Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО ва Афғонистон: Бимонад ё биравад?


Як сарбози Бритониё дар Афғонистон
Як сарбози Бритониё дар Афғонистон

Дабири кулли НАТО мегӯяд, ин паймони низомӣ ҳузурашро дар Афғонистон ҳифз мекунад, вале на дар шакли амалиётҳои низомӣ, балки аз тариқи кумаку тамрини нирӯҳои афғон.

Вазирони хориҷаи кишварҳои узви паймони низомии НАТО рӯзи 1 декабр дар Брюссел нақши ояндаи ин паймон дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар пасманзари бад шудани авзои амниятӣ дар он кишвари ҷангзада даъватҳо ҷиҳати ба таъхир гузоштани хуруҷи нирӯҳои боқимондаи эътилофи таҳти раҳбарии НАТО аз Афғонистон торафт баландтар садо медиҳанд.

Нирӯҳои Афғонистон расман аз 1 январи соли 2015 масъулияти таъмини амният дар саросари он кишварро ба дасти худ гирифтанд, вале ба мавҷи афзояндаи ҳамлаҳои ҷангиёни Толибон ва гурӯҳҳои дигари тундрави исломгаро рӯбарӯ шудаанд. Дар моҳи сентябр ҷангиёни Толибон ҳатто барои чанд рӯз назорати шаҳри аз нигоҳи стротегӣ муҳими Қундузро дар наздикии марз бо Тоҷикистон ба даст оварданд. Ба нирӯҳои афғон танҳо таҳти ҳимояти нирӯҳои ҳавоии Амрико ва НАТО муяссар шуд, то ҷангиёнро аз маркази маъмурии вилояти Қундуз биронанд.

Вале ҷангиёни Толибон ва гурӯҳҳои дигари исломгаро то ҳол чандин вулусволӣ дар гӯшаҳои мухталиф аз ҷануб то шимол ва аз ғарб то шарқи Афғонистонро дар дасти назорати худ доранд.

Ҳамин тавр, дастикам ду вулусволии ҳаммарз бо Тоҷикистон – Юмгон дар марзи Бадахшон ва Дарқад дар марз бо Фархор – дар дасти ҷангиён боқӣ мемонанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду моҳ пеш гуфт, даргириҳо байни нирӯҳои давлатӣ ва ҷангиён дар 60 дарсади манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон идома доранд ва ин мояи нигаронии афзояндаи Душанбе шудааст.

Йенс Столтенберг дар мусоҳиба бо Озодӣ
Йенс Столтенберг дар мусоҳиба бо Озодӣ

Бар изофаи Толибон, дар ин авохир аз ҷабҳаҳои ҷангии Афғонистон гурӯҳи дигари тундрави “Давлати исломӣ” торафт бештар сар боло мекунад. Ин ҳама ба рӯҳияи нишасти махсуси нақши ояндаи НАТО дар Афғонистон дар Брюссел таъсир мегузорад.

Дар моҳи октябр раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, Амрико ҳузури низомиаш дар Афғонистонро то соли оянда тамдид хоҳад кард.

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг рӯзи 30 ноябр дар муҳосибаи ихтисосие, ки дар арафаи нишасти Брюссел ба Радиои Озодӣ дод, гуфт, ин паймони низомӣ қасд дорад, ҳудуди 12 000 сарбозашро, ки феълан дар Афғонистон дорад, соли оянда низ ҳифз бикунад. Столтенберг дар ин сӯҳбат, ки бо хабарнигори бахши дарии Радиои Озодӣ Мустафо Сарвар дар қароргоҳи НАТО дар Брюссел анҷом дод, ҳамчунин гуфт, бо вуҷуди ҳамлаҳои афзояндаи гурӯҳҳои тундрав дар вилоятҳои шимолии Қундуз, Форёб ва Бадахшон, паймони НАТО дар фикри роҳандозии амалиёти низомии ҷадиде дар Афғонистон нест, балки бо сатҳи кунунии ҳамкориҳо, яъне кумак ба таъмину тамрин ба нирӯҳои амниятии афғон, иктифо хоҳад кард.

Сафири Амрико дар НАТО Дуглас Лют аммо гуфтааст, ки интизор дорад, нишасти вазирони хориҷаи НАТО тасмими ҳамсони қарори Вошингтонро бигиранд ва шумори кунунии нирӯҳояшон дар Афғонистонро дар тӯли соли 2016 низ ҳифз бикунанд.

Дабири кулли НАТО: "Мо дар Афғонистон мемонем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:19 0:00

XS
SM
MD
LG