтанд, ки иштирок дар он ҳатмист".

Имсол ҷашни асосии Наврӯз бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Хуҷанд пешбинӣ шудааст.

Хонандагони мактабҳои миёна як моҳ дар толорҳо сафороӣ ва қадамзаниву рақсро омӯхта, ҳоло дар даври ниҳоӣ якҷо бо донишҷӯёну омӯзгорон дар варзишгоҳ ҷамъ меоянд.

"Маршировка" дар Хуҷанд манъ нашудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:59 0:00

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи чаҳоруми март эълон карданд, ки тамрини роҳпаймоӣ ё “маршировка”-и хонандагону донишҷӯёнро барои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи имсола қатъ кардаанд.

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ин кор бо ҳадафи “худдорӣ аз харҷи маблағҳо” ва “пешгирӣ аз сирояти коронавирус (COVID-19)” гирифта шудааст. Дар иттилоияи расмии вазорат гуфта шуд, ки “ба раҳбарони мактабҳо дастур шуд, ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар алоҳидагӣ ва дар доираи муассисаи таълимӣ... баргузор кунанд".

Ҳамон рӯз дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷашни байналмилалии Наврӯз мисли солҳои гузашта бо ҳузури зиёди мардум ҷашн гирифта нахоҳад шуд.

Вале баръакси он дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд рӯзи 5-уми март бо нашри изҳороти расмӣ гуфтааст, ба сабаби боронӣ будан ва сабабҳои техникӣ тамринҳо як-ду рӯз мутаваққиф гардиданду бас.

"Оянда ин тамринҳо ва омодагӣ ба чорабиниҳои дигар идома дода мешавад. Мақомоти шаҳрдорӣ дар бораи қатъ кардани омодагиҳои ҷашни наврӯзӣ то ба ҳол аз сӯи ниҳодҳои марказии кишвар ҳеҷ дастур нагирифтаанд", - навиштааст Маъмури Юсуфзод, сардори дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд.

Ба қавли ӯ, мақомоти Суғд барои дар сатҳи баланд баргузор кардани Наврӯзи байналмилалӣ рӯзи 22-юми март дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолият” дастур гирифтаанд.

Ҳоло маълум нест, қарори манъи баргузории роҳпаймоиҳо бо иштироки хонандагону донишҷӯён ва маҳдуд кардани чорабиниҳои наврӯзӣ воқеан мавриди амал ҳаст ё не. Агар қарор мавриди иҷрост, пас, танҳо барои шаҳри Душанбе дахл дорад, ё нуқтаҳои дигари Тоҷикистон ҳам?

Ин дар ҳолест, ки мақомот намозҳои ҷамоа дар масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъро дар саросари кишвар манъ карданд ва сабаби онро пешгирӣ аз коронавирус номиданд. Мақомот мегӯянд, то ҳол ҳеч мавриди гирифторӣ ба вируси нав дар кишвар сабт нашудааст. Аммо беш аз якуним ҳазор нафаре, ки аз Чину Кореяи Ҷанубӣ Ҷанубӣ ва Эрону Афғонистон омадаанд, зери назорати пизишкон қарор гирифтаанд.

Вируси нав, ки моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд ва бемории шабеҳи илтиҳоби шуш бармеангезад, то кунун дар ҷаҳон беш 4 ҳазор нафарро кушта ва беш 110 ҳазор каси дигарро бемор кардааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG