Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи НАТО аз боқӣ мондани нерӯҳои Олмон дар Афғонистон


Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) аз тасмими Олмон дар мавриди нигоҳ доштани бархе аз нерӯҳояш дар Афғонистон пас аз соли 2014, истиқбол кард.

Андерс Фог Рассмусен, дабири кулли НАТО гуфт, ин тасмими мақомоти Олмон як намунаи хуб барои ҳама кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки дар Афғонистон нерӯ доранд. Ҳукумати Афғонистон низ аз ин омодагии Олмон барои ҳифзи теъдоде аз сарбозони он кишвар баъд аз соли 2014 дар Афғонистон истиқбол кардааст.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон бо истиқбол аз ин тасмими Олмон, рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт: «Мо аз тасмими Олмон дар чаҳорчӯбаи кории НАТО дар заминаи ҳифзи нерӯҳо дар Афғонистон истиқбол мекунем. Мо ҳанӯз ҳам ба мусоидати онҳо ниёз дорем.»

Вазири дифои Олмон бо ибрози ин, ки сарбозони он кишвар дар шаҳрҳои Кобул ва Мазори Шариф барои як давраи дусола мустақар хоҳанд шуд, рӯзи панҷшанбе гуфт: «Ҳукумати Олмон омада аст байни 600 то 800 сарбозро аз соли 2015 барои як давраи иловагии дусола барои омӯзиш, раҳнамоӣ ва ҳимоят аз маъмуриятҳо, омода созад.

Томас Де Майзиере, вазири дифои Олмон мегӯяд, ин нерӯҳои кишвараш ба гумони ғолиб дар шаҳрҳои Кобул ва Мазори Шариф, барои як давраи дусола мустақар хоҳанд шуд. Тасмими ниҳоӣ дар мавриди истиқрори низомиёни Олмон дар Афғонистон пас аз соли 2014, дар моҳи сентябр, баъд аз баргузории интихоботи умумӣ дар он кишвар, гирифта хоҳад шуд.

Олмон дар ҳоли ҳозир ҳудуди 4200 сарбоз дар Афғонистон дорад, ки бахши аъзами онҳо дар шимоли ин кишвар мустақар мебошанд.

Дар ҳамин ҳол Забеҳулло Муҷоҳид,сухангӯи Толибон дар вокуниш ба хабари боқӣ мондани нерӯҳои Олмон дар Афғонистон баъд аз соли 2014 гуфтааст, ки ҳузури олмониҳо дар ин кишвар барои онҳо қобили қабул нест.
XS
SM
MD
LG