Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

90 соли Отахон Латифӣ. Кӣ ва барои чӣ ӯро кушт?

Отахон Латифӣ
Отахон Латифӣ

Рӯзи 18-уми март аз таваллуди Отахон Латифӣ, рӯзноманигори маъруф, муовини сарвазир ва яке аз чеҳраҳои калидии музокироти сулҳи тоҷикон аз ҷониби нерӯҳои мухолиф, 90 сол гузашт. Ӯ моҳи сентябри соли 1998, пас аз баргашт аз муҳоҷирати иҷбории панҷсола ва як муддат кор ҳамчун раиси бахши ҳуқуқии Кумисюни оштии миллии Тоҷикистон дар назди хонааш дар Душанбе кушта шуд.

"Ин куштори сиёсӣ буд"

"Пас аз чанд вақти ҳодиса як нафарро пайдо карданд, як ҷавонро, ки гуё ӯ паронда бошад. Додрас ё додситон, ҳоло дақиқ ба ёдам нест, маро даъват кард, ки як касро ёфтем, шумо ҳам тасдиқ кунед, ки ӯ куштааст. Ман гуфтам, дар онҷо набудам, надидам, чӣ хел бачаи мардумро мегӯям, ки ҳамин куштааст? Ин як куштори сиёсӣ буд. Маро дигар даъват накарданд ва ман дигар ба ҳеч куҷо нарафтам ва талаби дигар накардам," – гуфт Манзура Яъқубова, ҳамсари Отахон Латифӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Манзура Яъқубова
Манзура Яъқубова

Хабарнигор: Фикр мекунед, барои чӣ куштанд?

Манзура Яъқубова: "Инашро Худо медонад."

Хабарнигор: Худашон мегуфтанд, ки ҳамин гуна хатар ҳаст?

Манзура Яъқубова: "Ӯ эҳсос мекард."

Хабарнигор: Ягон вақт нагуфтанд, ки кӣ метавонанд бошад?

Манзура Яъқубова: "Не, аз ҳеч кас гумонбар набуд. Ман метавонам бигӯям, ки инҳо метавонистанд аз ҳар ду тараф (ҷонибҳои даргир) бошанд. Аммо ман намедонам."

Профессор Абдунабӣ Саторзода, яке аз ҳамсафони Отахон Латифӣ дар Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони тоҷик мегӯяд, мулоҳизоте дар бораи ангезаҳои кушта шудани ин ёри сиёсӣ дорад, аммо на ҳамаро мешавад гуфт: "Фақат ҳаминро мегӯям, ки ошкор нашудани ҳамин марг одамро ба шубҳа меандозад, ба шак меорад. Чаро бо ҳама воситаву чизҳое, ки дорем хеле касон дар ин солҳо қурбон шуданд, вале маргашон мармуз аст."

Чаро ба сафи мухолифон пайваст?

Отахон Латифӣ (чап) ва Давлати Худоназар (рост)
Отахон Латифӣ (чап) ва Давлати Худоназар (рост)

Отахон Латифӣ хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи Петербург ва солҳои 1967-1989 хабарнигори вижаи рӯзномаи "Комсомолская правда" дар Осиёи Марказӣ ва нашрияи марказии ҳукумат ва ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон буд. Ҷасорати матраҳ кардани мушкилоти муҳими минтақа дар нашрияҳои рақами аввали Шӯравӣ ва маҳорати рӯзноманигорияш ӯро ба чеҳраи маъруфе табдил карда буд.

Ин буд, ки дар поёни Шӯравӣ ба мақоми муовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон расид. Аммо чеҳрае, ки ҳанӯз замони мактабхонӣ узви Ҳизби коммунист шуда буд, дар оғози истиқлоли Тоҷикистон дар қатори коммунистҳо намонду бо мухолифони онҳо пайваст.

Иброҳим Усмонов
Иброҳим Усмонов

Иброҳим Усмонов, мушовири пешини раисҷумҳури Тоҷикистон ва аз пайравони мактаби Латифӣ, бар ин аст, ки муносибати устодаш бо роҳбари Идораи амният ва Қаҳҳор Маҳкамов, раиси ҳизб ва роҳбари вақти Тоҷикистон дар масоили ҳизбӣ ва сиёсӣ бад шуд.

