Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон барои ширкат дар конфронси Маскав омода шуданд


Дабири кулли паймони низомии НАТО Йенс Столтенберг дар як сафари ғайримунтазирааш ба Кобул, аз Толибон даъват кард, ки дар музокироти сулҳ ба хотири хатми ҷанги 17-сола иштирок кунанд. Ӯ гуфт, идомаи ҷанг "бемаънӣ ва бефоида аст".

Йенс Столбенберг дар як нишасти хабарӣ, ки 6-уми ноябр баргузор шуд, гуфт, ки Толибон ба хотири ин, ки "як бахши ояндаи Афғонистон бошанд, бояд сари мизи музокирот нишинанд". Ӯ аз гурӯҳҳои дигари даргир дар Афғонистон тақозо кард, ки қатлу куштори ҳамватанони худро хотима диҳанд.

Мақомот дар Афғонистон чандин сол аст, ки Толибонро барои ширкат дар музокироти воқеии сулҳ даъват мекунанд, вале то ҳанӯз ин даъватҳо натиҷаи воқеӣ надодааст.

Сафари раҳбари НАТО ба Афғонистон дар ҳоле баргузор шуд, ки мақомоти Афғонистон ва ҳам Толибон дар изҳороти ҷудогона гуфтанд, ҳайати худро ба музокироти байналмилалии сулҳ ба Русия сафарбар мекунанд. Қарор аст ин музокирот 9-уми ноябр дар Маскав баргузор шавад.

Маълум нест, ки манзури Столтенберг музокироти сулҳи Маскав буд ё на, вале ӯ гуфт, ки музокироти сулҳ бояд аз ҷониби худи афғонҳо ташкил ва раҳбарӣ шавад.

Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон гуфт:

“Мо умедвор ҳастем, он рӯзе, ки музокироти расмӣ шурӯъ мешавад, дур нест. Вале на худи музокирот, балки натиҷаи он муҳим аст. Натиҷааш бояд сулҳи фарогир дар Афғонистон бошад, ки онро ҳама гурӯҳҳо бипазиранд. Инчунин, ин бояд як ҷараёни комил бошад ва мо ширкати ҳамкорони байналмилалии худро ҳам ҷонибдорӣ мекунем”.

Бархе мақомоти Амрико изҳори нигаронӣ карданд, ки конфронси Русия талошҳои фиристодаи Иёлоти Муттаҳида Залмай Халилзодро барои сари мизи гуфтушунид нишондани Толибон ва хатми ҷанг дар Афғонистон, ба ҳам мезанад. Дар гузашта ИМА Русияро дар он муттаҳам кардааст, ки Толибонро бо силоҳҳони сангин таъмин мекунад, вале Русия ин иттиҳомотро ҳамеша рад кардааст.

Йенс Столбенберг.
Йенс Столбенберг.

Нерӯҳои амниятии Афғонистон баъди тарки ин кишвар кардани аксар нерӯҳои НАТО дар соли 2014, ғолибан мустақилона зидди Толибон ва дигар гурӯҳҳои шӯришӣ мубориза мебаранд. Дар ҳодисаи ахир 5-уми ноябр дар вилояти ғарбии Фароҳ, Толибон дастикам 20 сарбози артиши Афғонистонро кушта, 20 нафари дигарро маҷрӯҳ карданд.

Столтенберг дар мулоқот бо раиси ҷумҳурии Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфт, ки феълан 16 ҳазор сарбози НАТО аз 39 кишвар дар маъмурияти "Ҳимояти қотеъ" дар Афғонистон ҳузур доранд ва ин паймон манфиатдори пирӯз шудан дар Афғонистон аст. Столбенберг инчунин афзуд, ки дар Ғарб аз мақомоти Афғонистон ҳам интизор ин аст, ки мудирияти худ, риояи қонун, мубориза бо фасод ва ҳимояти ҳуқуқи шаҳрвандон, бахусус занонро таъмин кунанд.

Толибон ба Маскав мераванд

Дар ҳамин ҳол, Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, як ниҳоди ҳукуматии масъули талошҳои сулҳ бо ҷангиён гуфт, ки чаҳор намояндаи худро ба музокироти сулҳ ба Русия мефиристад. Дафтари сиёсии Толибон дар як посухи ҷудогона ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки ин гурӯҳи низомӣ дар музокирот иштирок мекунад, вале ин нишастро ба унвони "як муколамаи расмӣ барои сулҳ", эътироф нахоҳад кард.

Хабаргузориҳои ғарбӣ аз қавли Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон навиштанд, ки ин гурӯҳ ҳайати панҷнафариро ба раҳбарии Шермуҳаммад Аббос, раҳбари Шӯрои сиёсии Толибон дар Қатар, ба Маскав мефиристанд. "Мо дар ин нишаст масъалаи берун шудани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, озод шудани зиндониҳо ва ҳам бекор шудани манъи сафар барои аъзои ин гурӯҳрро тақозо мекунем",-гуфт дар сӯҳбат бо хабаргузории "Рейтерс" як мақоми Толибон.

Вазорати хориҷаи Афғонистон нагуфтааст, ки оё намояндаҳои худро ба ин нишаст мефиристад ё на. Сибғатулло Аҳмадӣ, сухангӯи вазорат гуфт, ки ин мавзӯъ ҳанӯз дар дасти баррасии мақомот аст.

Тоҷикистон ба нишасти Маскав даъват шудааст

Дар ҳамин ҳол, мақомот дар Маскав гуфтаанд, ки ба Муколамаҳо оид ба Афғонистон, ки бори дуюм баргузор мешавад муовинони вазирони хориҷаи 12 кишвар даъват шудаанд. Дар музокироти Маскав бо ширкати Толибон, аз ҷумла, мақомоти Афғонистон, Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва ИМА даъват шудаанд. Ҳанӯз ин кишварҳо тасмими худро дар робита бо даъват ба конфронс баён накардаанд.

Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон.
Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон.

Дар Тоҷикистон манобеи ҳукуматӣ мегӯянд, ки дар ин нишаст намояндагони ҳукумат дар сатҳи муовини вазири хориҷа иштирок мекунанд. Ба эҳтимоли ғолиб, сафари намояндагони Тоҷикистон ба Маскав фардо, 8 ноябр сурат мегирад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон тақрибан 1400 км марзи муштарак дорад, ҳамеша гуфтааст, ки дар сулҳу суботи ин кишвари ҳамсоя манфиатдор аст. Масъалаи таъмини амният дар ин кишвар ба маънои амнияти марзҳои Тоҷикистон аст.

Толибон дар саҳнаи сиёсии Афғонистон

Ҳанӯз маълум нест, ки кишварҳои дигар намояндаҳои худро ба Маскав мефиристанд ё на. Вале даъвати баргузории музокироти сулҳ бо Толибон, ки соли ҷорӣ аз ҷониби Узбекистон ва бо ширкати 20 кишвар барпо шуд, дар ниҳоят амр аз ҷониби Толибон рад шуд.

Гурӯҳи Толибон, ки солҳои 1996-2001 дар Афғонистон ҳукумат кардаанд, баъди бо кӯмаки нерӯҳои байналмилалӣ аз қудрат дур шудан ба як нерӯи аслии мухолифини ҳукумати рӯ ба ғарби Кобул табдил шуд. Мақомот дар Афғонистон чандин сол аст, ки Толибонро барои ширкат дар музокироти воқеии сулҳ даъват мекунанд, вале то ҳанӯз ин даъватҳо натиҷаи воқеӣ надодааст.

XS
SM
MD
LG