“Вай ба танҳоӣ наметавонист қувваи сиёсӣ бошад дар Тоҷикистон. Дар Тоҷикистони ҳамондавра ба ягон қувваи сиёсии дигар пайваст шудан даркор буд. Қувваҳои сиёсии доштаи мо Ҳизби демкорат, Ҳизби наҳзати исломӣ, созмони “Растохез” буд. Чизи дигаре набуд,” – шарҳ дод ӯ.

Аммо бино бар суҳбатҳои худи Латифӣ, интихоби ӯ на бар пояи кинаҳои шахсӣ, балки зимни эътиқодаш ба озодии инсон, истиқлоли воқеии Тоҷикистон ва зиндагии бе тарсу ҳароси мардум таҳти як ҳукумати миллӣ ва мардумсолор буд.

Нақш дар раванди сулҳ

Отахон Латифӣ соли 1993 дар Маскав раҳбари Шӯрои ҳамоҳангсози нерӯҳои демократии Тоҷикистон баргузида шуд ва нахустин талошҳои барои сулҳ ва дидор бо намояндагони ҳукумати вақтро ӯ анҷом дод.

Абдунабӣ Сатторзода
Абдунабӣ Сатторзода

Абдунабӣ Сатторзода, муовини вақти раиси Ҳизби демкорати Тоҷикистон, гуфт: “Нақши устод Латифӣ дар раванди сулҳи тоҷикон хеле муассир аст. Дар ду давраш, даври аввал ва даври дуюм роҳбари ҳайати нерӯҳои Иттиҳоди опозитсиюн буданд. Баъд аз он кас ҷонишини доимии раиси ин Иттиҳод буданд. Асосан аз тарафи ҷониби оппозитсиюн устод Латифӣ матнҳоро таҳия, таҳрир ва тасҳеҳ мекарданд”.

Гулрухсори Сафӣ
Гулрухсори Сафӣ

Латифӣ дар 62-солагӣ кушта шуд. Гулрухсор Сафӣ, шоир ва аз дӯстони Латифӣ мегӯяд, агар ӯро хеле зуд намекуштанд, корҳои мондагори зиёди дигаре барои Тоҷикистон мекард: “Агар мо дар байни журналистон якнафарӣ Латифӣ медоштем, ними Латифӣ, ман хаёл мекардам, хеле кор осон мешуд. Беҳуда мо фикр мекунем, ки як ватанро як нафар сохта метавонад”.

Дархости номгузории як кӯча ба номи Латифӣ

Манзура Яъқубова пас аз кушта шудани ҳамсараш талош карда буд, кӯчае дар Душанбе ба поси хидматҳояш номи Латифиро дошта бошад: “Ба Маҷлиси олӣ навиштам, ки як кӯча ба номашон гузошта шавад. Лавҳаи ёдгорӣ гузошта шавад. Дар Маҷлиси олӣ қарор қабул шуд ва ба шаҳрдорӣ фиристода шуд. Он вақт Убайдуллоев раис буд. Ба ман чунин вонамуд карданд, ки барои гузоштани лавҳаи ёдгорӣ пул надоранд ва билохира онҷо дархости маро рад карданд.”

Ҳоло дар 90-солагии Отахон Латифӣ дигарбора гурӯҳе аз рӯшанфикрон ва ҷомеаи журналистии Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки ба номи Латифӣ кӯчае дар Душанбе номгузорӣ шавад. Зиннатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, гуфт: “Чанде пеш ба унвони раиси Маҷлиси миллӣ, раиси шаҳри Душанбе аз Иттифоқи журналистон нома ирсол гаштааст ва ин масъала дар баррасӣ қарор дорад.”

Ҳоло хонае, ки Латифӣ ва хонаводааш дар Душанбе аз соли 1975 зиндагӣ кардаанд ва ӯро дар наздикии ин хона ба қатл расонида буданд, тахриб мешавад ва хотироти зиёде аз Латифӣ бо ин хона аз миён меравад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Устоди журналистони тоҷик-Отахон Латифӣ 90-сола шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:27 0:00
XS
SM
MD
LG